“Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.
Аз ин рӯ, мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем.”Эмомалӣ РАҲМОН
Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҳкими иқтидори илмию педагогии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот ва ислоҳоти ботадриҷи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла, зинаи таҳсилоти олии касбӣ, бо дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми ноябри соли 2019 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ семинари байналмилалӣ дар мавзӯи “Таҳияи барномаҳои зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос – PhD” баргузор гардид. Ба чорабинии мазкур, профессор Мелита Ковачевич аз Донишгоҳи Загреб (Хорватия) – коршиноси байналмилалӣ дар самти татбиқи раванди болониявӣ, ба вижа дар самти омодасозии кадрҳои илмӣ аз рӯйи барномаҳои доктории PhD ба сифати маърӯзачии асосӣ даъват гардида буд. Дар кори семинар, инчунин Баҳриддин Маҳмадов – муовини сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зарина Нуридинова – ҳамоҳангсози дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон, Мамадамон Абдуллоев, Назарзода Рустам Саидмурод, Санавбар Нурова ва Олга Сайфуллоева – аъзои тими миллии Коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ (КИТО, англ. HERE – Higher Education Reform Experts) ва беш аз 40 нафар намояндагони 26 муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз саросари ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Аз ҷумла, намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи (Cлавянии) Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ “МИСиС”), вилояти Суғд (Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд), вилояти Хатлон (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон (Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев) дар чорабинии мазкур иштирок намуданд.
Ба кори семинар Мамадамон Абдуллоев – муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба донишгоҳи мазкур ҷиҳати иштирок дар семинари байналмилалӣ хайрамақдам гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки агарчи дар робита ба шаклҳои анъанавии тайёр кардани кадрҳои илмӣ (аспирантура ва докторантура) муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар таҷрибаи хуб дошта бошанд ҳам, аммо бо дарназардошти дар марҳалаҳои аввал қарор доштани ҷумҳурӣ барои татбиқи барномаҳои докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ҳоло мушкилот ва нофаҳмиҳои зиёд дар ин самт ҷой доранд. Барои ҳалли онҳо, пеш аз ҳама, моро зарур аст, ки аз таҷрибаҳои андӯхтаи донишгоҳҳои аврупоӣ бештару пештар истифода намоем, зеро онҳо дар самти амалисозии зинаи 3-юми таҳсилот – докторантура (PhD) муваффақ ва хеле пешсафанд. Албатта, дар ин самт набояд аз таҷрибаҳои андӯхтаи донишгоҳу донишкадаҳои ватанӣ фаромӯш сохт, – таъкид намуд Мамадамон Абдуллоев, – зеро дар ҷумҳурӣ ҳастанд донишгоҳу донишкадаҳои фаъоле, ки бо истифода аз имкониятҳои дар доираи грантҳо ва лоиҳаҳои аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ҷудошаванда, аз ҷумла, дар доираи лоиҳаҳои барномаи таълимии аврупоии Erasmus+, дар натиҷаи ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба барномаҳои докторӣ (PhD) дониш ва таҷрибаҳои назаррас андӯхтаанд. Сипас, мавсуф иштирокчиёни семинарро бо барномаи кори семинар шинос намуда, ҳамзамон қайд намуд, ки забони кории семинар озод буда, дар он аз се забон истифода бурдан мумкин аст: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, зеро чорабинӣ бо тарҷумон таъмин гардидааст.
Зимни суханронии худ, Баҳриддин Маҳмадов – намояндаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки имрӯзҳо, бо дарназардошти татбиқи принсипҳои раванди болониявӣ низоми таҳсилоти олии касбии кишвар аллакай пурра аз рӯйи низоми сезинагии таҳсилот (бакалавриат – магистратура – докторантура) ба роҳ монда шудааст. Ӯ зикр намуд, ки дар натиҷаи роҳандозии низоми муосир дар тӯли якчанд соли охир донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дар робита ба 2 зинаи аввали он – бакалавриат ва магистратура таҷрибаи хуб ба даст оварданд, аммо барои самаранок амалӣ сохтани зинаи 3-юми он – докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) омӯзиш ва аз худ намудани таҷрибаҳои назарраси кишварҳои аврупоӣ аз манфиат орӣ нест. Аз ин рӯ, вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагуна ибтикори муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишварро дар ин самт дастгирӣ хоҳад кард, аз ҷумла, ташкил ва баргузории семинари мазкур аз ҷониби дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон ва аъзои тими миллии Коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ қобили таҳсин аст. Дар фарҷоми суханронии худ, мавсуф аз иштирокчиёни семинар даъват ба миён овард, ки аз маърӯзаҳои дар доираи семинар банақшагирифташуда барои худ ҳарчи бештар маълумоти муфидро ба даст оранд, то дар раванди амалисозии зинаи 3-юми таҳсилот – докторантура аз рӯйи ихтисос аз онҳо ба манфиат истифода намоянд.
Сипас, Зарина Нуридинова иштирокчиёни семинарро хайрамақдам намуда, профессор Мелита Ковачевичро ҳамчун коршиноси сатҳи байналмилаӣ оид ба раванди болониявӣ ва барномаҳои докторантура (PhD) дар самти омодасозии кадрҳои илмӣ муаррифӣ намуд. Мавсуф инчунин қайд намуд, ки охири соли ҷориро метавон давраи сермаҳсул номид, зеро дар ин давра аллакай якчанд чорабиниҳо ба мисли семинари имрӯза пайдарпай баргузор гардиданду то охири сол ташкилу баргузории боз чанд чорабинии дигар дар назар аст. Ӯ иштирокчиёнро бо мақсаду вазифаҳои асосии чорабинӣ ва натиҷаҳои аз он интизоршаванда шинос карда, иштирокчиёнро ба фаъолнокӣ даъват намуд. Чун имрӯзҳо муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи татбиқи зинаи 3-юми таҳсилот ҳастанд ва дар радифи он ниёз ба омӯзиши таҷрибаи донишгоҳҳои пешрафта доранд, мавзӯи семинари мазкур аз ҷониби аъзои тими миллии КИТО ҳамчун “Таҳияи барномаҳои зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос – PhD” интихоб гардид, – қайд намуд Зарина Нуридинова. Бино бар ин, маълумоти амалии дар маърӯзаҳо пешниҳодшаванда метавонад дар амалисозии зинаи 3-юми таҳсилот – докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакрасон бошад.
Муаррифии нахустин ба мавзӯи “Сиёсати давлатӣ дар самти амалисозии барномаи PhD: роҳандозии зинаи сеюми таҳсилот” бахшида шуда буд, ки дар доираи он Назарзода Рустам Саидмурод – узви тими миллии КИТО маърӯза намуд. Дар маърӯзаи худ, ӯ дар бораи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла, дастгирии мудоми соҳаҳои мазкур ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок ва таъминкунандаи рушди босуботи кишвар ва ислоҳоти бомароми зинаҳои таҳсилот гуфта гузашт. Гузариши пурра ба низоми сезинагии таҳсилот (бакалавриат – магистратура – докторантура) ва табдилдиҳии шаклҳои анъанавии омода кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ (аспиратура ва докторантура) ба шакли муосири докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ҳанӯз дар Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2019, № 254 тасдиқ шудааст, дарҷ гардида буд. Ҳамчун пайраҳа барои расидан ба марҳалаи кунунӣ, ки дар он раванди амалисозии зинаи 3-юми таҳсилот ҷорист, мавсуф нуқтаҳои зеринро ҳамчун ташкилкунандаҳои ин масир номбар намуд: Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ → Воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот → Татбиқи раванди болониявӣ → Амалисозии таҳсилоти сезинагӣ → Роҳандозии зинаи 3-юми таҳсилот. Тавре маърӯзачӣ қайд намуд: дар аввал, ҳангоми баррасии масъалаи гузариш ба низоми сезинагии таҳсилот дар партави воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот дар миёни намояндагони аҳли илм ва маорифи кишвар баҳсҳои тезутунд, ихтилофи назар, гуногунфаҳмӣ дар масъалаҳои эътироф ва баробарарзишии зинаҳои таҳсилот ва дараҷаю унвонҳои илмӣ зиёд ба назар мерасиданд. Аз ин рӯ, барои ҳарчи зудтар аз байн бурдани масъалаҳои баҳсталаб ва муқаррар кардани тартиби гузариш ба низоми таҳсилоти сезинагӣ зарурат пеш омад, то санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи ин раванд ба зудӣ таҳия гарданд ва (ё) мавриди таҷдиди назар қарор гиранд. Ҳамин тариқ, дар айни ҳол амалисозии зинаи 3-юми таҳсилот дар заминаи як қатор санадҳои зерини меъёрию ҳуқуқӣ сурат гирифта истодааст: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Стандарти давлатии докторантура аз рӯйи ихтисос, Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос ва ғайра. Барои тақвияти суханони худ ва ҷиҳати боз ҳам бештар хабардор кардани иштирокчиёни семинар оид ба муҳтавои санадҳои меёрию ҳуқуқии номбаргардида маърӯзачӣ якчанд иқтибосҳои калидиро аз онҳо ба самъи ҳозирин расонид.
Сипас, дар давоми рӯз профессор Мелита Ковачевич аз рӯйи 3 муаррифӣ маърӯза намуд: муаррифии якум ба мавзӯи “Докторантура аз нуқтаи назари аврупоӣ”, муаррифии дуюм ба мавзӯи “Пажӯҳиш ва роҳбарии докторантон ва роҳбарони илмӣ” ва муаррифии сеюм ба мавзӯи “Меъёрҳо ва стандартҳо барои раванди аккредитатсияи таҳсилот дар докторантура” бахшида шуда буданд. Қобили таъкиди хос аст, ки маърӯзачӣ дар ҳарсе муаррифӣ дар асоси таҷрибаҳои назарраси донишгоҳҳои аврупоӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Загреб, дар самти роҳандозии барномаҳои докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) аз далоил ва арқоми амалию воқеӣ ба таври васеъ истифода намуд, ки боиси хеле шавқовар ва ҷолиб гардидани муаррифиҳо гардид. Бино бар ин, иштирокчиёни семинар низ бо як диққати хосса ба маърӯзаҳои профессор Мелита Ковачевич гӯш дода, ҳамзамон саволҳои зиёди худро ҷиҳати пайдо кардани маълумоти бештар ба ӯ дода, ҷавобҳои пурраю қонеъкунандаро дарёфтанд. Зимни чунин саволу ҷавобҳо маърӯзачӣ борҳо таъкид намуд, ки агарчи ҳадафи асосии семинар омӯзиши таҷрибаи аврупоӣ дар самти роҳандозии таҳсилот дар докторантура (PhD) аст, аммо дар навбати худ, олимону мутахассисони аврупоӣ ниёз ба омӯзиши низомҳои кишварҳои гуногуни дунё доранд. Аз ҷумла, зикр намуд, ки аз маърӯзаи нахустин дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ дар самти амалисозии барномаи PhD: роҳандозии зинаи сеюми таҳсилот” ӯ низ баъзе маълумоти муфид ҷолибро дар бораи ҳолати кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти роҳандозии зинаи 3-юми таҳсилот – докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) барои худ пайдо намуд, ки минбаъд аз онҳо дар фаъолияти худ дар сатҳи байналмилалӣ истифода хоҳад кард.
Инак, баъзе аз нуктаҳои муҳим ва ҷолиби маърӯзаҳои профессор Мелита Ковачевич чунинанд:
Дар тӯли 15 соли гузашта дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сиёсати ягона барои таҳия ва роҳандозии барномаҳои таълим аз рӯйи зинаи докторантура (PhD) қабул карда шуд. Дар ин раванд, ҳангоми таҳия ва баррасии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ натанҳо доираи муайяни масъулон – гурӯҳҳои кории интихобгардида, балки доираи васеъ – шумораи зиёди кормандону пажӯҳишгарон аз муассисаҳои гуногуни таълимию илмии саросари Аврупо ҷалб гардидаанд. Қабул гардидани сиёсати ягона, албатта, маънои ягонагии мутлақро надорад, зеро дар баъзе кишварҳо вобаста ба талабот ва шарту шароити хоси маҳаллӣ гуногуниҳо низ ҷой доранд, ки ин амри табиист. Санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар Аврупо қабулгардида, ки раванди амалисозии зинаи 3-юми таҳсилот – докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD)-ро ба танзим медароранд, ба забони англисии содаю равон дар шабакаи Интернет дастраси озод ҳастанд. Бино бар ин, зимни роҳандозии докторантура аз рӯйи ихтисос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш ва ба назар гирифтани онҳо аз манфиат орӣ нахоҳад буд.
Имрӯзҳо, дар Аврупо барои роҳандозии таҳсилот аз рӯйи зинаи докторантура сохтори умумӣ қабул гардидааст, ки кишварҳои аврупоӣ зимни амалисозии барномаҳои докторантура (PhD) онро ба худ мутобиқ месозанд. Дар ин сохтор диққати асосӣ ба он равона гардидааст, ки докторант бояд ба пажӯҳиш машғул гардад ва қисми асосии давраи докторантии ӯро корҳои пажӯҳишӣ ташкил диҳад. Зеро, маҳз мавҷуд будани қисми пажӯҳишӣ барномаи таълимро дар зинаи докторантура аз барномаҳои таълим дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура фарқкунанда месозад. Барои гузаронидани пажӯҳишҳо бошад, ҳамкориҳоро натанҳо бо донишгоҳҳо, балки бо истеҳсолот низ ба роҳ мондан зарур аст.
Мусаллам аст, ки яке аз роҳҳои асосӣ барои пайдо кардани тарафҳои қавӣ ва заифи ҳар як раванд гузаронидани пурсишномаҳо аст. Дар кишварҳои Аврупо низ як навъ пурсишнома барои муайян кардани дараҷаи қонеъ будани докторантон аз тартибҳои мавҷудбудаи марбут ба таҳсил дар докторантура гузаронида шуд, ки қонеъ будани онҳоро вобаста аз якчанд масъалаҳои зерин дарбар мегирифт: сазовор донистан ба дараҷаи докторӣ, қабул ба докторантура, бақайдгирӣ барои таҳсил дар докторантура, ҷалби докторантон дар идоракунӣ, мониторинги пешравӣ ва роҳбарӣ. Дар натиҷаи пурсишнома маълум гардид, ки аз ҳама масъалаи манфитарин, ё худ масъалае, ки докторантонро нисбатан кам (54 %) қонеъ мекунад, ин роҳбарии онҳо мебошад. Бино бар ин, ҳангоми роҳандозии таҳсилот дар докторантура ба масъалаи робита ва муомила дар байни докторант ва роҳбарӣ илмӣ бояд диққати ҷиддӣ дод, то ки ҳарду ҷониб уҳдадориҳои худро аниқ ва дақиқ дониста, тибқи талабот аз пайи иҷрои онҳо гарданд. Имрӯзҳо, дар Аврупо курсҳои махсуси омӯзишӣ ва такмили ихтисос барои роҳбарони илмӣ ташкил ва гузаронида мешавад, ки мақсади асосии онҳо шинос кардани роҳбарони илмӣ бо талаботи ҷаҳони муосир дар равандҳои ҷаҳонишавии саросарӣ ва байналмилаликунонии таҳсилот барои омодасозии докторантҳо (PhD) мебошад.
Пӯшида нест, ки дар ҷаҳони имрӯза раванди байналмилаликунонии таҳсилот босуръат идома меёбад. Аз ин рӯ, барои омода кардани кадрҳои илмию педагогии дар бозорҳои дохилӣ ва берунии меҳнат рақобатпазир, таъмин намудани эътироф ва баробарарзишии дараҷаи илмии доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) дар сатҳи байналмилалӣ, дар вақти пешниҳод ва интихоб кардани доираи мавзӯъҳои пажӯҳишӣ натанҳо эҳтиёҷоти маҳаллӣ, балки ниёзмандиҳои глобалӣ низ бояд ба назар гирифта шавад. Яъне, агарчи кори докторӣ дар дохили кишвар иҷро мешавад, аммо он чӣ манфиатеро барои кишварҳои дигар – дар сатҳи байналмилалӣ ба бор меорад? Ҳангоми омода кардани мавзӯъҳо тавсия дода мешавад, ки онҳо ҳамкории байнифанниро дар гузаронидани пажӯҳишҳо дар бар гиранд. Дар ин самт, албатта ба назар гирифтани иқтидори зеҳнию кадрӣ ва озмоишгоҳӣ (инфрасохтор)-и муассиса шарт ва зарур аст.
Дар Аврупо низ ба мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати таҳсил дар докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) 3 сол муқаррар гардидааст, ки тиқби таҷрибаҳои андухта он кифоя нест. Дар Аврупо шумораи донишгоҳҳое, ки чунин муҳлат барояшон ҷиҳати омода кардани докторҳо кифоя мебошад, ангуштшумор аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки муҳлати муносиб барои ин раванд 4 – 4,5 сол мебошад. Аксари донишгоҳҳои аврупоӣ нисбати раванди омодасозии кадрҳои илмӣ мавқеи уҳбадароёнаро интихоб менамояд.
Интихоби дурусти докторантон дар марҳалаи аввали таҳсил дар докторантура яке аз масъалаҳои дигари муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ин самт хеле ҷиддӣ ва нозукбин бояд буд: пеш аз ҳама, сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаю маҳорати докторант воқеъбинона арзёбӣ карда шуда, фаъолнокии ӯ ба назар гирифта шавад, ки оё барои иҷрои кори докторӣ аз рӯйи самт ва мавзӯи пешниҳод ва интихобгардида ӯ мувофиқ ва омода аст? Зеро, дар сурати омода набудани ӯ, дар ниҳояти кор натиҷаи чашмдошт ба даст намеояд, ки ин албатта боиси сарфи беҳудаи вақт ва хароҷоти гуногун мегардад. Дар сурати қабул гардидани докторант бошад, нисбати ӯ бояд муносибати инфиродӣ ҷой дошта бошад, зеро на ҳамаи докторантон соҳиби дараҷаи донишу малакаи ҳамсонанд – ҳар яки онҳо тарафҳои заиф ва қавии ба худ хосро доранд.
Ҷиҳати ба таври самаранок ташкил кардани таҳсили докторант, таъмин намудани сифати пажӯҳиш ва саривақт омода кардани рисолаи докторӣ зарур аст, ки дар аввал масири таҳсили докторант дуруст ба нақша гирифта шавад. Аз ҷумла, кори банақшагирифташуда ба қисмҳои алоҳида (назариявию пажӯҳишӣ) ҷудо карда шавад, ҳар як марҳалаи алоҳида ба таври мушаххас нишон дода шавад, фосилаҳои вақт барои натиҷаҳои марҳалавӣ муайян карда шавад. Дар ин радиф банақша гирифтани мониторинги рафти иҷрои кори докторӣ набояд аз мадди назар берун монад. Зеро, маҳз тавассути мониторинг метавон пайдо шудани мушкилоти ғайричашмдоштро маълум карда, ҷиҳати ҳалли фаврии онҳо чораҳои зарурӣ андешид.
Дар раванди иҷрои кори докторӣ барпо кардани ҳамкориҳо дар байни докторантон ва профессорони дигар, аз ҷумла, намояндагони муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар мақоми хосро соҳиб аст. Яъне, пеш аз ҳама, дар назар бояд дошт, ки докторант набояд дар муҳити ҷудогона (изолятсияшуда) ба кори докторӣ машғул шавад, ки аз рафти он танҳо худи ӯ ва роҳбари илмияш медонанду халос! Вобаста ба ин, ба таври мудом ташкил кардани мизҳои мудаввар ва семинарҳои илмӣ барои баҳсу мунозираи натиҷаҳои даврии аз пажӯҳишҳо бадастомада тавсия дода мешавад, зеро бо ин роҳ метавон ба салоҳиятҳои пажӯҳишӣ, фикрронии танқидӣ (критикӣ), эҷодкориҳои докторант тақвият бахшид. Барпо кардани ҳамкориҳои илмии докторант чи дар дохили кишвар ва чи берун аз он – барқарор кардани алоқаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию таълимӣ, олимону профессорон, истеҳсолот ва ғайра яке аз уҳдадориҳои ба зиммаи роҳбари илмӣ гузошташуда мебошад. Бешубҳа, дар ин самт натиҷаҳои хуби бадастмеомада аз дараҷаи фаъолии роҳбари илмӣ вобаста аст.
Дар низоми анъанавии барои омода кардани кадрҳои илмӣ, одатан, як роҳбари илмӣ таъмин мегардид. Имрӯзҳо бошад, дар низоми муосир (байналмилалӣ)-и омода кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ду роҳбари илмӣ таъмин карда мешавад, ки ақидаи назар ва тақризу арзёбии ҳардуи онҳо нисбат ба кори илмии докторант баробарарзиш ҳисобида мешавад. Ҳамзамон, таъкид бояд кард, ки дар баъзе кишварҳои аврупоӣ (масалан, дар Британияи Кабир) аллакай ба таъин кардани тим (гурӯҳ)-и роҳбарони илмӣ пардохтаанд, ки мақсади асосии он барпо кардани ҳамкориҳои докторант бо доираи васеи профессорон, баррасӣ ва мубоҳисаи натиҷаҳои кори докторӣ бо онҳо, гирифтани маслиҳат ва машварат аз онҳо барои рафъи камбудӣ ва мушкилоти ҷойдошта мебошад. Дар робита ба шумораи докторантони ҳар як роҳбари илмӣ бошад, таъкид гардид, ки агарчи ягон талаботи вижа дар ин масъала вуҷуд надорад, аммо ақидаи “роҳбарии беш аз 5 докторант дар як вақт ниҳоят зиёд аст!” ҷой дорад. Одатан, масъала дар ҳар донишгоҳи аврупоӣ ба таври гуногун баррасӣ гардида, нисбати он талаботи зарурӣ муқаррар карда мешавад.
Масъалаи омода ва нашр кардани мақолаҳо дар доираи мавзӯи докторӣ яке аз масъалаҳои мубрам ва хеле баҳсшаванда ба ҳисоб меравад. Дар ин самт, дар Аврупо ягон қоида ва ё тартиби ягона мавҷуд нест. Ҳастанд донишгоҳҳое, ки онҳо нашри ягон мақоларо талаб намекунанду омода кардани рисолаи доктории босифатро қатъӣ талаб мекунанд. Дар онҳо агарчи талабот барои нашри мақолаҳо набошад ҳам, аммо докторантон бо мақсади паҳн кардани натиҷаҳои пажӯҳиши худ ва таъсис додани шабакаи ҳамкориҳои илмӣ мақолаҳои илмияшонро омода ва нашр мекунанд. Донишгоҳҳои дигар ҳадди ақал нашри 2 мақолаи илмиро дар доираи мавзӯи пажӯҳишӣ талаб мекунанд, ё ҳастанд донишгоҳҳое, ки нашри 4 – 5 мақолаи илмиро аз докторантон талаб мекунанд. Масалан, дар Ҷумҳурии Лаҳистон нашри 4 мақола талаб карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки талаб кардани нашри шумораи зиёди мақолаҳои илмӣ, масалан беш аз 2 мақола, албатта дар омода кардани рисолаи доктории босифат метавонад таъсири манфӣ расонад. Барои баъзе соҳаҳо, хосатан соҳаҳои марбут ба фанҳои дақиқ, барои омода кардани 1 мақолаи илмӣ шояд ду-се моҳ кифоя бошад, аммо барои соҳаҳои дигар, ба вижа соҳаҳои марбут ба фанҳои ҷамъиятшиносию гуманитарӣ ҷиҳати ба даст овардани додаҳои таҷрибавӣ барои омода кардани 1 мақолаи илмӣ баъзан то якуним сол ва аз он беш вақт талаб карда мешавад. Ҳамзамон, дараҷаи талабот ва нуфузи маҷаллаҳои илмӣ (нашрияҳо) низ бояд ба эътибор гирифта шавад: дар маҷаллаҳои илмии сернуфуз бино бар ҷой доштани талаботи қатъӣ нашр кардани мақолаҳо нисбатан душвор асту вақти зиёдро талаб мекунанд, дар маҷаллаҳои илмии камнуфуз бошад, нашри мақолаҳо нисбатан осонтар аст. Аз ин лиҳоз, тавсия дода мешавад, ки нашри мақолаҳо ба ихтиёри худи докторант ва роҳбари илмии ӯ гузошта шавад: вобаста ба натиҷаҳои фосилавии бадастмеомадаи пажӯҳиш, сифати кор, иқтидори зеҳнӣ ва дарки масъулият мақолаҳои илмиро омода ва нашр кунанд. Яъне, дар умум, дар робита ба масъалаи нашри мақолаҳо ҳамчун ҷиҳати асосӣ бояд сифат ба назар гирифта шавад, на шумора!
Барои омода кардани кадрҳои илмию педагогии баландихтисос, инчунин ба сарбории докторантҳо дар доираи барномаҳои таълим диққати хоса дод. Тибқи раванди болониявӣ, барои барномаи таълим аз рӯйи зинаи докторантура 180 кредит барои 3 сол (60-кредитӣ барои ҳар сол) пешбинӣ шудааст. Таъкид кардан бамаврид аст, ки ҷудо гардидани ин миқдори кредитҳо маънои онро надорад, ки докторант ҳамаи онҳо ё аксари онҳоро бояд аз омӯзиши фанҳои таълимӣ (ҳамчун қисми назариявӣ) ба даст орад. Баръакс, қисми асосии ин миқдор кредитҳоро бояд амалия ва пажӯҳиш таркиб диҳад. Мутаассифона, имрӯзҳо дар аксар донишгоҳҳо сарбории дарсхонии докторантон хеле зиёд аст, ки ин бечунучаро ба самаранокии корҳои пажӯҳишии докторант ва сифати рисолаи доктории ӯ таъсири манфии худро хоҳад расонд. Аз ин лиҳоз, тавсия дода мешавад, ки қисми дарсхонии докторантон дар барномаи таълими докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) бояд на бештар аз 20 %-и шумораи умумии кредитҳоро ташкил диҳад.
Ҳангоми омодасозии рисолаи докторӣ, имрӯзҳо дар Аврупо қолаби нисбатан нав, ки аз он ҳамчун қолаби скандинавиягӣ ном мебаранд, мавриди истифодаи васеъ қарор дорад. Дар қолаби анъанавӣ (классикӣ), одатан диссертатсия дар шакли монография (бо сохтори иборат аз муқаддима, бобҳо ва хулосаю пешниҳодҳо) омода ва нашр мегардад. Тибқи қолаби классикӣ, одатан докторант дар доираи мавзӯи рисолаи илмии худ аввал мақолаҳои илмиро нашр мекарду сипас аз пайи омода кардани рисолаи илмӣ мешуд. Тибқи қолаби скандинавиягӣ бошад, докторант аз рӯйи натиҷаҳои пажӯҳиши худ мақолаҳои илмиро нашр мекунад (одатан, 3 – 4 мақола) ва дар охир мақолаҳои нашгардидаро якҷоя карда (айнан дар шакли чопшуда), танҳо ба он муқаддима ва хулосаю пешниҳодҳои худро илова мекунанд. Ҳамин тариқ, омода кардани мақолаҳои илмӣ пайдарпайии иҷрои корҳои илмиро дар умум таъмин мекунад. Бояд қайд кард, ки ҳангоми истифода аз ин қолаб, талабот нисбат ба мақолаҳои илмӣ баланд аст: онҳо бояд дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ нашр карда шаванд, то ки дар доираи васеи илмӣ докторантро ҳамчун олим шиносанд. Дифои рисолаи докторӣ ба таври оммавӣ сурат мегирад, ки дар он ҳамаи хоҳишмандон метавонанд озодона иштирок кунанд ва ба натиҷаҳои пажӯҳиши гузаронидашуда дастрасӣ ёбанд.
Бо дарназардошти воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот дар партави раванди босуръати ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳои муҳимро аккредитатсияи барномаҳои таълим ташкил медиҳад. Барои бомуваффақият гузаштан аз аккредитатсияи байналмилаӣ зарур аст, ки ҳар як ҷузъи асосии он ба таври шаффоф, воқеъбинона ва пурраю аниқ навишта шавад. Аз ҷумла, дар робита ба барномаҳои таълими зинаи 3-юми таҳсилот – докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) 6 ҷузъи зерин бояд ба назар гирифта шавад: интихоб ва қабули докторантон (меъёрҳо, равандҳо, мақомот), роҳбарии рисолаи докторӣ ва роҳбарони илмӣ (меъёрҳо, нерӯи кадрӣ, масъулият, нақшҳо), нерӯи пажӯҳишӣ (нерӯи инсонӣ – зеҳнӣ, имкониятҳо, инфрасохтор), мониторинг (дастгирии маъмурӣ, равандҳо), арзёбӣ (шаффофият, нақшҳо), натиҷаҳои пажӯҳишҳои докторӣ (мақолаҳо, рисолаҳои илмӣ, мақомот). Таъкид гардид, ки сохтори пешниҳодгардида ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак хоҳад расонид. Дар сурати аз рӯйи худбаҳодиҳии воқеъбинона ва тибқи сохтори пешниҳодгардида омода кардани маълумоти зарурӣ, донишгоҳу донишкадаҳои кишвар матевонанд муваффақ гарданд.
Ҳамчун хулоса, профессор Мелита Ковачевич таъкид намуд, ки “натиҷаи хуби таҳсилот дар докторантура натанҳо аз омода кардани рисолаи хуби докторӣ иборат аст, балки аз тайёр кардани доктори нави хуб иборат аст”.
Бо дарназардошти иштироки фаъолона дар кори семинари байналмилалӣ дар мавзӯи “Таҳияи барномаҳои зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос – PhD”, дар охир, иштирокчиёни он бо сертификатҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Лозим ба тазаккур аст, ки чорабинии мазкур дар сатҳи хеле баланд ташкил ва гузаронида шуд. Барои иштирокчиёни он имконият ва шароити хеле мусоид фароҳам оварда шуда буд, ки онҳо тавонистанд аз маърӯзаҳои пешниҳодгардида бо таҷрибаи донишгоҳҳои аврупоӣ, хосатан Донишгоҳи Загреб (Хорватия), дар самти роҳандозии зинаи 3-юми таҳсилот тибқи раванди болониявӣ – докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) бахубӣ шинос шаванд ва барои худ маълумоти муфидро дар ин самт ба даст биёранд. Итминони комил дорем, ки иштирокчиёни семинар – намояндагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар донишҳои аз семинар андухтаашонро дар фаъолияти минбаъдаи меҳнатии худ ҷиҳати ба таври самаранок ба роҳ мондани барномаҳои таълими докторантура аз рӯйи ихтисос дар муассисаҳояшон мавриди истифодаи амалӣ ва манфиатовар қарор хоҳанд дод.
Дар навбати худ, иштирокчиёни семинар пешниҳод ироа намуданд, ки чорабиниҳои ҳамсон дар доираи мавзӯъҳои дигари марбут ба равандҳои болониявӣ ва байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ, арзёбиҳои педагогӣ, сифати таҳсилот ва монанди инҳо бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ зуд-зуд ташкил ва баргузор карда шаванд, то дар ислоҳоти соҳаи маорифи кишвар манфиати бештар ба даст ояд.
Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон ва аъзои тими миллии Коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ ба раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ҷиҳати дастгириҳои пайваста дар самти фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ташкил ва баргузор кардани чунин чорабиниҳо изҳори сипос намуда, ҳамзамон умед ба ҳамкориҳои минбаъда мебандад.
Назарзода Рустам Саидмурод,
узви тими милии КИТО (HERE) дар назди
дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон