Яке аз сарватҳои табиӣ об мебошад. Имрӯз дар ҷаҳон мушкилоти норасоии об хело зиёд ба назар мерасад. Як қатор кишварҳои ҷаҳон, ба монанди якчанд давлатҳои Африқо имрӯз аз оби ошомидании сифати нӯшокидошта маҳруманд ва аз обҳои ифлос истифода мебаранд. Агар як мушкилоти ҷаҳон экология бошад, мушкилоти дигар обшавии босуръати пиряхҳои ҷаҳон мебошад.

Яке аз сарватҳои табиӣ об мебошад. Имрӯз дар ҷаҳон мушкилоти норасоии об хело зиёд ба назар мерасад. Як қатор кишварҳои ҷаҳон, ба монанди якчанд давлатҳои Африқо имрӯз аз оби ошомидании сифати нӯшокидошта маҳруманд ва аз обҳои ифлос истифода мебаранд. Агар як мушкилоти ҷаҳон экология бошад, мушкилоти дигар обшавии босуръати пиряхҳои ҷаҳон мебошад.

Тоҷикистон ҳамчун як давлати пешсаф чандин бор дар масъалаҳои об ба СММ пешниҳодоти судманд кардааст, ки ин ҳама пешниҳодот аз ҷониби дигар давлатҳо дастгирӣ ва қабул шудааст. Ин масъалаҳо 10-солаи «Об манбаи ҳаёт» (солҳои 2005-2015) ва 10-солаи амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ва ғайраҳоанд, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст. Дар суханронии худ Пешвои муаззами миллат чунин изҳор доштанд: «Дар айни замон далелҳои зайли ба шумо маълум гувоҳӣ медиҳанд, ки сафарбарсозии талошҳои умум ҳанӯз самараи дилхоҳ надодааст:

-дар дунё зиёда аз 800 миллион нафар ба оби нӯшокии бехатар ва зиёда аз 2,5 миллиард нафар ба хизматрасонии оддитарини соҳаи беҳдошт (санитария) дастрасӣ надоранд;

-ҳар сол то 300 ҳазор нафар кӯдак дар синни то 5-солагӣ ба иллати набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ба ҳалокат мерасанд».

Имрӯз дар олам зиёда аз 2 миллиард нафар аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Тибқи пешгӯйии коршиносон соли 2050 ин нишондиҳанда метавонад то 5 миллиард нафар расад, яъне тақрибан ба нисфи аҳолии сайёра баробар мешавад. Зимнан тамоюли афзоиши аҳолӣ ва ниёзмандӣ ба захираҳои об дар назди мо вазифаҳои нави маҷмӯиро мегузорад, яъне бояд олимони соҳа роҳҳои ҳалли ин мушкилотро пайдо ва ҳал намоянд, то ки тамоми аҳолии сайёра ба оби нӯшокии сифати баланддошта дастрасӣ дошта бошанд.

Барои таъмини пурраи аҳолии сайёра бо оби тозаи нӯшокии ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бояд мутахассисони соҳа тамоми кӯшиши худро равона созанд, то ки тамоми аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин бошанд. Дар ин вақт дуруст истифода бурдани об ба миён меояд, яъне обро сарфакорона бояд истифода бурд ва нисбат ба ин масъала бетараф набояд буд, чунки об низ як неъмат аст. Об низ тамомшавӣ дорад. Гармшавии сайёраи Замин сабаби обшавии пиряхҳои калонтарин ва қадимтарин гаштааст. Сабаби асосии ин гармшавӣ тунукшавии қабати озонии атмосфера (О3) мебошад, ки аз таъсири инсоният ин қабат рӯз то рӯз боз ҳам тунук шуда истодааст ва баъзан ҷойҳои пардаи озонӣ нури Офтобро мегузаронад. Таъсири корхонаю заводҳои истеҳсолӣ ба ин қабат хело зиёд мебошад. Инсон бо дасти худ сайёраи Замин, яъне макони зисти худро нест месозад. Ба мақоли халқ, ки мегӯянд: «Инсон дар болои шохи дарахт нишаста онро арра мекунад».

Мебояд роҳи ҳалли ин масъаларо пайдо намуд, вагарна барои тамоми ҷаҳон оқибати баде ба бор меоварад. Мо ҳамчун мутахассисони баркамол дар оянда барои пайдо сохтани роҳҳои ҳалли ин мушкилоти ҷаҳон саҳми худро хоҳем гузошт. Агар роҳи ҳалли ин мушкилӣ пайдо нашавад, мумкин аст, ки мушкилоти навбатии ҷаҳони муосир масъалаҳои об бошад.

“Ин рӯшан аст, ки дар оядаи наздик на танҳо аз барои манбаъҳои нафту газ, балки барои об низ кашмакашҳо шуълавар хоҳанд гашт” мегӯяд Файзуллоҳ Ҷалол.

Дар қатори гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Файзуллоҳ Ҷалол – сиёсатшиноси афғон манбаъҳои табииро манбаи қудрат номидааст. Дар китобаш ӯ «Қудрати сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Афғонистон» чунин гуфтааст: «Рӯшан аст, ки дар оянда бо таваҷҷуҳ ба маҳдудиятҳои табиӣ ва афзоиши рӯзафзуни нуфус бахше аз ҷуғрофиёи ҷаҳон ба низоъ ва ҷанг кашонида шуда, на танҳо ба сари манбаъҳои нафту газ кашмакаш шуълавар аст, балки дар ояндаҳои наздик масъалаи «об», «рӯдхонаҳо», «дарёҳо» ва минтақаҳои қобили зист, эҷоди роҳҳои транзитӣ аз ҷадидтарин мавзуъҳои ихтилофбарангез дар миёни кишварҳо буда, аз ҷумлаи манбаъҳои қудрат маҳсуб мегардад».

Авезов Эҳсонҷон, Авазов Диловар – донишҷӯёни к. 4, факултети Сохтмон ва меъморӣ

Leave a Comment