Кӯли Сарез, ки онро аз рӯйи зебоӣ “Маликаи хуфта” ҳам ном мебаранд, дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон дар баландии 3263 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дарозиаш 55,8 км, бараш 3,3 км, ҳаҷми обаш қариб 17000 километри мукааб, чуқурии миёнааш 185 метр, чуқурии ниҳоияш 505 метр мебошад. Ин кӯл 18-уми феврали соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи шадид ва фаромадани кӯҳпора баста шудани пеши роҳи дарёи Мурғоб пайдо шудааст. Баъди камтар аз 1 сол оби ҷамъшуда деҳаи Сарезро пахш карда, кӯли Сарез ном гирифт.
Кӯли Сарез, ки онро аз рӯйи зебоӣ “Маликаи хуфта” ҳам ном мебаранд, дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон дар баландии 3263 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дарозиаш 55,8 км, бараш 3,3 км, ҳаҷми обаш қариб 17000 километри мукааб, чуқурии миёнааш 185 метр, чуқурии ниҳоияш 505 метр мебошад. Ин кӯл 18-уми феврали соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи шадид ва фаромадани кӯҳпора баста шудани пеши роҳи дарёи Мурғоб пайдо шудааст. Баъди камтар аз 1 сол оби ҷамъшуда деҳаи Сарезро пахш карда, кӯли Сарез ном гирифт.
Бори аввал полковник Григорий Шпилко номи ик кӯлро Сарез гуфта зикр кардааст. Ба гуфтаи аксари олимони ҷуғрофияшинос ва иқлимшиноси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва муштаракулманофеъ кӯли Сарез ба вазъи ҷуғрофӣ ва иқлими на танҳо кӯҳистони Помири Тоҷикистон, балки ба тамоми Осиёи Марказӣ таъсири бунёдӣ гузошт.
Кӯли Сарез бо назардошти хатари эҳтимолии кандашавиаш дар гуфтаҳо ва навиштаҳои олимони зиёде аксаран бо номи “Аждаҳои хуфта” ёд мешавад. Зеро олимон ва муҳаққиқон мегӯянд, ки дар сурати кандашавии кӯли Сарез, ки дар минтақаи зилзила воқеъ гардидааст, дар давоми 12 соат як қисми хоки Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон зери об мемонад ва эҳтимолан ҳудуди 5 миллион нафар сокинони ин кшварҳо нобуд шавад.
Хатари эҳтимолии кандашавии кӯли Сарезро олимон ба се омил марбут медонанд: вуқӯи заминларза, афзоиши сатҳи об ва кандашавии кӯҳ (ярч). Дар ҳудуди кӯл замин то 9 балл меҷунбад.
Ин кӯл сеюмин кӯли калонтарин дар Тоҷикистон аст. Аз ҷиҳати масоҳат дар байни кӯҳҳо дар натиҷаи дар маҷрои дарёи Мурғоб афтидани сангу маводи кӯҳӣ кӯли Сарез пайдо шудааст. Кӯҳҳое, ки кӯли Сарезро иҳота кардаанд, аз сатҳи рӯйи кӯл боз то 2415 метр баландтаранд.
Оби кӯли Сарез иборат аз оби ошомиданӣ буда, ниҳоят тоза аст ва тақрибан то 50 метр чуқурии обаш бениҳоят тозаву мусаффо ва ширин мебошад. Дар чуқуробҳояш бошад, обаш каме намакин буда, дар кӯл моҳиҳо ва дигар ҷонваронӣ обӣ зиндагӣ мекунанд. Аз ҷумлаи онҳо маринка, форел ва ғайраҳо мебошанд.
Истифодаи оби кӯли Сарез дар маҳалҳои аҳолинишин барои системаи таъмини об ягон мушкилии ҷиддӣ мавҷуд нест. Агар оби кӯли Сарез барои системаи обтаъминкунӣ истифода шавад, мумкин аст ин об дар як схемаи технологии оддӣ тоза шуда, ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавогӯ шавад. Барои коркарди оби ин кӯл технологияҳои на он қадар қимат ва пуриқтидор лозим аст, зеро об худ тоза, шафоф, мусаффо ва ширин мебошад.
Агар дар оянда давлати мо оби кӯли Сарезро ба фурӯш барорад, харидорон ба монанди Эрон, Арабистони Саудӣ ва ғайраҳо кам нестанд.
Дар минтақаи кӯли Сарез барои инкишофи сайёҳӣ бисёр шароитҳоро мебояд фароҳам овард. Гарчанде ки дар ин минтақа шароитҳо барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фароҳам оварда шуда бошад ҳам, мебояд хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад. Имсолҳо аз кӯли Сарез бисёр сайёҳон дидан менамоянд ва ба бисёре аз онҳо минтақаи ҷойгиршавӣ ва боду ҳавои форами ин минтақа писад меояд.
Аз ҷиҳати ҷойгиршавиаш бошад, диққати бисёр шахсони дидаро ба ҳайрат овардааст. Чунки ин кӯл сарбаста нест, балки кӯли равон аст. Агар аз як тарафи кӯл об ворид шавад, аз тарафи дигар ба мисли чашмаҳо об аз кӯл баромада, ба тарафи маҳалли аҳолинишин ҳаракат мекунад, ки аз ин об аҳолӣ истифода мебаранд.
Авезов Эҳсонҷон, Холиқов Ҷаҳонгир – донишҷӯёни к. 4, факултети Сохтмон ва меъморӣ