Бо ташаббуси Ҷамъияти саратоншиносии Амрико аз соли 1997 инҷониб ҳамасола панҷшанбеи сеюми моҳи ноябр дар тамоми кишварҳо Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку баргузор мегардад. Аз рӯйи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тамокукашӣ сабаби сар задани 25 намуди беморӣ (шуш, дилу рагҳо, саратон, рехтани мӯй…) мешавад. Дар натиҷаи тамокукашӣ ҳамасола 6 миллион нафар дар ҷаҳон мефавтанд. Аз ин 600 ҳазор нафарашон шахсоне ҳастанд, ки тамоку намекашанд, вале аз дуди тамоку заҳролуд мешаванд.

Бо ташаббуси Ҷамъияти саратоншиносии Амрико аз соли 1997 инҷониб ҳамасола панҷшанбеи сеюми моҳи ноябр дар тамоми кишварҳо Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку баргузор мегардад. Аз рӯйи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тамокукашӣ сабаби сар задани 25 намуди беморӣ (шуш, дилу рагҳо, саратон, рехтани мӯй…) мешавад. Дар натиҷаи тамокукашӣ ҳамасола 6 миллион нафар дар ҷаҳон мефавтанд. Аз ин 600 ҳазор нафарашон шахсоне ҳастанд, ки тамоку намекашанд, вале аз дуди тамоку заҳролуд мешаванд.

Олимони Бритониё дар натиҷаи таҷрибаи бисёрсола исбот карданд, ки саратони шуш ва инфракти миокард (мушаки дил) ба тамокукашӣ вобастагии зиёд доранд. Агар чораҳои пешгирикунанда дида нашавад, соли 2030 теъдоди беморони аз таъсири тамоку мефавтида ба 8 миллион нафар хоҳад расид.

Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку ҳар сол зери шиори муайян баргузор мегардад. Масалан, соли 2004 шиори ин рӯз “Тамоку ва камбизоатӣ”, соли 2008 “Ҷавонон бидуни тамоку”, соли 2009 “Огоҳӣ дар бораи зарари тамоку барои саломатӣ”, соли 2012 “Муқовимат ба саноати тамокубарорӣ” ва соли 2013 “Мамониат ба тарғиб, фурӯш ва сарпарастии ширкатҳои тамокубарорӣ” ном дошт.

Муҳаққиқон Эквадор ва Перуро ватани тамоку мешуморанд. Аммо мардуми таҳҷойии ин кишварҳо дар замонҳои қадим тамокуро танҳо дар расму оинҳои махсус истифода мебурданд. Муаррих, адиб ва олими шинохтаи фаронсавӣ Жан Нико, ки сафири Фаронса дар Португалия буд, нахустин шуда тамокуро дар Аврупо паҳн кард. Бинобар ин дар Аврупо гумон мекунанд, ки ватани тамоку Фаронса аст. Калимаи “никотин” низ аз номи Нико гирифта шудааст. Барои донистани зарарнокии тамоку дар Аврупо қариб 500 сол лозим шуд. Соли 1971 тадқиқоти клиникӣ нишон дод, ки тамокуи барои бӯй кашидан истифодашаванда сабабгори пайдоиши саратони роҳи бинӣ мешудааст. Соли 1858 исбот шуд, ки дуди тамоку боиси ангезиши саратони лабҳо ва кому даҳон мегардад.

Нахустин фармон дар бораи манъи тамокукашӣ соли 1858 дар Ҷопон содир шуд. Соли 1950 дар Амрико тадқиқоти миқёсан васеъ оид ба таъсири тамоку оғоз гардид, ки дар он 40000 табиб аз бисёр кишварҳо ширкат варзиданд. Дар натиҷа ҳукумати ИМА низ қонун дар бораи манъи тамокукаширо содир кард.

Дар як қуттӣ сигор меъёри қаттоли заҳри никотин мавҷуд аст. Як дона сигор 0,5-3 мг никотин дорад. Сигоркашонро он чиз наҷот медиҳад, ки яку якбора ин миқдор сигорро намекашанд, балки дар тӯли рӯз кам-кам заҳри онро фурӯ мебаранд. Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки наврасон аз 3 дона сигори пайиҳам кашидашуда фавтидаанд.

Дар кишвари мо аз 1-уми январи соли 2011 Қонуни ҶТ “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” мавриди амал қарор гирифт. Мувофиқи талаботи қонупи мазкур фурӯши сигор, папирос, нос ва дигар маҳсулоти тамоку дар назди муассисаҳои томактабӣ ва тандурустӣ манъ шудааст. Бояд муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ дар дохили бинои маъмурии худ ҳуҷра ё ҷойи махсуси сигоркашӣ дошта бошанд.

Таҳияи Шаҳзод Одинаев

Leave a Comment