Муносибати иҷтимоӣ тақозо менамояд, ки дар раванди таълиму тарбия дар макотиби олӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои шахсони имконияташон маҳдуд чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Рӯзҳои 21 – 22 ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи озоди Брюссел (Vrije Universiteit Brussel) семинар (HERE Study Visit· Inclusive mobility: from good intentions to measurable outcomes) баргузор гардид, ки дар он таҷрибаи донишгоҳҳои Фландрия ва Флемланд дар самти фарогирии донишҷӯёни дорои имконияти маҳдуд ба сайёрияти академӣ ва байналмилаликунонии таҳсилот муҳокима гардид. Дар баробари ин, сиёсати донишгоҳҳои мухталиф аз Аврупо, Африқо ва Осиё дар ин самт низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муносибати иҷтимоӣ тақозо менамояд, ки дар раванди таълиму тарбия дар макотиби олӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои шахсони имконияташон маҳдуд чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Рӯзҳои 21 – 22 ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи озоди Брюссел (Vrije Universiteit Brussel) семинар (HERE Study Visit· Inclusive mobility: from good intentions to measurable outcomes) баргузор гардид, ки дар он таҷрибаи донишгоҳҳои Фландрия ва Флемланд дар самти фарогирии донишҷӯёни дорои имконияти маҳдуд ба сайёрияти академӣ ва байналмилаликунонии таҳсилот муҳокима гардид. Дар баробари ин, сиёсати донишгоҳҳои мухталиф аз Аврупо, Африқо ва Осиё дар ин самт низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо дарназардошти он, ки масъалаи зикршуда барои бисёр донишгоҳҳо мавзӯи нисбатан нав аст, мақсади чорабинӣ аз он иборат аст, ки дар ин самт сиёсату ташаббусҳои институтсионалӣ ва миллӣ таҳия ва татбиқ карда шаванд.