Истиқлолият дар баробари дигар музаффариятҳояш ба миллати мо дастовардҳоеро рӯйи кор овард, ки хурду калони мо то истиқлолият орзуи онҳоро дар дил мепарвариданд. Мо устодонро ҳам дар баробари дигар ашхоси ҷомеа ҳар пешравию комёбии кишварамон хурсанд мекунад ва агар вобаста ба мактабу маориф дастовардҳо ба даст биёянд, дучанд хурсанд мешавем. Аз калонсолоне, ки даврони шӯравӣ ҳаёт ба сар бурдаанд, бисёр шунидаем, ки мегӯянд: бештари китобхонаву дабистонҳои замони шӯравии кишвари мо, хусусан дар деҳот дар кадом ҳолати тоқатфарсо қарор доштанд. Асбобу анҷоми ҳозиразамони китобмонӣ як сӯ истад, дар бисёр китобхонаҳо мизу курсии “сиҳат” камтар ба назар мерасид, ки ин албатта ба хониши хонандагон таъсири манфӣ мерасонд. Метавон аз норасоиҳои соҳаи фарҳангу маориф ва хусусан китобхонаҳои то истиқлолият зиёд ҳарф зад, вале насли имрӯзаи мо албатта шояд гумон бикунад, ки “то имрӯз ҳамин хел дастовардҳо мавҷуд буд”…

Мо хушбахтем, ки имрӯз дар толорҳои равшан ва барҳавои мактабу китобхонаҳо, коллеҷу дошишгоҳҳо, ки мизу курсии наву замонавӣ доранд, сари китобхонӣ ва машғулиятҳо менишинем. Аз технологияи иттилоотии имрӯза бархӯрдор ҳастем. Албатта дастовардҳои замони истиқлолият хеле зиёданд.

Дар баробари дигар аъзоёни ҷомеа мо устодон низ имрӯз аз дирӯз бояд масъулияти бештар эҳсос бикунем, зеро замони имрӯза аз 25-30 соли қаблӣ бо суръати кайҳонӣ пеш рафтани техника ва илм фарқ мекунад ва насли ояндасози мо ҳам набояд аз замона ақиб монад.

Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, ки мардуми мо аз ин хеле шод гаштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки соли 2018 эълон шудааст, доирашакл буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Дар гирдогирди рамз бо забонҳои тоҷикию англисӣ матни «2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» оро ёфтааст, ки ифодакунандаи моҳияти рамз буда, истифодаи матн бо забони англисӣ барои тарғиби ташаббуси мазкур байни сайёҳон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Дар миёни рамз кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалаки Тоҷикистон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои кӯҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мегарданд, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст.

Рамз ҳамчунин обҳои софи кишварро дар худ инъикос карда, расми сайёҳ ва нусхаи офтоба, ки ҳамчун нишони ҳунарҳои мардумӣ мебошад, бозгӯи рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар Паёмашон Президенти мамлакат қайд намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар кишвар эълон шудани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле бамаврид аст. Зеро табиат ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи мусоид фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгӯйи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.

Амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ метавонад мақоми кишварро дар арсаи байналхалқӣ боло барад ва сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро беҳтару хубтар гардонад.

Мо устодон ҳам дар баробари омӯзиши пайваста ва азбар намудани илму технологияи муосир бояд масъулиятро дар заминаи самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи мактабу маориф ба роҳ монем ва шоистаи гузаштагони барӯманди миллати хеш бошем.

Соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба муқаддасоти миллӣ, таъриху маданият ва арзишҳои миллат муносибати навро тақозо мекунад. Тарбияву саводноккунонии ҳар шаҳрванди шоистаи Ватан мақсади асосии соҳаи маориф буда, тавассути ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми муқаддасот ва омӯзиши таърихи қадимаи халқ, истифодаи самараноки комёбиҳои илми муосир ба даст меояд. Мо устодон низ чун дигар аъзоёни ҷамъияти кишвари хеш пайравони Пешвои миллат ҳастем ва дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар канор намонда, ҳамроҳи дигар кормандони соҳоти гуногун бояд ҳиссаи арзандаи хешро гузорем.

Шарипов Амонулло – ассистенти кафедраи забонҳо.