Дар асоси ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 10/4-1995 аз 21.11.2019 ва фармоиши ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ  аз тарафи донишгоҳ ба шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии  Узбекистон гуруҳи корӣ аз 4 нафар  дар ҳайати муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ, н.и.т., дотсент Абдуллоев М.А.- роҳбари гурӯҳ, и.в. мудири кафедраи “Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ” Юнусов М.Ю., муаллими калони кафедраи «Нақшакашии муҳандисӣ”, Қурбонов Б.М., мудири Шуъбаи коркард ва татбиқи таъминоти барномавӣ Шарипов Н.Ш. ҷиҳати иштирок дар курсҳои омӯзишии “Такмили маълумоти олӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути технологияҳои нав (HiEdTec)” (MODERNISATION OF HIGHER EDUCATION IN CENTRAL ASIA THROUGH NEW TECHNOLOGIES (HiEdTec) бо мақсади азхудкунии усулҳои инноватсионии таълим, ки рӯзҳои 02-06 декабри соли 2019 гузаронида шуда буд, сафар хизматӣ анҷом доданд.

     Бояд тазаккур кард, ки тренинги омӯзишии мазкур дар доираи иҷрои лоиҳаи грантии ERASMUS+ баргузор гардид.

       Мақсади асосии лоиҳаи HiEdTech  ин мутобиқкунии системаи маориф ба насли рақамӣ мебошад, ки мутобиқи он ШАХСИ ДИЛХОҲ дар ВАҚТИ ДИЛХОҲ дар ҶОЙИ ДИЛХОҲ аз устоди ДИЛХОҲ бо истифода аз таҷҳизоти ДИЛХОҲ, яъне компютер, ноутбук, планшет, фаблет, смартфон ва ғайра таълим гирифта тавонад.

      Лоиҳа барои ба муассисаҳои олии инноватсионӣ табдил додани ҳар як донишгоҳи шарик ва баланд бардоштани сифати омодакунии мутахассисон, ки барои ба ҳадафҳои рақамикунонии истеҳсолот расидан заруранд, мусоидат менамояд.

 Тренинги омузишӣ бо иштироки мутахассисони варзида, намояндагони вазоратҳои таҳсилоти олӣ ва устодони донишгоҳҳои  аврупоӣ Болгария, Италия, Португалия, Люксембург ва 15 донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ: Узбекистон, Казоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон гузашт. Аз ҷониби Тоҷикистон дар кори семинар 10 нафар иштирок намуданд.

        Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ 10 нафар намояндагони соҳаи таҳсилоти олии кишвар аз се донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгохи технологии Точикистон ва Донишгохи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаршоев зери роҳбарии муовини сардори идораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Навруз муаррифӣ намуданд.

     Дар рузи аввал, 03.12.2019 семинарро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошкент профессор Конгратбай Шарипов кушода, дар баромади худ ӯ иштирокчиёни вохуриро хайрамақдам гуфта, оид ба саҳми технологияҳои иттилоотӣ дар рушди раванди таълим суханронӣ намуд.

Ҳамоҳангсози лоиҳа – профессори Донишгоҳи Русенск Ангел Смрикаров дар баромади худ зарурати ба донишгоҳҳои инноватсионӣ табдилдиҳии донишгоҳҳои шарик ва баланд бардоштани сифати мутахассисон барои амалигардонии трансформатсияи рақамии соҳаҳо  (Индустрия 4.0) махсусан қайд намуд.

Сипас, семинар кори худашро бо мавзуи “Ташкили раванди таълимӣ” оғоз намуда, масъалаҳои намудҳои анъанавӣ ва фосилавии таълим муҳокима гардиданд.

Дар қисмати дуюми рӯз намояндагони ҳар як кишвар бо презентатсия баромад намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ, н.и.т., дотсент Абдуллоев М.А. ва муаллими калони кафедраи «Нақшакашии муҳандисӣ”, Қурбонов Б.М. бо презентатсия баромад намуданд

Маърузаи Абдуллоев Мамадамон «Чӣ тавр устувории лоиҳа таъмин карда шавад» ба масъалаҳои марбут ба таъмини устувории лоиҳа бахшида шуд. Ӯ иштирокчиёнро бо Лоиҳаи таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, шинос намуд.

Рузи 04.12.2019 масъалаҳои марбут ба ҷорӣ намудани усули рақамигардонии раванди таълим (цифровая трансформация образования), интихоби намуди тахтаи интерактивӣ, усулҳои ба раванди таълим ҷалб намудани насли рақамӣ омухта шуда, дар қисмати дуюми руз дарсҳои амалӣ оид ба тарзи истифодаи тахтаи интерактивӣ ва усулҳои ҷолиб намудани презентатсияи дарсҳо барои насли рақамӣ гузаронида шуд. Сипас, аз тарафи ташкилкунандагон барои аъзоёни гуруҳ барои шиносоӣ бо донишгоҳ экскурсия ташкил карда шуд.

Рузи 05.12.2019 масъалаҳои таҳияи таълими фосилавии синхронӣ (дар реҷаи вақти воқеӣ), аз ҷумла ташкили видеоконференсияҳо омухта шуда, дар дарсҳои амалӣ усулҳои истифодаи синфхонаи виртуалӣ таҳлил гардиданд. Пасаз муҳокимаронии иштирокчиёни семинар дар мавзуи марбут ба дарси гузашташуда, масъалаҳои ташкили усулҳои асинхронии таълими фосилавӣ (дар вақти дилхоҳ), омодасозии маводи таълимии мултимедӣ, таҳияи видеолексияҳо, ташкили озмоишгоҳҳои виртуалӣ, китобхонаи виртуалӣ баррасӣ гардиданд. Дар қисмати дуюми руз масъалаҳои рушди таълими омехта, таъмини устувории лоиҳаи мазкур, вазифаҳои дар пешистода то вохурӣ дар ш.Коимбра дида баромада шуданд.

Рузи 06.12.2019 бо дарси амалӣ дар мавзуи “Чӣ гуна маводи таълимии интерактивии мултимедиро омода созем?” оғоз гардид. Сипас иштирокчиёни семинар бо усулҳои таҳия намудани видео лексия, амалиёти инфиродӣ бо шарикон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Дар қисмати дуюми руз семинар ҷамъбаст гардида, иштирокчиёни семинар бо сертификатҳо сарфароз гардиданд.  

Ҳайати омӯзгорон, ки зимни сафари хизматӣ масъулият ва ӯҳдадориҳо доштанд, бо муваффақият иҷро намуданд.

Тренинг – семинари омӯзишӣ барои мо омӯзгорон имкон дод, то бо таҷрибаи донишгоҳҳои аврупоӣ оид ба мутобиқкунии системаи маориф ба насли рақамӣ ва истифодаи тахтаи интерактивӣ шинос шуда, дар донишгоҳи худамон силсилаи тренингҳои омузишии азхудкунии усулҳои инноватсионии таълим барои омузгорони донишгоҳ ташкил кунем.

Мақсади асосии тренинг – шинос намудани омӯзгорон бо технологияҳои таълимии инноватсионии таълимӣ дар асоси технологияҳои интерактивӣ мебошад, ки фаъолона ва самаранок истифода бурдани онҳо ба системаи мутобиқшудаи таълим барои насли рақамӣ оварда мерасонад. ба табдилдиҳии рақамии ин сохти дарс.

Натиҷаҳо: тибқи натиҷаҳои тренинг устодон барои ташкили тренингҳо дар донишгоҳ дониши зарурӣ гирифтанд. Дар асоси он, нақша дорем, ки барои кормандони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ курси такмили ихтисосро дар ин самт ташкил намоем. Пас аз омӯзиш дар доираи ин барнома, омӯзгорон барои гузариш ба зинаи нави тарзи гузаронидани дарси рақамӣ омода карда мешаванд.

Leave a Comment