Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати шаҳри Душанбе, раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва аҳли адабу фарҳанг вохӯрии судманди тарбиявӣ доир гардид.
Дар рафти чорабинӣ Гавҳар Шарифзода – Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ворис Назарзода – шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Хушвахт – Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Норасов Абдуалим – мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе, Расулов Сайфиддин – психолог аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва сухан ронданд.

Намояндагон доир ба экстремизм, терроризм, бемориҳои ВИЧ/СПИД, ноогоҳию раҳгумзадагии ҷавонон сухан ронда, тамоми ҷавононро ба худогоҳии миллию ватандӯстӣ, зиракии сиёсиву тандурустӣ, варзишу беҳдошти саломатӣ даъват намуданд.
Дар охир ба саволҳои бешумори худ донишҷӯёни донишгоҳ ҷавобҳои қаноатманд гирнифтанд.
Маркази иттилоот ва нашр.
Хадамоти ташкилию тарбиявӣ.