Рӯзҳои 11-13 декабри соли 2019 дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия Конференсияи солонаи коршиносони таҳсилоти олӣ (Higher Education Reform Expert — HERE) «Аз фарогирии иҷтимоӣ ба малакаҳо: Тақвияти самтҳои афзалиятнок дар таҳияи сиёсати таҳсилоти олӣ» (From social inclusion to skills: Pressing themes in higher education policy making) бо дастгир ии Иттиҳоди Аврупо, гузаронида шуд, ки дар он намояндагони Тими миллии коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ (HERE) ва Дафтари миллии ERASMUS+ дар Тоҷикистон низ ширкат варзида буданд.
Конференсия дар факултети педагогикаи яке аз донишгоҳои қадимтарини аврупо — Донишгоҳи Карлов, ки соли 1348 аз тарафи император Карл IV таъсис дода шудааст, баргузор гардид. Айни замон дар донишгоҳи мазкур зиёда аз 50 ҳазор донишҷӯ таҳсил намуда истодаанд, ки қариб 10 ҳазори он хориҷӣ мебошанд.
Рӯзи 11 декабр ҷаласаи гуруҳи машваратӣ баргузор гардид, ки дар он масълаҳои гузаронидани конференсияи солона ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баргузор гардиданд.
Конференсия расман рӯзи 12 декабр оғоз гардид, ки дар он намояндагони расмии Иттиҳоди Аврупо, барномаи Ерасмус+, роҳбарияти Донишгоҳи Карлов, намояндагони давлатҳои Балкан, Шарқи Наздик, Шимоли Африқо, Осиёи Марказӣ, Кавказ ва Федератсияи Россия ширкат варзиданд.
Конференсияро Радка Вилдова – муовини ректори Донишгоҳи Карлов оғоз намуда, ҳозиринро ба шаҳри Прага ва донишгоҳашон хайру мақдам гуфта, ба кори конференсия барору комёбӣ орзу намуданд. Номбурда қайд намуд, ки Донишгоҳи Карлов, ки соли 1348 аз тарафи император Карл IV таъсис дода шудааст. Айни замон дар донишгоҳи мазкур зиёда аз 50 ҳазор донишҷӯ таҳсил намуда истодаанд, ки қариб 10 ҳазори он хориҷӣ мебошанд.
Директори генералии Комиссияи Аврупо оид ба маориф ва фарҳанг Камила Партийка низ ҳозиринро хайру мақдам гуфта, барои кори бобарори конференсия бурдборӣ орзу намуданд.
Ҷаноби Николас Патриси аз командаи дастгирии коршинослони ислоҳоти таҳсилоти олӣ (SPHERE Team) дар навбати худ ба кори конференсия барору комёбӣ орзу намуда, қайд намуданд, ки дар давоми соли 2019 аз тарафи SPHERE якчанд чорабиниҳо ташкил шуда буданд, аз ҷумла:
- Фарогирии иҷтимоӣ: сиёсат ва фаъолияти амалии донишгоҳ (Social Inclusion: University policies and practices. Vrieje Universiteit VU Amsterdam, The Netherlands. March 25-26 2019). Донишгоҳи озоди Амстердам, Нидерландия. 25-26 марти 2019;
- Омӯзиши ба салоҳият асоснокшуда, дурнамо ва татбиқ (Competence-Based Learning: Basics, perspectives, implementation. FH Campus Wien University of Applied Sciences. Vienna, Austria. 9-10 September 2019) . Донишгоҳи илмҳои амалӣ. Вена, Австрия. 9-10 сентябри соли 2019;
- Мобилияти инклюзивӣ: аз ниятҳои нек то натиҷаҳои ченшаванда (Inclusive mobility: from good intentions to measurable outcomes). Донишгоҳи озоди Брюссел, Белгия. 21-22 ноябри соли 2019.
Анне Спенгемчер (Anne Spangemcher) аз Агентии иҷроия оид ба таълим, аудиовизуал ва фарҳанги Комиссияи Аврупо (Executive Agency for Education, Audiovisual and Culture, European Commission (EACEA) ва Элизабет Колуччи (Elizabeth Colucci, SPHERE Team) дар бораи фаъолият дар соли 2018 ҳисобот дода, натиҷаҳои фаъолиятро дар соли 2019 муаррифӣ намуданд.
Оид ба “Стратегияҳои фарогирии иҷтимоӣ дар таҳсилоти олӣ” Ҳелга Поссет (Helga Posset) аз Вазорати федералии маориф, илм ва тадқиқоти Австрия (Austrian Federal Ministry of Education, Science and Research -BMBWF) суханронӣ намуданд ва баъдан ин масъала дар мубоҳисаи панелӣ (Panel with Reactions to the keynote on social inclusion strategies in higher education) баррасӣ гардид.
Ховард Дэвис (Howard Davies, EUA/SPHERE Team) аз тими EUA/SPHERE натиҷаи фаъолияти SPHERE дар самти сайёрияти Байналмилалии Кредитӣ (International Credit Mobility — ICM) ва инклюзивӣ муаррифӣ намуд.
Баъдан дар гуруҳои минтақавӣ (Балкани шарқӣ, Шарқи Наздик, Россия + Осиёи Марказӣ, Ҷануби баҳри Миёназамин) мубоҳиса оид ба Таъсири лоиҳаҳои HERE дар баланд бардоштани қобилият дар системаи миллии таҳсилоти олӣ (The impact of Capacity Building projects on the HERE’s national Higher Education Systems). Асосан мубоҳисаҳо вобаста ба муайянсозӣ ва ҷамъоварии натиҷаҳои дақиқ аз таъсири лоиҳаҳои CBHE (2015 — 2019) ба системаҳои дахлдори олии миллӣ бахшида шуда буданд.
Рӯзи 13 декабр Люис Пурсер (Lewis Purser) аз Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Ирландия (Irish University Association — IUA) вобаста ба таъмини таҳсилоти олӣ, малака ва талаботи бозори меҳнат баромад намуд. Дар мубоҳисаи панелӣ таҳти раисии Энди Гиббс (Andy Gibbs) Коршиноси мустақили ислоҳоти таҳсилоти олӣ (Independent Higher Education Reform Expert, UK) оид ба ин масъала вокуниши кишварҳои шарик ва муассисаҳо баррасӣ гардид, ки дар он дар бобати тарбияи малакаҳо ва аҳамияти ҳамкориҳои донишгоҳҳо бо саноат сухан рафт. Инчунин вобаста ба рушди малакаи соҳибкорӣ ва инноватсионӣ низ сухан рафт.
Баъдан дар гуруҳои алоҳида масъалаҳои зерин баррсаӣ гардиданд:
Гурӯҳи 1: Пайгирии донишҷӯён ва корёбӣ: маълумот, таҳлил ва пайгирӣ (Student tracking and employability: data, analysis and follow-up) (Модератор: Люис Пурсер (Lewis Purser), Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Ирландия);
Гурӯҳи 2: Омӯзиши якумрӣ ва такмили ихтисос (Life-long learning and continued professional development) (Модератор: Ҳанне Смидт (Hanne Smidt,), Мушовири Калон, EUA);
Гурӯҳи 3: Таъмини рақамӣ ва кредитҳои нав (Digital provision & new credentials (micro credits). (Модератор: Ференц Татрай (Ferenc Tatrai), Коршиноси калон, EDEN);
Гурӯҳи 4: Ҳамкории малакаҳо ва ‘касбҳои сабз’ (Sector skills cooperation and ‘green professions’ ). (Феликс Роҳн (Felix Rohn), Комиссияи Аврупо).
Вобаста ба таҳлили мубоҳисаҳои дар гуруҳои алоҳида, роҳбарони гуруҳо дар ҷаласаи умумӣ ҳисобот доданд.
Баъдан барномаи пешакии HERE барои соли 2002 аз тарафи Элизабет Колуччи (Elizabeth Colucci) муаррифӣ гардид.
Дар ҷамъбасти Конференсияи солонаи коршиносони таҳсилоти олӣ Барномаи нави Эразмус + аз тарафи Камила Партяка (Kamila Partyka), намояндаи Комиссияи Аврупо баргузор гардид. Номбурда оид ба шартҳои нави тарзи пешниҳод, маблағгузорӣ ва дигар шартҳои озмуни нави Эразмус +, ки аз соли 2021 оғоз мегарданд, маълумот дод. Қайд гардид, ки буҷаи Эразмус + барои солҳои 2021 -2027 ба андозаи 30 млн. Евро пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷаи солҳои 2014-2020 (14,7 млн.Евро) ду маротиба зиёдтар аст.
Маводҳои конференсияро аз сомонаи интернетии SPHERE дастрас кардан мумкин аст.
ТИМИ МИЛЛИИ КОРШИНОСОНИ ИСЛОҲОТИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ (HERE),
ДАФТАРИ МИЛЛИИ ERASMUS+ ДАР ТОҶИКИСТОН