Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Энергетикаи минтақа: ҳолат ва рушди дурнамо” баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия устодону донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин ва меҳмонон – Юнусов Х.А. — муовини сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақсуди А. — сармутахассиси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳомидзода С. — мутахассиси пешбари Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кабутов Қ. – роҳбари Маркази манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Институти физикаю техникаи ба номи

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Энергетикаи минтақа: ҳолат ва рушди дурнамо” баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия устодону донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин ва меҳмонон – Юнусов Х.А. — муовини сардори Раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақсуди А. — сармутахассиси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳомидзода С. — мутахассиси пешбари Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кабутов Қ. – роҳбари Маркази манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, АИҶТ, Маҳмадов Ш.С. – сармутахассиси хадамоти давлатии назорат дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Равшанов Д.Ч. – муҳандиси НБО Сангтӯда-2 ва дигарон ширкат намуда. Доир ба масъалаҳои мубрами соҳа маърӯза карданд.

Хотиррасон мешавем, ки чунин конференсияҳо бо ташаббуси деканати факултети Энергетикии донишгоҳ ҳамасола бахшида ба Рӯзи энергетикҳо баргузор мегардад.

Дар охири ҷаласаи ифтитоҳии конференсия ба устодон Давлатшоев Д.Д., Ҷалилов Р.А., ва Қасобов Л.С. ифтихорномаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба як қатор устодон Ифтихорномаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи электроэнергетика, Ифтихорномаи ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва сипосномаи Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment