Дар арафаи Соли нави мелодии 2020 Раёсати донишгоҳ бо роҳбарии Одиназода Ҳ.О. – ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори хайреро ба анҷом расонид.
Дар ибтидо донишҷӯёни ятим, бепарастор ва маъюб бо кӯмаки яккаратаи молиявӣ қадрдонӣ шуданд.
Инчунин раёсати донишгоҳ ба интернати ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ кӯмаки молиявӣ расонида, ба ҳар як тарбиятгирандаи он туҳфаи солинавӣ супорид. Дар баробари он ба корҳои таъмиру тармими бинои интернат ёрӣ расонид.

Баъдан ба хонадони собиқадорони меҳнати донишгоҳ низ бо савғои идона ва табрикоти солинавӣ ташриф оварда, онҳоро бо Соли нави мелодии 2020 табрик намуданд.

Боиси қайд аст, ки ин иқдом дар арафаи ҳар як ҷашни ҷумҳуриявию миллӣ роҳандозӣ мегардад. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дасти ёрии худро бо дилгармию пурмеҳрӣ ба ин қишри осебпазири ҷомеа расонида, сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Роҳбари давлат – Пешвои муаззами худро пайравӣ мекунад.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment