Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба таври дастаҷамъона Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи экран ва телевизорҳо тамошо гардид. Дар толори маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ, толори хониши китобхона, толори Шӯрои диссертатсионӣ, толорҳои лексионии бинои асосӣ ва толорҳои лексионии факултетҳо телевизорҳо гузошта шуда буданд, ки устодону донишҷӯён бемалол Паёми навбатии Роҳбари давлатро тамошо карданд. Инчунин дар ду экрани васеи беруни донишгоҳ низ ин чорабинии муҳим пахш карда шуд.

Ҳиссиёти ҳамагон аз Паёми навбатии Пешвои миллат нек ва ба ояндаи мамлакат дилгармкунанда буд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment