Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ олимони ҷавони донишгоҳ – НЕЪМАТОВ Махсудшо Ғайратович, КАМОЛИДИНОВ Бахтиёр Тошпулотович, ЛОЛАЕВ Зоир Холович, ТУРСУНБАДАЛОВ Умед Абдумаликович ва САНГИНОВ Абдусамад Мирвафоевичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд.
Хотиррасон мешавем, ки рӯзи 20-уми декабр Неъматов М.Ғ. рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Разработка методов модификации магнитомеханических свойств аморфных микропроводов для построения высокочувствительных миниатюрных датчиков механических напряжений» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии назди НИТУ «МИСиС», рӯзи 26-уми декабр Камолидинов Б.Т. рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҷанбаҳои кластери рушди системаҳои нақлиётию логистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Лолаев З.Х.
Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ олимони ҷавони донишгоҳ – НЕЪМАТОВ Махсудшо Ғайратович, КАМОЛИДИНОВ Бахтиёр Тошпулотович, ЛОЛАЕВ Зоир Холович, ТУРСУНБАДАЛОВ Умед Абдумаликович ва САНГИНОВ Абдусамад Мирвафоевичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд.
Хотиррасон мешавем, ки рӯзи 20-уми декабр Неъматов М.Ғ. рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Разработка методов модификации магнитомеханических свойств аморфных микропроводов для построения высокочувствительных миниатюрных датчиков механических напряжений» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии назди НИТУ «МИСиС», рӯзи 26-уми декабр Камолидинов Б.Т. рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҷанбаҳои кластери рушди системаҳои нақлиётию логистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Лолаев З.Х. рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Рушди соҳибкории хурду миёна дар саноат ҳамчун заминаи индустриякунонии иқтисодиёти миллӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-032 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, рӯзи 27-уми декабр Турсунбадалов У.А. рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҷойи кории автоматонидашудаи ташхисгар – таҳқиқотчии ҳолати техникии муҳаррики дарунсӯз» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-032 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва рӯзи 30-юми декабр Сангинов А.М. рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Таҳқиқоти осебпазирии сейсмикии хонаҳои камошёнаи аз масолеҳи гилин сохташуда ва усули баланд бардоштани бехатаркунонӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА — 016 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бомуваффақият дифоъ намуданд.
Раёсати донишгоҳ умедвор аст, ки дар оянда низ олимони ҷавон ба тадқиқоти худ идома дода, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ хоҳанд расид.
Раёсати донишгоҳ.