Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020 аз номи худ, Раёсат ва Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, рӯҳи болида, иқболи накӯ ва барори кор орзу менамоям.
Таҷлили Соли нави мелодӣ аз ҷониби аксарияти аҳолии курраи замин шаҳодат аз он медиҳад, ки ин ҷашни ҷаҳонӣ аз нав шудани боз як сол, рӯз ва дақиқаҳои нав дарак медиҳад. Мо низ онро ҳамчун рӯзи фархундаи қадам ниҳодан ба рӯзи нав, соли нав ва навовариҳои нав бо умед ва шодмониҳои зиёд дар қатори аксарияти халқи ҷаҳон пешвоз мегирем.
Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020 аз номи худ, Раёсат ва Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, рӯҳи болида, иқболи накӯ ва барори кор орзу менамоям.
Таҷлили Соли нави мелодӣ аз ҷониби аксарияти аҳолии курраи замин шаҳодат аз он медиҳад, ки ин ҷашни ҷаҳонӣ аз нав шудани боз як сол, рӯз ва дақиқаҳои нав дарак медиҳад. Мо низ онро ҳамчун рӯзи фархундаи қадам ниҳодан ба рӯзи нав, соли нав ва навовариҳои нав бо умед ва шодмониҳои зиёд дар қатори аксарияти халқи ҷаҳон пешвоз мегирем.
Дар ин рӯзи фархундапай – оғози марҳилаҳои нави зиндагӣ – Соли нави 2020 орзу менамоям, ки Соли нав бо қадамҳои пурфайзу пурбаракаташ ба фазои тинҷу ороми Тоҷикистони азиз боз ҳам авҷу барор, нусрату пирӯзӣ, баракату кушоишҳоро тақдим кунад, Ватани моро ба сони зарраҳои барфаш бо накӯиҳою неканҷомиҳо лабрез гардонад.
Ҳар соли сипаришаванда дар ҳаёти ҷомеаи мо нақши худро мегузорад ва мо соли 2019-ро бо тамоми бурду бохтҳояш барои кишвар соли таърихӣ, соли пур аз дастовардҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, илмӣ, соли таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ ва рушди соҳаи варзиш меҳисобем. Мо, коллективи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар қатори тамоми мардуми тоҷик шукргузор аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои осоиштаю дастархони пур аз неъмати мардум боз ҳам барои татбиқи ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат тамоми кӯшишу ғайрати худро дареғ нахоҳем дошт.
Мо дар соли сипаришуда бо ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ дар фазои сулҳу ваҳдат ва бо шукуҳу шаҳомати идона ҷашнҳои 28-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми НОБ-и Роғун ва чандин рӯзҳои неку таърихии миллатро таҷлил намудем.
Соли сипаришуда барои мо, аҳли кормандону устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ соли таърихӣ, соли дастовардҳои назарраси таълимию илмӣ, фарҳангию варзишӣ, рушди робитаҳои байналмилалӣ, таъмини сазовори самтҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва хоҷагидорӣ буд.
Воқеан самти асосии фаъолияти донишгоҳ таъмини босифати раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони донишманду соҳибкасб баҳри фардои ватану миллат мебошад.
Эълон гардидани ҳадафи чоруми миллӣ чун саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои мо масъулияти зиёде бар дӯш мегузорад, ки мо боз ҳам бо азму иродаи қавӣ, садоқату матонат ва меҳру муҳаббати беандоза ба Ватан – Модар дар омодасозии кадрҳои баландихтисос ҷидду ҷаҳд намоем. Зеро Донишгоҳи техникӣ яке аз заминаҳои асосӣ ва ягонаи омодасозандаи кадрҳои муҳандисӣ ва техникӣ аст. Аз ин рӯ мо бояд дар андешаи он бошем, ки кадрҳои тайёркардаи мо дархӯри бозори пуррақобати ҷаҳонӣ бошанд ва мо бо дилпурӣ ба ин роҳи ояндадори миллат – саноатикунонии кишвар қадамҳои боэътимод гузорем.
Бо таманниёти орзуҳои нек бори дигар ҳамаи нафарони собиқадор, устодони арҷманд ва донишҷӯёни азизамонро бо Соли нави мелодии 2019 аз самими дил табрик гуфта, барои ҳар яки онҳо хонаи обод, рӯзгори босаодат, иқболи нек, файзу баракати зиндагӣ, таҳсили хубу аъло, дастовардҳои нав ба навро орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамкорон ва донишҷӯёни азиз!