Конференсияи байналмиллалии илмию амалӣ дар мавзӯи Полиграфия: ҳолат ва рушди дурнамои он
Бо камоли эҳтиром Шуморо барои иштирок дар Конференсияи байналмиллалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Полиграфия: ҳолат ва рушди дурнамои он» ки санаи 13-уми марти соли 2020 дар факултети Технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор мегардад, даъват менамоем.
Конференсияи мазкур бо мақсади мубодилаи иттилоотии илмӣ-амалӣ, ки роҳҳои пешрафти техника ва технологияи навини соҳаи полиграфӣ, рушди ҳамкориҳо дар татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва инноватсионӣ, роҳандозии робитаҳои корӣ ва муносибатҳои тиҷоратиро дар ин самт муайян месозад, баргузор мегардад.
Конференсияи байналмиллалии илмию амалӣ дар мавзӯи Полиграфия: ҳолат ва рушди дурнамои он
Бо камоли эҳтиром Шуморо барои иштирок дар Конференсияи байналмиллалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Полиграфия: ҳолат ва рушди дурнамои он» ки санаи 13-уми марти соли 2020 дар факултети Технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор мегардад, даъват менамоем.
Конференсияи мазкур бо мақсади мубодилаи иттилоотии илмӣ-амалӣ, ки роҳҳои пешрафти техника ва технологияи навини соҳаи полиграфӣ, рушди ҳамкориҳо дар татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва инноватсионӣ, роҳандозии робитаҳои корӣ ва муносибатҳои тиҷоратиро дар ин самт муайян месозад, баргузор мегардад.
Самтҳои кории конфЕРЕНСИЯ:
- ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛЛОТӢ;
- ТЕХНОЛОГИЯИ ХИМИЯВӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ;
- МОШИНСОЗӢ, МАСОЛЕҲШИНОСӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МАВОД;
- ИҚТИСОДИЁТ;
- КИТОБШИНОСӢ;
- БЕХАТАРИ ВА ЭКОЛОГИЯ.
Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Давомнокии маърӯза:
-баромади пленарӣ – 15-20 дақиқа;
-баромади сексионӣ – 10 дақиқа;
-гузориши стендӣ – 5 дақиқа.
МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯ
Ҳаҷми маводҳои пешниҳодшуда то 6 (шаш) саҳифаи пурра (на кам аз 2 саҳифа) бошад. Барои қабули маърӯзаҳо ва сари вақт бақайдгирӣ, иштирокчиёнро зарур аст, ки то санаи 1 марти соли 2020 мақолаи матраҳшудаи худро ба кафедраи Технология, мошинҳо ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо шакли чопӣ, бо имзои муаллифон ва электронӣ ба почтаи электронии poligraf.tj@gmail.com, 234-56-57@mail.ru пешниҳод намоянд. Пас аз санҷиши мақолаҳо аз тарафи мутахассисони соҳавӣ ва гирифтани тақризи мусбӣ мақолаи пешниҳодшуда ба маҷмуаи маводи конференсия ҷой дода мешавад.
ТАЛАБОТ ОИД БА ТАРТИБИ ОРОИШИ МАВОД
Маводҳо то 6 саҳифаи пурра (дар варақи сафеди формати А4 бо ҳошияҳои 25 мм аз ҳама тарафҳо) пешниҳод карда мешавад. Саҳифаҳо рақамгузорӣ карда намешаванд. Маводи маърӯзаро бо истифода аз редактори Word, бо шрифти Times New Roman, Times New Roman Tj (кегел 14), бо як фосилаи байни сатрҳо (одинарный интервал) тартиб дода мешавад. Нусхаи якуми матни чопии мавод аз тарафи ҳамаи муаллифон имзо карда мешавад. Мавод бояд ҷавобгӯи нақшаи сохтории зерин бошад: номгӯй, ному насаби муаллифон, номи ташкилот, шаҳр, давлат, матни асосӣ, хулосаҳо, номгӯйи адабиёт, шарҳи мухтасар (аннотация), маълумот дар бораи муаллифон. Номгӯй бо ҳарфҳои калони равшан, бе фосила аз ҳошияи боло, бе кӯчонидан ба сатри дигар, дар марказ навишта шавад. Баъд аз як сатри холӣ бо ҳарфҳои калон ному насаби муаллифон бо шрифти равшан, дар қавсҳои гирд бо курсив номи ихтисори ташкилот, шаҳр, давлат бо вергул ҷудо намуда, марказонида шавад. Баъдан матни асосиро оваред. Шарҳи мухтасар (аннотация) бо забони маърӯзаи пешниҳодшуда ва бо забонҳои рӯсӣ ва англисӣ оварда шавад (нигаред ба намуна).
- Расмҳо, тасвирҳо, диаграммаҳо ва нақшаҳоро дар формати *bmp, *gif, *jpg, *dwg, бо андозаи на кам аз 6060 мм ва бо ҷо ба ҷогузории объектҳо аз рӯйи равиши мавод омода намоед.
Ҷадвалҳо бояд номгузорӣ карда шаванд. Зери ҳар расм ва болои ҷадвали объектҳои сохташуда ном ва рақамгузорӣ карда шавад. Ҳар як расм ва ҷадвали овардашуда аз боло ва поёни матн як интервал фосила гузошта шавад.
- Формулаҳоро бо курсив навишта, аз матни асосӣ бо як интервал ҷудо ва рақамгузорӣ намоед ва дар марказ қарор диҳед. Рақамҳо дар қавсҳои гирд навишта шуда, дар тарафи рости ҳошия қарор дода шавад. Таҳриргари формулаҳо Microsoft Equation мебошад. Услуби формулаҳо барои Microsoft Equation: Full — 12 pt, Subscript/Superscript — 10 pt, Sub-Subscript/Superscript — 8 pt, Symbol — 12 pt, Sub-Symbol — 10 pt.
Мувофиқи талаботи кумитаи тадорукот барои як муаллиф як мақола ва ҳамчун ҳаммуаллиф то ду мақолаи дигар пешниҳод намудан, иҷозат дода мешавад. Маводе, ки мувофиқи талабот омода нашудааст ва ба мавзӯи конфронс мувофиқ нест, инчунин ба кумитаи тадорукот дер ирсол шудааст, барои чоп тавсия дода намешавад!
Суроғаи мо
- ш. Душанбе, хиёбони акад. Раҷабовҳо, 10,
ошёнаи 2-юм, кафедраи Технология, мошинҳо ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.
(Тел/факс: (992 37) 227 15 11;
* E-mail: poligraf.tj@gmail.com, 234-56-57@mail.ru
НАМУНАИ ОРОИШИ МАВОД
АСОСИ ТАҲЛИЛИ СОХТИ СИСТЕМАҲО
Мирзоев Р.К., Петров П.П.
( ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ, ш. Душанбе, Тоҷикистон)
Маҷмӯи системаҳои овардашуда ба системаҳои мураккаби бисёрбаробаридошта мансубанд. Яке аз шартҳои баланд бардоштани иқтидори системаҳои технологӣ (расми 1), маводӣ, энергетикӣ ва иттилоотӣ имконият дорад, дар намуди зер инъикос карда шавад:
, (1) дар ин ҷо — маҷмӯи унсурҳои ;
Адабиёт:
- 1. Алексеев Ю.Г. Анализ и оценка эффективности труда / Ю.Г. Алексеев // Новая наука: Стратегии и векторы развития. — 2017. — Т. 1. — № 3. — С. 175-177.
- Кучина Е.В., Тащев, А.К. Методологические подходы к оценке производительности труда на микроуровне / Е.В. Кучина, А.К. Тащев // Вестник Южно-Уральского государственного университета. Серия: Экономика и менеджмент. — 2017. — Т. 11. — № 2. — С. 42-47.
- Гайфутдинова С.В. Экономика предприятия: Учебник / Под ред. С.В. Гайфутдиновой – М.: ИНФРА-М, 2014. – 507 с.
Аннотатсия
Дар мақолаи пешниҳодшуда проблемаи сохтани системаи таълими электронии адаптиви дида баромада шудааст.
Аннотация
В данной статье рассмотрены проблемы создания адаптивных систем электронного обучения.
Annotation
This article discusses the problems of creating adaptive e-learning systems.
Маълумот оид ба муаллиф (он):
Мирзоев Раҳматулло Қурбонович – 1956 с.т., хатмкардаи (с.1978) ДМТ, доктори илмҳои физ.мат., профессори кафедраи “Математикаи олӣ” ДТТ ба номи М.С. Осимӣ, муаллифи зиёда аз 150 корҳои илмӣ, доираи фаъолияти илмӣ – моделсозии математикӣ мебошад.
Маълумоти шахсӣ:
тел. (+992) 93-501-00-00,
E-mail: poligraf.tj@gmail.com