Дар 6 марказҳои имтиҳонсупории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ қабули санҷишу имтиҳоноти сессияи зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 аз рӯйи ҷадвали тасдиқгардида идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки барои ба таври шаффофу воқеъбинона баргузор гаштани имтиҳоноти сессияи зимистона нуқтаҳои маркази тестӣ ва синфхонаҳое, ки дар он имтиҳоноти хаттӣ баргузор мегарданд, ҳамаҷониба омода карда шуда, назорати иловагӣ аз тарафи нозирон ва тавассути камераҳои назоратӣ ба роҳ монда шудааст.

Тибқи иттилои роҳбари маркази тестии донишгоҳ Ҷамшед Каримзода бо назардошти теъдоди донишҷӯён барои баргузории имтиҳонҳо тариқи тестӣ нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ бо беш аз 300 компютер ва таҷҳизоти аксбардории изи ангушт (сканер) таҷҳизонида шудааст.

Дар 6 марказҳои имтиҳонсупории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ қабули санҷишу имтиҳоноти сессияи зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 аз рӯйи ҷадвали тасдиқгардида ҷараён дорад.

Мавриди зикр аст, ки барои ба таври шаффофу воқеъбинона баргузор гаштани имтиҳоноти сессияи зимистона нуқтаҳои маркази тестӣ ва синфхонаҳое, ки дар он имтиҳоноти хаттӣ баргузор мегарданд, ҳамаҷониба омода карда шуда, назорати иловагӣ аз тарафи нозирон ва тавассути камераҳои назоратӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамарӯза ҳудуди 4 ҳазор нафар донишҷӯён аз соати 08:00 то 17:00 имтиҳон месупоранд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи тартиботи ҷорӣ даври фаъоли имтиҳоноти ниҳоии сессияи зимистона дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ба шакли тестӣ бо истифода аз технологияҳои иттиллотӣ ташкил карда шуда, то санаи 18-уми январи соли 2020 давом менамояд.

Идораи таълимию методӣ.
Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment