Дар системаи хоҷагии халқ ва ҳаёти ҳар як давлат нақлиёт нақши асосиро бозӣ мекунад. Ин гуфтаҳоро файласуф ва материалисти англис Бекон Ф. Низ тасдиқ мекунад. Вай се омили асосие, ки давлатро бой мегардонад, номбар намуд: замини ҳосилхез, тараққиёти саноат ва интиқоли озодонаи одамон ва маҳсулот.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвар ба марҳалаи нави рушд ворид шуда, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи ободу осуда бо кадамҳои устувор пеш меравад.

Дар системаи хоҷагии халқ ва ҳаёти ҳар як давлат нақлиёт нақши асосиро бозӣ мекунад. Ин гуфтаҳоро файласуф ва материалисти англис Бекон Ф. Низ тасдиқ мекунад. Вай се омили асосие, ки давлатро бой мегардонад, номбар намуд: замини ҳосилхез, тараққиёти саноат ва интиқоли озодонаи одамон ва маҳсулот.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвар ба марҳалаи нави рушд ворид шуда, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи ободу осуда бо кадамҳои устувор пеш меравад.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ ба шумор рафта, дар қатори се ҳадафи стратегие қарор дорад, ки чун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудааст. Ин ҳадаф сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурӯдгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он тадриҷан бояд ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, онро ба минтақаи транзитӣ табдил диҳад. Иддае аз тарҳҳои Тоҷикистон хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, дастрасии ҷумҳуриро ба бандарҳои баҳрӣ ва шоҳроҳҳои транзитии дигар кишварҳо таъмин хоҳанд кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 143,1 ҳазор километри мураббаъ масоҳат дар қисмати кӯҳсори Осиёи Марказӣ дар маркази чорроҳаи пайвасткунандаи шабакоти рушдёфтаи нақлиётии Шимол (шабакоти нақлиётии Руссия ва Қазоқистон) ва бандарҳои калони тиҷоратии байналмилалии Ҷануб (бандар-шаҳрҳои соҳили уқёнуси Ҳинд) ва дар масири шоҳроҳи кӯтоҳтарини тиҷоратии байни кишварҳои Шарқ (аз ҷумла, Ҷумҳурии халқии Хитой бо иқтисодиёти дорои суръати баланди рушд) ва Ғарб (Аврупо ва дигар давлатҳои тараққиёфтаи ҳавзаи баҳри Миёназамин) воқеъ аст[1].

Инфрасохтори нақлиётии кишвар асосан солҳои 60-80 асри гузашта чун қисми таркибии шабакоти нақлиётии Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд ёфта, дорои хусусияти якҷонибагии бунбастии марзӣ дошт ва дар баробари ин солҳои 90 асри гузашта бо сабабҳои объективӣ таназзул кард[1].

Аз лиҳози он ки дар марҳилаи нави таърихии рушди иқтисодиёти кишвар инфрасохтори вуҷуддоштаи нақлиётӣ ба таъмини вазифаҳои стратегии рушди иқтисодиёт дар мавриди интиқоли дохилию берунӣ мутобиқат надошт, зарурати муайянсозии тамоюли рушди инфрасохтор дар ҳамбастагӣ бо дигар вазифаҳои стратегии рушди мамлакат пеш омад.

Комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоиро муттаҳид сохта, хоҷагии роҳҳои автомобилгардро дар бар мегирад. Вобаста ба шароити хоси табиӣ-иқлимии ҷумҳурӣ, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ишғол мекунанд, нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар воситаҳои нақлиёт дорои бартарияти муҳими стратегӣ, хусусан дар самти таъмини интиқоли мунтазами дохилӣ ва фарогирии ҳамаи минтақаҳои мамлакат мебошад[1].

Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад.

Ба мақсади расидан ба ин ҳадаф корҳои зиёд, аз қабили сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, таҷдиди иншооти нақлиётӣ ба анҷом расиданд ва ё идома доранд. Аз ҷумла, нақбҳои автомобигарди «Шаршар», «Чормағзак» (Хатлон), «Шаҳристон» ва «Истиқлол» ба истифода дода шуда, сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди ҷодаи «Душанбе-Бӯстон-Чаноқ», «Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош», «Душанбе-Данғара» ба анҷом расид. Сохтмони пули мошингарди «Дӯстӣ» дар болои дарёи Панҷ сохта, мавриди истифода қарор гирифт, масирҳои автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма, Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ ва дигар роҳҳои мошингард дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо иштироки Япония, Туркия, Эрон сохта мешаванд. Амалӣ шудани чунин лоиҳаҳо имкон дод, ки рафту омади аҳолӣ ва интиқоли бор, таъмини бозорҳо бо мол хеле беҳтар шуда, вобастагӣ аз он роҳҳое, ки минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳуриро тавассути кишварҳои ҳамсоя мепайвастанд, аз байн равад ва табодули мол бо кишварҳои ҳамсоя афзоиш ёбад.

Бояд гуфт, ки амалӣ шудани баъзе нақшаҳо дар доираи ин ҳадафи стратегӣ барои рушди кишвар ва ҳамкориҳои он бо кишварҳои минтақа имкониятҳои зиёд фароҳам оварданд. Барои иртибот бо Афғонистон шаш пул дар дарёи Панҷ сохта шуд, ки тавассути онҳо рафтуомад ва тиҷорат хеле афзоиш ёфт.

Дар бобати таҷдиди фурӯдгоҳҳо корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Ҳоло Тоҷикистон дорои чор фурӯдгоҳи байналмилалӣ (Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд) мебошад.

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нисбат ба амали шудани лоиҳаҳои нав ва стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра баровардани Тоҷикистон дарҷ гардид.

Стратегияи мазкур ду самти асосии фаъолияти соҳаро дар бар мегирад:

  • якум, ташаккули шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилгарди дохили кишвар ва пайваст намудани он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ;
  • дуюм, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба равобити нақлиётӣ.

Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаи Хумб – Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук – Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афгонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд.

Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе – Бохтар, Ҳуҷанд – Исфара, Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин, Шкев – Қалъаи Хумб, Кӯлоб – Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, роҳҳои зикршуда то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Вазорати нақлиёт вазифадор карда шудааст, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати дарёфти маблағҳои сармоягузорӣ барои бунёди долонҳои зиддитарма дар қитъаҳои осебпазири роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ ва беҳтарсозии имкониятҳои нақби “Истиқлол” тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ҳамчунин, Вазорати нақлиёт корҳоро дар самти таҳияи лоиҳаҳои таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Хуҷанд – Конибодом, Бохтар – Данғара – Кӯлоб, Бохтар – Носири Хусрав ва роҳҳои дигар ҷоннок намояд.

Бояд гуфт, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.

Чунин корҳо, ки гувоҳи фаъолнокии баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд, ҳоло бомаром идома доранд.

Масалан, Бобоҷонов Муҳиб – сокини 80-солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд.

Дар баробари ин, масъалаи бунёди роҳҳои алтернативӣ тақозо менамояд, ки Ҳукумати кишвар доираи ҳамгироии иқтисодиро тавсеа бахшида, дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ ва ташкили шабакаҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои муосир чораҳои зарурӣ андешад. Бо ин мақсад ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон, ки омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа хоҳад гардид, андешидани чораҳои зарурӣ идома дорад.

Дар баробари ин баҳри ташаккули пурраи шабакаи дохилӣ ва таъмини дастрасии ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ дар асоси тадқиқоти гузаронидаи коршиносони маҳалӣ ва беруна Барномаи таҷдиду бунёди ин роҳҳо ба мӯҳлати то соли 2025 таҳия гардидааст, ки амалисозии он истифодаи имкониятҳои интиқолро зиёд ва муҳлати интиқолро кам гардонда, боиси кам шудани хароҷоти нақлиётӣ мешавад. Тибқи барномаи мазкур бунёду таҷдиди беш аз чор ҳазор километр роҳ ва 576 пул ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст. Ин барнома бо баҳисобгирии муфиди иҷтимоию иқтисодии ҳамаи қитъаҳо ва баҳисобгирии ҳолати имрӯзаи онҳо дар барномаи компютерӣ таҳия гардида, татбиқи он дар се марҳила пешбинӣ шудааст.

Бо назардошти ин ва хусусиятҳои ҷуғрофии Тоҷикистон кор дар самти инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои истифодаи шоҳроҳҳои нақлиётӣ, ки дар ояндаи наздик масирҳои трансконтиненталии байни Осиё ва Аврупо гардида, қисмати зиёди онҳо бо роҳҳои кӯтоҳтарин бояд қитъаҳои тоҷикистонии шабакаҳои роҳҳоро дар бар гирад, вусъат дода хоҳад шуд.

Маврид ба зикр аст, ки тӯли солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёт роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 созишномаи дуҷониба бо 9 давлатҳои аъзоҳои ИДМ ва 7 давлати Осиёи Марказию Аврупо имзо намуда, ба 27 созишнома ва 7 Конвенсияи байналмилалӣ дар доираи 11 ташкилот шомил шудааст. Татбиқи созишномаҳои дуҷониба дар соҳаи интиқоли байналмилалии бору мусофирон бидуни монеа амалӣ гардида, талаботи Созишномаҳо ба таври комил иҷро мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ин ҳадафҳо алъон ба 9 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ ба таври расмӣ ҳамроҳ шудааст.

Сарвари давлат дар Паёми имсола нисбат ба амалӣ сохтани лоиҳаҳо аз тарафи муҳандисон изҳори нигаронӣ намуд. Ин албатта моро муваззаф менамояд, ки дар самти омода намудани мутахассисони баландпоя ва амалӣ сохтани лоиҳаҳо саҳми худро гузорем.

Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ руҳу илҳоми тоза гирифта, онро сармашқи кори худ қарор дода, барои амалӣ намудани вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо дарки баланди масъулият ва ҳифзи хештаншиносии миллӣ ҷаҳду талош хоҳанд кард.

Leave a Comment