Ба диққати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ расонида мешавад, ки тибқи санаҳои дар ҷадвал овардашуда, дар китобхонаи электронии бинои асосии донишгоҳ баррасии аризаҳои апеллятсионии донишҷӯён баргузор мегардад.
Таҳсили рӯзона |
Таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона |
||||
№ |
Факултет |
Сана |
Вақт |
Сана |
Вақт |
1. |
СваМ |
16.01.2020 |
1400-1600 |
Барои курсҳои 1, 2, 3-и фосилавӣ ва 4-и ғоибона 03.02.2020. Барои курси 5-и ғоибона 20.01.2020 |
1400-1600
|
2. |
ТИваК |
||||
3. |
ТИ |
17.01.2020 |
1400-1600 |
||
4. |
Энергетикӣ |
||||
5. |
МваКН |
18.01.2020 |
1400-1600 |
||
6. |
Нақлиёт |
Иштироки донишҷӯ ва омӯзгори дарсбаранда дар апеллятсия ҳатмӣ мебошад. Дар акси ҳол аризаи донишҷӯ баррасӣ карда намешавад.
Супоридани имтиҳонҳои ҒХ (бе пардохти маблағ) дар вақти триместри зимистона ба роҳ монда мешавад.
Идораи таълимӣ-методӣ
Апеллятсия - амалест, ки бо мақсади муайян намудан ва ислоҳи баҳогузории ғайриобъективона ба дараҷаи донишандӯзии донишҷӯён гузаронида мешавад.
Апеллятсия дар асоси аризаи донишҷӯ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
-ғалат пешниҳод гардидани маводи имтиҳонӣ аз ҷониби омўзгори фанни таълимӣ ё ҳангоми генератсияи онҳо бо хатои техникӣ таҳия гардидани варианти саволномаҳои тестӣ;
-набудани ҷавоби дуруст ё овардани ду ҷавоби дуруст дар байни ҷавобҳои ба саволномаи тестӣ пешниҳодшуда аз ҷониби омўзгори фанни таълимӣ;
-берун аз доираи барномаи таълимии фан пешниҳод гардидани саволномаҳои имтиҳонӣ;
-ба ҳисоб нагирифтани ҷавобҳои дуруст ҳангоми санҷиши варақаи ҷавобҳои донишҷў аз ҷониби омўзгори фанни таълимӣ ё сканер накардани он аз ҷониби мутахассиси маркази тестии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
-ғалат тартиб додани калиди ҷавобҳои дуруст аз ҷониби омўзгори фанни таълимӣ ё бо хато ворид намудани калиди ҷавобҳои дуруст ба барномаи компютерӣ.