Тоҷикон аз ҷумлаи он халқиятҳое маҳсуб меёбанд, ки бо саҳми худ дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ маъруфу маъмул гардидаанд. Нишони ин саҳмият дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳон, пеш аз ҳама падидаҳои фарҳангии ниёгони тоҷикон мебошад. Фарҳанги доманадори гузашта бо унсурҳои худ тоҷиконро чун халқи маърифатноку фарҳангпарвар маъмул гардонидааст. Яке аз падидаҳои фарҳангии ниёгонамон ҷашни Сада мебошад, ки инъикосгари фарҳанги мо ба шумор меравад.

Тоҷикон аз ҷумлаи он халқиятҳое маҳсуб меёбанд, ки бо саҳми худ дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ маъруфу маъмул гардидаанд. Нишони ин саҳмият дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳон, пеш аз ҳама падидаҳои фарҳангии ниёгони тоҷикон мебошад. Фарҳанги доманадори гузашта бо унсурҳои худ тоҷиконро чун халқи маърифатноку фарҳангпарвар маъмул гардонидааст. Яке аз падидаҳои фарҳангии ниёгонамон ҷашни Сада мебошад, ки инъикосгари фарҳанги мо ба шумор меравад.

Ҷашни Сада аз ҷумлаи он унсурҳои аҳди бостонии аҷдодони тоҷикон аст, ки дар худ хусусиятҳои хоси фарҳанги онҳоро инъикос менамояд. Ин ҷашн рӯзи даҳуми баҳманшоҳ (30-уми январ) баргузор мегардад. Ин ки чаро “сада” ном гирифтааст, пажӯҳандагон пайдоиши онро аз вожаи “сад” дониста ва перомуни он фикру ақидаҳои худро баён намудаанд. Тибқи иттилои гоҳшумор ҷашни Сада ба муносибати аз хонаи зимистонааш гузаштани хуршед ва ба баҳор майл кардани он, то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб, яъне сад (100) шабу рӯз мондан ва ба нияти нерӯҳои сармо ва торикиро ақиб зада, хуршедро мадад кунанд, то аз нав нерӯманд гарданд, баргузор мегарданд. Абӯрайҳони Берунӣ дар “Ат-таҳфум” чунин мегӯяд: ”Сабаби номаш чунин аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб. Ва низ гуфтанианд, ки андар ин рӯз аз фарзандони падар нахустин сад тани тамом шудааст”. Ва дар “Осор-ул-боқия”-аш менависад, ки: “Сабаб ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин дуруст сад тан шудаанд ва яке аз худро ба ҳам подшоҳ кардаанд”.

Маҳмуди Гардезӣ дар “Зайн-ул-ахбор” баён менамояд, ки: “Шумораи фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид”. Музаффари Гунободӣ дар “Шарҳи бист (20) боб” ном асараш чунин қайд намудааст: “Ваҷҳи тасмиаш ба сад он аст, ки чун Каюмарсро сад (100) фарзанд ба дунё омада буд ва ҳама ба ҷойи рушд ва нумӯъ расиданд, дар ин шаб ҷашн намуда ва ҳамаро кадхудо сохт ва фармуд то оташи бисёр афрухтанд. Бад ин ҷиҳат онро сада ном бурданд”.

Аллома Алиакбари Деҳхудо дар китоби “Луғатнома”-и машҳураш дар сабаби Сада ном гирифтани ин ҷашн чунин навиштааст: “Ваҷҳи иштиқоҳе, ки саҳеҳтар ба назар мерасад, ин аст, ки ҷашни Сада, ки дар 10-уми баҳманмоҳ гирифта мешавад, дуруст сад рӯз пас аз оғози зимистони панҷмоҳа будааст”.

Мубади замони сосонӣ Ардашери Озаргушасп дар китоби “Маросими мазҳабӣ ва одоби зардуштиён” бо истифода аз вожаи сад чунин инъикос мекунад: “Сада аз вожаи сад омадааст ва ҳамон тавр, ки ҳафта ба маънои ҳафт рӯз ва чилла ба маънои чиҳил рӯз ва даҳа ва сирӯза ба маънои рӯзи даҳум ва сивум ва панҷа ба маънои панҷ рӯз аст. Ва ҳамчунин ангуштони дасту поро панҷа мегӯянд ва ҳазора ба маънои ҳазор сол аст, сада ҳам ба маънои сад рӯз мебошад”. Бузургтарин маросими ҷашни Сада афрӯхтани оташ дар шаби даҳум ба ёздаҳуми баҳманмоҳ (30 ба 31-уми январ) аст. Ва беҳуда нест, ки ин идро ҷашни оташ низ меноманд. Перомуни оташ афрӯхтан дар ин ҷашн ва пайдоиши Сада ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад.

Вале бисёр муаррихон онро ба Ҳушанг – подшоҳи силсилаи Пешдодӣ нисбат додаанд. Аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ дар китоби маъруфи “Шоҳнома” онро ба тарзи хосе баён кардааст. Дар шаҳри ин достон омадааст, ки Ҳушанг ба саҳро рафта буд. Мори сиёҳеро мушоҳида кард ва санге гирифта, тарафи вай ҳаво дод, санг ногоҳ ба санги дигаре бархӯрд ва аз ба ҳам хӯрдани ин ду санг оташ равшан шуд. Ҳушанг дастур дод, ба муносибати пайдоиши фуруғи эзадӣ ҷашн гирифтанд ва шодӣ карданд ва дар ҳангоми парастиш онро қиблаи худ қарор доданд ва бад он сӯ намоз гузоштанд ва нагузоштанд, ки хомӯш шавад. Аз ашъори “Шоҳнома” ба хубӣ маълум мешавад, ки оташ ба василаи Ҳушанг пайдо шуда ва аз лиҳози ин ки оташ фурӯғи эзадӣ аст, дастур дод, ки ҳангоми намоз ниёиши Худо онро сӯ (қибла) қарор диҳанд ва ба тарафи оташ намоз гузоранд. Перомуни маросими баргузории ин ҷашни бузург ва зебо дар тӯли таърих донишмандоне аз қабили Абурайҳони Берунӣ, Маҳмуди Гардезӣ, Умари Хаём, Абулфазли Байҳақӣ, Ибни Мискавай, Артур Кристенсен Алиакбари Деҳхудо, Саидҳасан Тақизода, Музаффари Гунободӣ, Мэри Бойс, Умодуддини Закариёи Қазвинӣ, Меҳрдоди Баҳор ва дигарон изҳори ақида намудаанд.

Абурайҳони Берунӣ дар китоби “Ат-тафҳим” менависад, ки ҷашни Сада “обонрӯз аст, баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум, оташҳо зананд ба гавз ва бодом ва гирд ба гирди он шароб хӯранд. Ва лаҳву шодӣ кунанд… Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Биюрособ (Заҳҳок) тавзеҳ карда буд, бар мамлакати хеш ду мард ҳар рӯзе, то мағзашон бар он дуреш ниҳоданӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд. Ва ӯро вазире буд номаш Армоил, некдил ва неккирдор. Аз он ду тан якеро зинда яла кардӣ ва пинҳон ӯро ба Дамованд фиристодӣ. Чун Афредун ӯро бигрифт, сарзанишаш кард. Ва ин Армоил гуфт: тавоноии ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонидаем. Ва ҷумлаи эшон аз паси кӯҳанд пас бо вай устуворон фиристонд ва бифармуд, то ҳар касе бар боми хонаи хеш оташ афрӯхтанд. Зеро ки шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид ояд. Пас он наздики Афредун ба мавқеъ афтод ва ӯро озод кард ва ба тахти заррин нишонд ва Масмуғон ном кард, ай меҳи муғон. Ва пеш аз Сада рӯзе барсада гӯянд ва низ навсада”.

Абурайҳони Берунӣ ҳамин қисса ва сабаби оташ афрӯхтан дар шаби даҳуми баҳманмоҳро дар китоби “Осор-ул-боқия”-аш бо каме тағйирот баён кардааст. Ҷашни Сада баъд аз густариши ислом дар Эронзамин ва то аҳди Муғул бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешудааст. Муаррихон аз баргузории таҷлили ҷашни Сада дар баробари Оли Зиёр, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён хабар додаанд. Аз ҷумла зеботарин ва куҳантарин ҷашни Садае, ки дар давраи исломӣ баргузори гардид, тавассути подшоҳии Оли Зиёр дар соли 934 буд, ки дар шаҳри Исфаҳон барпо шудааст. Барои баргузории ин ҷашн ба дастури Мардовиш, ки ҷонибдори эҳё намудани суннатҳои тоисломӣ буд, дар канори Зояндарӯд ва дар майдоне аз домана то фарози кӯҳ теппаҳои бузурге аз ҳезум ва хору хас фароҳам оварда ва оташ заданд. Ва ҳазорон парранда бо тирҳои пайкони оғӯшта ба нафти шӯълавар ба парвоз даромаданд, ки замину осмони шаҳри Исфаҳон ғарқ дар оташ шуд. Абулфайзи Байҳақӣ таҷлили ҷашни Садаро дар аҳди султон Масъуди Ғазнавӣ дар соли 1030 чунин тасвир кардааст: “Мир фармуд то саропарда ба роҳи Марв бизананд. Бар сефарсангии лашкаргоҳ ва Сада наздик буд. Сада ҷашнест, ки тамоми шоирон ва нависандагон онро дар асарҳои худашон ба пуррагӣ инъикос намудаанд.

Асоев Комрон – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment