Дар замони Истиқлолият ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намуд.

«Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадимӣ бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст».

Эмомалӣ Раҳмон.

 Дар замони Истиқлолият ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намуд.

Мардуми ориёӣ давоми ҳазорсолаҳо ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро ботантана таҷлил мекарданд. Мутаассифона, бо ғасби арабҳои бодиянишин ва нуфуз пайдо кардани дини ислом таҷлили ҷашнҳои мазкур, ба ҷуз Наврӯз аз миён рафтанд. Вале Наврӯз ҳам бо дигаргуниҳои зиёде боқӣ монд. Дар ин самт саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Ҳаминро ёдовар гардидан бамаврид аст, ки тавассути ин марди хирадманд Наврӯзи Аҷам – Наврӯзи тоҷикон тавонист ба иди байналмилалӣ табдил ёбад. Акнун иди мазкур ҳамчун оғози соли нав, оғози фарорасии кишту кор, зиндашавии табиат дар аксарияти мамолики ҷаҳон ботантана қайд мегардад. Баробари иди Наврӯз идҳои дигар – Меҳргон, Тиргон ва Сада низ аз нав эҳё гардида, ба таври пуршукӯҳ таҷлил мегарданд. Ҳарчанд дар маъхазҳои таърихӣ дар бораи рӯзу баргузории ҷашни Сада ба таври мукаммал чизе гуфта нашуда бошад ҳам, баъзе маълумот оварда шудаанд. Аз ҷумла, зикр гардидааст, ки ҷашни Сада сад рӯз қабл аз Наврӯз барпо гардида, мардум ин рӯзро бо фараҳу хурсандӣ истиқбол менамоянд. Гулхан афрухта, болои он меҷаҳанд. Ва ба ин васила гӯё бори гуноҳ, кина, ҳасаду дурӯғи худро сӯзонида, бо тани пок ба зиндагии нав ворид мегарданд. Бархе ба он ақидаанд, ки сад рӯз ин 50 рӯз ва 50 шаб аст ва дар якҷоягӣ садро ташкил менамояд. Ва дар ин рӯз мардум дастовардҳои меҳнатии худро ба намоиш бароварда, базму тараб доир мекунанд, гулхан афрӯхта, гирди он суруд мехонанду мерақсанд. Хуллас, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёр гардидани миллати тоҷик бо сарварии Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол боз ин ҷашни таърихӣ низ таҷлил мегардад. Мувофиқ ба гуфтаи муаррихон ҷашни Сада ба 29-30-уми январ рост меояд.

Ҷашни сада яке аз бузургтарин суннатҳои волои мардумони ориёитабор маҳсуб мешавад. Пайдоиш ва решаи иҷтимоии ин ҷашн бештар ба корҳои кишоварзӣ, бо рӯзгори қадимаи ин мардумон пайванди ногусастанӣ дорад. Бояд тазаккур дод, ки Сада вожаи форсии тоҷикӣ аст. Дар форсии миёна, форсии бостон ва Авесто вожаи “сат” ба маънии “сад” яъне адади “сад” корбаст шудааст. Маъхазҳои адабии таърихӣ ва манбаъҳои бостонӣ собит месозанд, ки ҷашни Сада дар даврони ибтидоии ҷамъияти инсонӣ дар байни қавму қабоили мардумони эронитабор, ки ба корҳои зироатдорӣ барвақт шуғл варзидаанд, пайдо шудааст. Аз рӯйи иттилои гоҳшуморон ҷашни Сада ба муносибати “аз хонаи зимистониаш убур намудани хуршед” ва ба баҳор майл кардани он ҷашн гирифта мешудааст, ки ин ҳолати табиат дар натиҷаи баробар шудани шабу рӯзи зимистонӣ ба амал меояд. Аз рӯйи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ инсон гӯё ҷашни Садаро ба муносибати “аз дӯзах ба рӯйи олам баромадани зимистон” оташ афрӯхта, ҷашн мегирифтаанд. Дар ин ҷашн моддаҳои хушбӯйро бухор мекардаанд, ки зимистон ба хубӣ сипарӣ гардад ва ба мардум осебу зиёне нарасад.

Аз рӯйи иттилои Абулқосим Фирдавсӣ пайдоиши оташ ба шоҳи пешдодӣ Ҳушанг иртибот дорад. Ҳушанг дар шикор бо ҳамроҳонаш мори сиёҳи бузургеро бар сари роҳ мебинад. Ӯ сангеро гирифта бошиддат ба сӯйи мор партоб карда, онро аз байн бурдан мехоҳад. Санги ба ҷониби мор партофтаи Ҳушанг кора намекунад ва ба санги дигар бармехӯрад. Аз сангҳо шарора бархоста, хору хаси хушки атроф оташ мегиранд. Мор мегурезад, шоҳ ва ҳамроҳонаш дар атрофи оташ бо тааҷҷубу ҳайрат бо ҷашну сурур то ҳангоми шаб давра нишаста, намегузоранд, ки он хомӯш шавад. Аз он замон ин ҷашнро Сада ном ниҳода, дар ҳамин ҳангом ҳар сол ба посдории оташ ҷашн барпо мекунанд ва онро падидаву ҳадяи ҳурмуздӣ дониста, қиблаи хеш қарор медиҳанд.

Дар баъзе ривоятҳо пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун ва даврони салтанати ӯ нисбат медиҳанд. Заҳҳок, ки шоҳи ҷоҳил ва одамхӯр буд, ҳар рӯз барои морони ӯ ду нафар шахсони бегуноҳро қатл намуда, аз мағзи сари онҳо барои моронаш ғизо таҳия мекарданд. Армоил, вазири Беварасп – Заҳҳок яке аз ин одамонро дар кӯҳи Дамованд пинҳон карда, ба ҷойи онҳо гӯсфандеро кушта, аз мағзи сари он ба морони Заҳҳок медиҳад. Вақте ки Фаридун Заҳҳокро нобуд кард ва бар тахт нишаст, хост Армоилро низ ҷазо диҳад. Ӯ қазияро ба шоҳ баён кард. Барои рост будани гуфтаҳои Армоил шахсони аз марг наҷотёфтаи ӯ шабонгоҳон ҳар кадоме дар кӯҳи Дамованд оташ афрӯхтанд, ки ҳисоби онҳо ба сад мерасид. Ҳамин тавр, ба сабаби аз марг наҷот ёфтани сад нафар одамони бегуноҳ ҷашне баргузор намудани Фаридун ва номи онро Сада гузоштанд, ба расмият даромадани онро манбаъҳои адабии таърихӣ собит сохтаанд.

Мувофиқи иттилои Ибни Мискавайҳ ҷиҳати баргузории ҷашни Сада шоҳони эронитабор дар талу пушта ва ҷойҳои баланди шаҳрҳо ҳезуми бисёреро болои ҳам чида, онҳоро бо тасмаҳои оҳанин мебастанд. Дар болои онҳо зоғ ва ҳар гуна парандаҳоро аз пояшон баста мемонданд. Дар пой ва нӯлҳои паррандагон чормағзро кофта, дарунашро бо пахтаи нафтолуд пур мекарданд ва бо ресмоне ба пойҳову гардани паррандагон овезон менамуданд. Дар базмгоҳ сутунҳои аз шамъҳои ранга озинбастаро мегузоштанд. Баробари фаро расидани вақту соати ҷашни Сада оташро дар як вақт, ҳам дар базмгоҳ ва ҳам дар талу теппа фурӯзон мекарданд. Чормағзҳоро даргиронда, паррандагонро раҳо медоданд. Шаби тор мисли рӯз равшан мегардид.

Ҷашни Сада то ҳамлаи муғул ва ба сари қудрат нишастани шоҳони бегонанажод дар дарбор ва байни халқ чун ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо анъаноти деринаи ориёӣ таҷлил мегардид. Султон Маҳмуд ва писараш Масъуд, ки диндорони мутаассиб буданд, бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани дини Ислом бисёр анъанаҳо ва суннатҳои бостонии мардумони ориёиро манъ карда буданд, ки яке аз онҳо ҷашни Сада мебошад.

Ҷашни Сада то ҳол дар байни зардуштиёни Ҳинду Эрон баргузор мегардад. Мардумони Варорӯд онро бо номҳои дигар чун ҷашни “Ҳут”, “Чаҳоршанбеи охирон”, “Чаҳоршанбеи сурӣ”, “Аловпарак” ва “Оташафрӯз” таҷлил менамоянд. Тоҷикон ҳеҷ гоҳ ба оташ беэътиноӣ намекунанд. Нур ва оташ яке аз муқаддасоти мардумони ориёӣ аст. Ҳамин тавр, ҷашни Сада муждадиҳандаи Наврӯз арзёбӣ гардидааст.

Шоқурбонова Ҷ.Ш. – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment