Мирзо Турсунзода – мунодии сулҳ. М. Турсунзода (2.05.1911-24.09.1977) – шоири шинохтаи шӯравии тоҷик. Шоири халқии ҶШС Тоҷикистон (соли 1961), Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ (соли 1967). Лауреати мукофоти Ленинӣ (соли 1960) барои достони «Ҳасани аробакаш» (соли 1954) ва «Овози Осиё» (соли 1956) ва Сталинӣ дараҷаи дуюм (соли 1948) барои шеъри «Қиссаи Ҳиндустон», «Ганг», «Одамон аз ғарби тира меоянд…», «Тара-чандри», «Боғи муаллақ дар Бомбай», «Дар хотираи инсонӣ». Узви ВКП(б) аз соли 1941. Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, вакили Шӯрои Олии ИҶШС даъватҳои 2-9 (аз соли 1946), аъзои КМ ҲК Тоҷикистон, Раиси Кумитаи Шӯравии якдилии давлатҳои Осиё ва Африқо, аъзои Кумитаи Шӯравии ҳифзи сулҳ, аъзои Кумитаи умумииттифоқии мукофоти Ленинӣ ва давлатии ИҶШС дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Шӯрои Вазирони ИҶШС, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии ҳифзи сулҳи Тоҷикистон, раиси Кумитаи сарфарозгардонии мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, аъзои ҳайати таҳририяи китобхонаи шоирони нашриёти «Нависандаи шӯравӣ» ва китобхонаи 200-ҷилдаи адабиёти ҷаҳонӣ, аъзои ҳайати таҳририяи асосии қомуси шӯравии тоҷик, узви ҳақиқии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1951), лауреати мукофоти байналхалқии Неру (соли 1967), лауреати мукофоти комсомоли Ленинии Тоҷикистон (соли 1971), аъзои президиуми ИҶУ (ВСМ), аъзои Иттифоқи нависандагони ИҶШС (аз соли 1934), котиби

Мирзо Турсунзода – мунодии сулҳ. М. Турсунзода (2.05.1911-24.09.1977) – шоири шинохтаи шӯравии тоҷик. Шоири халқии ҶШС Тоҷикистон (соли 1961), Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ (соли 1967). Лауреати мукофоти Ленинӣ (соли 1960) барои достони «Ҳасани аробакаш» (соли 1954) ва «Овози Осиё» (соли 1956) ва Сталинӣ дараҷаи дуюм (соли 1948) барои шеъри «Қиссаи Ҳиндустон», «Ганг», «Одамон аз ғарби тира меоянд…», «Тара-чандри», «Боғи муаллақ дар Бомбай», «Дар хотираи инсонӣ». Узви ВКП(б) аз соли 1941. Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, вакили Шӯрои Олии ИҶШС даъватҳои 2-9 (аз соли 1946), аъзои КМ ҲК Тоҷикистон, Раиси Кумитаи Шӯравии якдилии давлатҳои Осиё ва Африқо, аъзои Кумитаи Шӯравии ҳифзи сулҳ, аъзои Кумитаи умумииттифоқии мукофоти Ленинӣ ва давлатии ИҶШС дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Шӯрои Вазирони ИҶШС, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии ҳифзи сулҳи Тоҷикистон, раиси Кумитаи сарфарозгардонии мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, аъзои ҳайати таҳририяи китобхонаи шоирони нашриёти «Нависандаи шӯравӣ» ва китобхонаи 200-ҷилдаи адабиёти ҷаҳонӣ, аъзои ҳайати таҳририяи асосии қомуси шӯравии тоҷик, узви ҳақиқии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1951), лауреати мукофоти байналхалқии Неру (соли 1967), лауреати мукофоти комсомоли Ленинии Тоҷикистон (соли 1971), аъзои президиуми ИҶУ (ВСМ), аъзои Иттифоқи нависандагони ИҶШС (аз соли 1934), котиби правления (аз соли 1959), Раиси правленияи Иттифоқи нависандагони ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1946). Бо се Ордени Ленин, Ордени Инқилоби Октябр, се Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду Ордени «Нишони ифтихорӣ», медалҳои зиёд, аз ҷумла хориҷӣ, Ордени Ҷумҳурии халқии Булғор «Кирилла ва Мефодия» дараҷаи II. Қаҳрамони Тоҷикистон (соли 2001, пас аз фавт). Соли 1978 ба муносибати гиромидошти нависанда ба номаш шаҳре гузошта шуд. Инчунин халқи тоҷик хидматҳои содиқонаи ин фарзанди барӯманди худро қадр намуда, донишгоҳ, шаҳр ва кӯчаву хиёбонҳоро ба номи ӯ гузоштааст.

Расми Мирзо Турсунзода дар пули коғазии яксомона ҷой дода шудааст. Соли 2011 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии Мирзо Турсунзода дар Тоҷикистон ва тамоми олам ҷашн гирифта шуд.

Фаъолият: шоир. Самт: реализми сотсиалистӣ. Жанр: шеърнависӣ. Забони эҷод: тоҷикӣ. Эҷоди аввалин: маҷмуи шеърҳои «Байрақи зафар» (соли 1932). Эҷодиёти машҳур: достони «Офтоби кишвар» (соли 1936), достони «Хазон ва баҳор» (соли 1937), маҷмуи «Шеърҳо» (соли 1939), достони «Барои Ватан!» (соли 1941), достони «Писари Ватан» (соли 1942), достони «Арӯс аз Маскав» (соли 1945), силсилаи шеърҳо «Қиссаи Ҳиндустон» (солҳои 1947-1948), силсилаи шеърҳои «Ман аз Шарқи озод» (соли 1950), достони «Ҳасани аробакаш» (соли 1954), достони «Овози Осиё» (соли 1956), достони «Чароғи абадӣ» (соли 1957), достони «Ҷони ширин» (соли 1960), достони «Аз Ганг то Кремл» (соли 1970).

Бо забонҳои тоҷикию русӣ навиштааст. Қариб ҳамаи эҷодиёти ӯ бо забони русӣ тарҷума шуда, якчанд маротиба дар органҳои нашриётии ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ, маҷмуаҳои адабӣ, инчунин китобҳои алоҳида чоп шудааст. Ба забони тоҷикӣ бисёре аз эҷодиёти нависандангони рус ва нависандангони ҷумҳуриҳои ИҶШС – Пушкин, Шевченко, Некрасов, Ҷамбул, Шота Руставели, Ш. Рашидов, Зулфия ва дигаронро баргардон намудааст.

Мирзо Турсунзода 19-уми апрел (2-юми май)-и соли 1911 дар оилаи устои сангтарош, чармгару чармдӯз – Турсун, дар деҳаи Қаротоғ (ноҳияи Регари пешин, ҳоло ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон), бекигарии Ҳисор, аморати Бухоро, империяи Русия таваллуд ёфтааст. Таваллуди Мирзо барои усто Турсун беҳад хурсандӣ овард. Ӯ писари ягонаи падар буд.

Маҳаллаи онҳо Чармгарон ном дошт ва хонаи усто Турсун дар ҳамин мавзеъ, дар лаби рӯд ҷой гирифта буд. Мирзо солҳои кӯдакиашро ёд карда мегӯяд: «Падарам бисёр мехост, ки ман босавод шавам». Аз ин хотир Мирзо аз 6-солагиаш ба мактаби куҳна меравад ва диққати ӯро аз хурдӣ зебоии манзараҳои гирду атрофи куҳсорон, бозиҳои ҳархелаи бачагони деҳ ба худ ҷалб мекард. Аз он ки Мирзо писари ягонаи падар буд, усто Турсун ӯро баъди дарс ҳар ҷое, ки мерафт, ҳамроҳ мебурд. Ӯ бачаи зираку хушзеҳн буда, чизи шунидаашро дар хотираш нигоҳ медошт. Соли 1920 ба сари Мирзои хурдсол мусибати вазнине омад. Модараш аз касалии вабо вафот намуд: «Ин рӯзи ғамангез, — мегӯяд шоир, — як умр дар лавҳаи хотирам нақш баст». Усто Турсун бошад, хонаашро «бехосият» гуфта, соли 1921 ба гузари Шӯробдара кӯчид. Бинобар ин то соли 1925 таҳсили минбаъдаи шоир дар масҷиди Ҳоҷӣ Юсуф, ки дар ҳамон гузар воқеъ буд, давом мекунад. Мирзо, ки аз мактаби куҳна саводи хуб гирифта буд, пас аз барқарор шудани Ҳукумати Шӯравӣ ба мактаби нав дохил шуд ва бомуваффақият таҳсилашро давом дод. «Таҳсили ман дар мактаби нав дер давом накард, -мегӯяд ӯ. — Ман ва ду рафиқи шарикдарсам хондан, навиштан ва ҳисоб карданро зуд азхуд намудем. Бинобар ин дигар нишастан ҳамроҳи онҳое, ки нав ба хондани алифбо шуруъ карда буданд, бароямон дилгиркунанда намуд. Ва мо қарор додем, ки ба Душанбе равем».

Солҳои 1926-1927 таҳсили Мирзо дар интернат ва техникуми педагогии шаҳри Душанбе давом мекунад. Дар ин давра ҷаҳонбинии фикрию сиёсиаш баланд гардида, бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба Дорулмуаллимин (Институти муаллимтайёркунӣ)-и шаҳри Тошканд фиристода мешавад.

Мирзо Турсунзода солҳои 1927-1930 дар институт таҳсили илм намуда, соҳиби дониши пурраи омӯзгорӣ мегардад. Соли 1930 Институти муаллимтайёркунии шаҳри Тошкандро хатм намуда, ба Душанбе меояд ва дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба вазифаи мудири шӯъбаи оммавӣ ва баъдтар котиби масъул кор мекунад. Рӯзнома дар мукаммалшавии дониши адиби ҷавон кӯмаки калон мерасонад. Аз соли 1935 дар вазифаҳои сардори мудирияти корҳои санъати Тоҷикистон ва аз соли 1946 то охири умраш вазифаи раиси правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро адо кардааст. Ӯ дар бадали сию як соли фаъолияти кориаш чун арбоби барҷастаи давлатию ҷамъитӣ ба бисёр мамлакатҳо сафар намуда, доир ба дӯстию рафоқат, муҳофизати сулҳ саъю кӯшиши зиёде кардааст. Мирзо Турсунзода моҳи сентябри соли 1977 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Дар маросими дафни ин марди бузург дӯстон, ҳамкасбон аз ҳар гӯшаю канори дунё иштирок карданд, ашки ҳасрат рехтанд. Адибони тоҷик ва дигар кишварҳои дунё дар вафоти устод Мирзо Турсунзода марсияҳои ҷигарсӯзе эҷод кардаанд, ки дар зер намунаи эҷоди як зани сайёра – шоираи Украин Светлана Йовенкоро бо номи «Ёди шоир» чун муште аз хирвар меорем:

Ҳамин шаб дар замини ту, ки васфаш кардаӣ зебо,

Нагашта пайкарат сарду нагашта ғарқи ашк асло.

Калону хурд мегирянду мегирянд шоирҳо.

Шавам то зӯру даркорӣ, мадагорам шав, эй Мирзо!

Ҳамин шаб дар заминат – кишвари ақлу хирадмандон

Бигиряд дар замин булбул, бигиряд моҳ дар Кайҳон.

Чӣ сон аз дард имшабро расонам то саҳар осон.

Шавам то ман хирадманде, мададгорам шав, эй Мирзо!

Ба пешат омадам шодон, ки бошам шод бо халқат.

Вале ҳайҳот бо андуҳ кашам фарёд бо халқат.

Шитобон омадам пешат, ки табрикат кунам аз сар,

Валекин менависам «Ширии сум»1 рӯйи гулчанбар.

 

Имрӯз марқади Мирзо Турсунзодаро дар Лучоби хушманзар хурду калон ва меҳмонони зиёд зиёрат мекунанд.

Мирзо Турсунзода чун шоир, мутафаккир, фарзанди бовафои халқу миллат тамоми ҳастияшро барои баланд бардоштани маданияту адабиёти тоҷик бахшидааст. Ҳиссаи М. Турсунзода чун муборизи матин дар роҳи муҳофизати сулҳу амнияти халқҳои ҷаҳон калон аст. Ӯ дар чандин конгрессу симпозиумҳои байналхалқӣ ширкат варзида, аз номи халқи тоҷик суханронӣ намудааст. Мавқеи ҷамъиятии ӯ чун паҳнкунандаи ғояҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон машҳур аст.

Нависандаи бузурги қирғиз – Ч. Айтматов мегӯяд: «Ба хотири шоири бузург, Мирзо Турсунзода, ки роҳи моро дар адабиёт бо нури илҳом ва эъҷози сухан мунаввар кардааст, сари таъзим фуруд меорам».

 

***

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ботантана ба ифтихори 100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, 14.10.2011 1000, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз! Меҳмонони муҳтарам! Мо ҳанӯз зери таъсири файзбахши ҷашни бошукуҳи 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон қарор дорем. Ин ҷашн ва руҳияи тавонои созандагӣ дар саросари мамлакат устувории сулҳу ваҳдат ва муттаҳидии мардуми шарифамонро ба таври боварибахш собит сохт.

Ҷашнвораи имрӯзаи моро, ки ба ифтихори 100-солагии қаҳрамони Тоҷикистон, суханвари бузург, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ, фарзанди арҷманди миллати тоҷик Мирзо Турсунзода барпо мегардад, метавон идомаи мантиқии тантанаҳои истиқлолияти давлатиамон арзёбӣ кард. Ин табиист, зеро осори Мирзо Турсунзода саропо аз андешаҳои истиқлолхоҳӣ барои мардуми ҷафодидаи Машриқзамин ва ваҳдати халқи ҷаҳон саршор аст. Ҳоло бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми шеърдӯсту адабпарвари Тоҷикистони азизро бо ҷашни фархундаи якасраи шоири бузурги халқамон Мирзо Турсунзода, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмони байналмилалии ЮНЕСКО сурат мегирад, самимона табрик мегӯям. Барои ман боиси ифтихори бузург аст, ки дар ду ҷашни пуршукуҳ – маҷлисҳои ботантанаи 90-солагӣ ва 100-солагии шоири шаҳирамон устод Мирзо Турсунзода ширкат ва суханронӣ менамоям. Ҳанӯз даҳ сол пеш дар бузургдошти устод гуфта будам: «Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард». Солҳое, ки сипарӣ шуданд, ҳаққонияти гуфтаҳои болоро борҳо собит намуданд. Мирзо Турсунзода ба насли дуюми адибони садаи бисти тоҷик шомил буда, дар радифи Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода дар як давраи пур аз тазод ва муборизаҳои дохилӣ ба арсаи адабиёт қадам ниҳода буд. Ва ӯ ҳамчун шогирди ду абармарди адабиёти муосир – Садриддин Айнӣ ва Абдулқосим Лоҳутӣ тавассути адабиёту матбуот ба хизмати халқу Ватан камар мебандад. Мирзо Турсунзода ва ҳамсафонаш бо муҳаббат ва ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ бо эҷоди ҳар як асар ва ширкат дар сохтмонҳои азим хиштҳои нахустини созандагии Ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро мегузоштанд, ба мардум руҳу тавон мебахшиданд. Дар ин айёми ҷашну сурур аз шахсиятҳои таърихӣ, инсонҳои равшанзамир ва машъалдорони роҳи озодиву истиқлолият, бунёдгузорони Тоҷикистони нав, парчамбардорони матини илму адаб ва фарҳанги миллии тоҷикон бо сипосгузорӣ ёдовар шудан амри воҷиб аст. Зеро ин фарзандони бошарафи халқи тоҷик поягузорони кишвари маҳбуби мо ба шумор мераванд.

Дар ин ҳалқа фарзанди шарафманди миллати тоҷик Мирзо Турсунзода, ки барои хизматҳои бузург дар инкишофи адабиёт ва тарғиби ғояҳои сулҳу дӯстии халқҳо ва густариши нуфузи байналхалқии Тоҷикистон дар радифи устод Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров сазовори унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст, мақому мавқеи шоиста дорад. Мирзо Турсунзода ҳамнафасу ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва имрӯз низ бо осори пурмазмунаш ҳамзамони мост. Ӯ иштирокчии фаъоли ҳаракати адабии солҳои навсозии Тоҷикистон буд ва нахустин маҷмуаи шеъру ҳикояҳояш таҳти унвони «Байрақи зафар» ҳанӯз дар соли 1932 дар Душанбе интишор ёфт. Минбаъд Мирзо Турсунзода дар баробари ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон пайваста рушду камол ёфт ва дар олами илму адаб ва сиёсати байналмилалӣ яке аз тобноктарин ситораҳои мамлакати паҳновар гардид. Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир ва донишманд, арбоби ҷамъиятӣ ва публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Академияи илмҳои Тоҷикистон, қаҳрамони меҳнат, дорандаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва дигар ҷоизаҳои олии давр, аз ҷумла ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст. Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст. Агар мо ҷараёни зиндагии ӯро аз ибтидо то охир аз назар гузаронем, равшан мебинем, ки он намунаи олии пайванди шоир бо ҳаёти халқ мебошад.

Мирзо Турсунзода яке аз аввалин суханвароне буд, ки дар мавзуи муборизаи озодихоҳонаи ранҷбарон бар зидди зулму ситам ва талаби адолати иҷтимоӣ драмаи «Шӯриши Восеъ»-ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ офарид. Дар асоси ин асар нахустин операи миллӣ дар таърихи санъати тоҷик эҷод гардид, ки он ҳанӯз ҳафтод сол муқаддам дар аввалин Даҳаи санъати Тоҷикистон дар шаҳри Москва намоиш дода шуд ва муваффақияти бузург ба даст овард. Шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода аз ғояҳои олии ватанпарастӣ ва инсондӯстӣ саршоранд. Шоир дар сурудаҳои худ бо садоқати бепоёни фарзандӣ шаҳомату бузургии Ватанро васфу тараннум менамояд. Вақте вай ба арсаи эҷод ворид гардид, на танҳо адабиёти навини тоҷик ташаккул меёфт, балки худи Тоҷикистони тозабунёд дар роҳи тараққиёт қадамҳои аввалин мениҳод. Осори пурмуҳтавои ӯ аслан таърихи бадеии Тоҷикистон аст. Обшор кардани заминҳои ташналаб, бунёди роҳу пулҳо, сабзу хуррам гардонидани водиҳо, таъсиси нахустин хоҷагиҳои дастаҷамъӣ, арзи вуҷуд намудани корхонаву донишгоҳҳо ва дигар корномаҳои ҳамзамонон дар шеъру достонҳои устод таҷассум ёфтаанд. Соли 1953, дар рӯзҳое, ки 75-солагии устод Садриддин Айнӣ ҷашн гирифта мешуд, Мирзо Турсунзода гуфта буд: «Хеле кам иттифоқ меафтад, ки тарҷимаи ҳоли як нафар ба тарҷумаи ҳоли халқаш чунин мувофиқ бошад». Ин суханон ба худи Мирзо Турсунзода ҳам пурра тааллуқ доранд.

Зиндагинома ва кору пайкори ӯ таърихи зиндаи миллати мо дар асри бист мебошад. Дар бисёр шеърҳои абадзиндаи ӯ, махсусан дар достони баландмазмуни «Ҳасани аробакаш» таҳаввулоти азими сарнавишти миллати тоҷик дар асри гузашта бисёр дақиқ ва моҳирона тасвир шудааст. Ҳамзамон бо ин, шоири башардӯст дар хонаи дили худ меҳру муҳаббати мардуми заҳматкаши ҷаҳонро низ ҷой дода буд. Аз ин ҷост, ки сухани пурэъҷози шоир ифодагари руҳи замон ва таҷассумгари дарду виҷдони аҳли башар буд. Тасодуф нест, ки тақдир ба зиммаи ӯ вазифа ва масъулияти пуршарафро гузошта буд, то мақсаду мароми зиндагиашро ба хизмати дӯстӣ ва бародарии мардуми олам, бахусус халқҳои Осиё ва Африқо бахшад. Мирзо Турсунзода нахустин маротиба бо силсилаи ашъори марғуби «Қиссаи Ҳиндустон» ба адабиёти ҷаҳонӣ пайваст ва ба дили мардуми некиродаи дунё роҳ ёфт. Зеро ин асари ӯ бо баландии ғоя ва бадеият на танҳо ифодагари ормонҳои мардуми ҳинд, балки мардуми озодихоҳи дунё буд. Аз ин ҷост, ки адиби бузурги ҳинд Мулк Роҷ Ононд баъди мутолиаи ин асари шоири тоҷик бо сипоси самимӣ иқрор шуда буд: «Кош дар бораи Ҳиндустон ман мисли шоири тоҷик асаре менавиштам».

Шоир барҳақ фармуда буд, ки «Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре». Боз афзуда буд, ки «Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор». Ин ишораҳо барномаи фаъолияти эҷодӣ ва рисолати шаҳрвандии ӯ буданд. Аз ин ҷост, ки Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири маҳбуби халқи тоҷик, балки чун арбоби матиниродаи роҳи сулҳу ваҳдат дар ақсои олам ном баровард. Ба андешаи ман, дар баробари истеъдоди худодод фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, омӯзиши адабиёти ҳазорсола олами маънавии Мирзо Турсунзодаро хеле пурғановат гардонида, ҷаҳонбиниашро фарохтар сохт. Албатта ҳеҷ шахсият, алалхусус шахсияти оламшумуле ба мисли устод Турсунзода, дар ҷойи холӣ ба воя намерасад. Шоири мубориз суннатҳои миллӣ, адабиёти шифоҳӣ ва классикии тоҷику форс, беҳтарин дастовардҳои адабиёти ҷаҳониро фаро гирифта, таҷрибаи эҷодии суханварони бузургро дар рӯзгор ва фаъолияти адабии худ корбаст кардааст. Донишу таҷриба ва ситораи гарму дили пурмуҳаббати ӯ имкон доданд, ки ӯ сабақҳои дипломатияи давлатӣ ва мардумиро ба ҳам моҳирона омезиш дода, дар гуфтор ва муомилаву муоширати худ бо табақаҳои мухталифи ҷомеа, сиёсатмадорон ва роҳбарони олирутбаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон бо камоли донишмандӣ ва назокат риоя намояд. Ин аст, ки каломи муассиру ҷозибадори шоири шаҳири тоҷик дар ақсои гуногуни олам аз минбарҳои баланд садо дода, маҳбубияти хоса касб кардааст. Ғояҳои олии умумиинсонӣ – ҳифзи сулҳу амонӣ, ҳимояи манфиатҳои аҳли заҳмат, ҳисси масъулият нисбат ба сарнавишти инсон ва дӯстиву ҳамкории халқҳо дар ашъори Мирзо Турсунзода бо камоли истеъдод ва санъати сухан ифода ёфтаанд. Дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавзуи Ватан бо тамоми бузургӣ ва зебоияш тасвир шуда, мақоми асосӣ дорад. Силсилаи шеърҳои ба табиати диёр, манзараҳои нотакрор ва рӯду обшорон бахшидаи шоир самимияту садоқати ӯро ба сарзамини азизаш ифода месозад. Устод Турсунзода ба ҳайси раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиёву Африқо ҳамчун қосиди сулҳу дӯстӣ ба кишварҳои хурду бузурги дунё сафар мекард, лекин дар ҳама ҷо дили ӯ ба ёди Ватан метапид:

 

Вале ман дар ҳама ҷо,

Дар ҳама кунҷу канори даҳр

Ҳамеша бо Ватан будам,

Ҳамеша бо Ватан масрур.

Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири бузурги ватандӯст ва халқпарвар, муборизи фаъоли роҳи сулҳ ва оромиву осудагии ҳаёти ҷамъият соҳиби обрӯву иззат, эътибори баланд ва шуҳрати ҷаҳонӣ гардид. Аз нимаи дуюми солҳои сиюми асри XX – аз ҳамон давроне, ки фашизм дунёро ноором сохта, баъзе мамлакатҳои Аврупо ва Ғарбро зери по кард ва ба сари мардум бадбахтиҳо овард, Мирзо Турсунзода дар асарҳояш ба ҷангу ҷидол ва хусумату душманӣ сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародариро муқобил гузошт. Шоири сулҳпарвари мо халқҳои ҷаҳонро бар зидди фашизм даъват мекард, то ки решаи манҳуси ҷангро аз беху бунаш бурида, парчами сулҳро ба олам устувор созанд. Дар он даврони пуртаҳлука Мирзо Турсунзода дар Париж ҳамроҳи нависандагон ва олимони маъруф, аз қабили Жолио Кюри, Александр Фадеев, Иля Эренбург дар кори аввалин конфронси умумиҷаҳонии ҳомиёни сулҳ иштирок ва дар ҳимояи сулҳу осоиш суханронии басо таъсирбахш карда буд. ҳамин тавр, Мирзо Турсунзода – шоири сулҳпарвари мо дар сафи пеши ҷабҳаи мубориза бар зидди зулму ситам қарор гирифта, ҳамчун муборизи матини ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди халқҳои тамоми ҷаҳон маъруф гардид. Мавзуи асосии эҷодиёти ӯ – ситоиши дӯстиву бародарӣ, озодиву истиқлолият ва мубориза алайҳи низоъангезону тахрибкорон имрӯз низ, яъне дар замони мо аҳамияти худро гум накардааст.

Осори шоир насли наврасро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳимояи Ватан, ҳуввияти миллии хеш ҳушёр, зирак ва дурандеш бошанд. Шоир Ватани худ – Тоҷикистони куҳсору офтобиро ҳамчун як ҳиссаи ҷудонашавандаи Шарқ ва ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мешуморад, ки дар доираи сиёсати он замон тарғиби ин ғоя кори чандон осон набуд. Шахсияти шоири ватандӯст дар он зоҳир мешавад, ки дар ҳар шеъри ӯ меҳру муҳаббати Тоҷикистон баръало ба мушоҳида мерасад.

Мирзо Турсунзода доираи мавзуъ ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро вусъат дода, манзараҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои хориҷиро бо афкори нав ва аз дидгоҳи тоза ба адабиёти мо ворид сохт ва ба ин васила мактаби нави адабиро ба вуҷуд овард. Ҷавҳари хоси ин мактаб шинохти гузаштаи халқи худ, рушди забон, фарҳанг, адабиёти куҳанбунёд ва суннату анъанаҳои миллии мо мебошад. Сабақи дигари ин мактаби адабӣ иборат аз он аст, ки шеъру сиёсатро ба ҳам омезиш дода, адабиётро ҳамчун воситаи муассири муттаҳид кардани ҷомеа ва ташаккули афкори умум нерӯманд гардонид. Мавзуи сулҳу ваҳдат, накӯкориву созандагӣ ҳамчун шиори мардуми фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷик ба осори адиби башардӯсти мо ҷилои тоза мебахшад.

Мо ба ин ҷиҳати осори Турсунзода ва пайравони мактаби ӯ бояд эътибори хоса диҳем. Имрӯз дар сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ мароми сулҳ, ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва дӯстиву бародарӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва мо барои татбиқи пайгиронаи он кӯшиш менамоем. Ба ин маънӣӣ шеърҳои устод Турсунзода ҷавҳари суннатҳои неку писандидаи сулҳпарваронаи халқи моро ифода месозанд. Чунончи, шоир дар ин маврид гуфтааст:

 

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

 

Шоир аз мавзуъҳои миллӣ то масоили байналмилалӣ изҳори андеша карда, шеъру достон, асарҳои саҳнавӣ, филмномаҳо, мақолаҳои илмиву адабии худро ба нерӯи азими маънавӣ мубаддал намуд.

Мероси гаронбаҳои адабии Мирзо Турсунзода дар давраи мо ба муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти халқ ва давлат ҷавобгӯ мебошад.

Шеъри ӯ ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам мезанад, шодиву нишоти моро ифода мекунад ва бо қалбҳои мо ҳамсадо мешавад.

Дар замони мо, ки ваҳдати миллӣ ба яке аз рукнҳои сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, эҷодиёти шоир ба иттиҳод ва бародарии мардуми мамлакат мусоидат мерасонад.

Шоири ҳақиқӣ ҳамчун парчамбардори адабиёту фарҳанги миллӣ дар дили халқаш ҳамеша зиндаву поянда аст. Мирзо Турсунзода ҳамин гуна адиби мубориз, шахсияти барҷаста ва инсони наҷиб буд. Аз ин рӯ, ӯ маҳбуби халқи тоҷик ва мардумони сулҳпарвару озодихоҳи олам гардидааст.

Бегазанд мондани ном ва осори Мирзо Турсунзодаро ҳаёт ба хубӣ собит менамояд. Чун гиромидошту рамзи посдории хизматҳои шоистаи Мирзо Турсунзода ба номи ӯ шаҳр, донишгоҳу мактабҳо ва кӯчаву хиёбонҳо гузошта шудаанд ва муҳимтар аз ҳама, шеъри ӯ пайваста вирди забони мардуми тоҷик аст.

Мирзо Турсунзода тафаккури фарогири курраи Замин ва дили дардошное дошт ва шеъри ин шоири нобиға шеъри миллат ва чунонки гуфта будам, шеър барои инсоният аст.

Ашъори оташбори ин вассофи сулҳу дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамдилии мардуми олам ва шеъри ин сипаҳсолори назми замони худ ба 60 забони халқҳои дунё тарҷума шудааст.

Аз рӯзи вафоти устод беш аз сӣ сол гузашт, вале хизмату талошҳои ӯ мисли Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқи ҷаҳон беш аз пеш ҷилвагар мегардад. Аз ин рӯ, ӯ барҳақ Қаҳрамони Тоҷикистон эътироф гардидааст.

Шеъри ӯ дар эъмори ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибихтиёр низ нерӯбахши мардум буда, бо мо ҳамқадаму ҳамсафар аст. Ба ибораи дигар, Мирзо Турсунзода бо шеъри ваҳдатсози хеш ҳамзамони мо, ҳамзамони наслҳои нави халқи тоҷик боқӣ мемонад.

Устод Мирзо Турсунзода 100-сола шуд. Ҷашни пуршукуҳи якасраи ӯ воқеан ҷашни сухан, ҷашни сухани ваҳдатсозу миллатдӯстона, ҷашни сулҳу амонӣ дар ҷаҳон ва ҷашни нангу номуси ватандорӣ мебошад.

Дар ниҳояти калом, бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба роҳбарияти созмони байналмилалии ЮНЕСКО барои қадршиносии хизматҳои шоистаи устод Мирзо Турсунзода, ки дар айни замон қадршиносии адабиёти муосири тоҷик мебошад, изҳори сипос намоям.

Бигзор, номи муборак ва осори арзишманди Мирзо Турсунзода ҳамчун қосиди сулҳи даврони мо аз насл ба насл ва аз аср ба аср идома ёфта, умри абадӣ ёбад.

Бигзор, каломи оташин, мавзун ва нобу шевои Мирзо Турсунзода қалби мову Шумо, тамоми халқи тоҷик ва ҷаҳонро софу мунаввар ва чун ойина пурҷило гардонад!

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов 7-уми майи соли 2001 ба Шоири халқии Тоҷикистон, ходими намоёни ҷамъиятӣ, академик Мирзо Турсунзода унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Leave a Comment