Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2019 бо иштироки васеи ВАО доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма – хабарнигорон аз телевизиони «Баҳористон», «Синамо», «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо», рӯзномаҳои «Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», радиои «Тоҷикистон», радиои Ховар», АМИТ «Ховар», НИАТ «Ховар», маҷаллаи «Тоҷикистон», раёсати донишгоҳ, декани факултетҳо, сардори Маркази иттилоот ва нашри донишгоҳ, Сардорони идораҳо ва мудирони шӯъбаҳои дахлдор иштирок намуданд.

Ибтидо Ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О. дар бораи фаъолияти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар нимсолаи дуюми соли 2019 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Сипас хабарнигорон бо саволҳои гуногун муроҷиат намуданд. Асосан саволҳои аз ҷониби намояндагони ВАО пешниҳодгардида доир ба масъалаҳои тадбирҳо дар бораи эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ҳамкории донишгоҳ бо донишгоҳҳои хориҷӣ, шароити хобгоҳҳои донишгоҳ, бо ҷойи кор таъмин гардидани хатмкардагони таҳсилоти буҷавӣ, теъдоди патентҳое, ки аз ҷониби устодони донишгоҳ гирифта шудааст, дастгирии устодони ҷавон ҳангоми ҳимояи корҳои илмӣ, тавсияҳо ба мактаби миёна, назари роҳбарияти донишгоҳ нисбат ба фаъолияти Маркази миллии тестӣ ва монанди инҳо буд.
Ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О., муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал – Саъдуллозода Ш.С., муовини ректор оид ба тарбия – Ашурзода А.Н., муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ – Шарифов Ш.Қ. ва дигар мутасаддиёни идораву шӯъбаҳои донишгоҳ ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.
Боиси зикр аст, ки фаъолияти донишгоҳ дар намуди слайди намоишӣ (презентатсия) ва видеоролик дар тахтаҳои электронии толори маҷлисӣ ба намоиш гузошта шуд ва дар давоми нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО аз он низ маълумот гирифта тавонистанд.
Дар охир ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О. ба намояндагони ВАО миннатдории худ ва аҳли коллективи донишгоҳро баҳри ҳамкориҳои судманди доимиашон баён дошт.
Маркази иттилоот ва нашр.