Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳи пойдори тоҷикон. Э. Раҳмон (5.10.1952) – арбоби давлатии тоҷик, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон (солҳои 19921994), Президенти сеюми Тоҷикистон (аз 16-уми ноябри соли 1994). 7-умин Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон (аз 27-уми ноябри соли 1992 то 16-уми ноябри соли 1994). Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб (аз 2-юми ноябр то 19-уми ноябри соли 1992). Ҳизбият: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Маълумот: олии иқтисодӣ, Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон). Сомона: http://www.president.tj/. Диният: Ислом. Мукофот: Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Орденҳо – Ордени «Қаҳрамонии миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд», Ордени «Достық» дараҷаи I (Қазоқистон, 4-уми октябри соли 2002), Кавалери Салиби калони Ордени Се ситора (Латвия, 9-уми июли соли 2009), Ордени Шӯрои олимпии Осиё, Ордени княз Ярослави Хирадманд дараҷаи I (Украина, 3-юми декабри соли 2008), Ордени «Барои хизматҳо» дараҷаи І (Украина, 15-уми декабри соли 2011), Ордени ифтихории Иттифоқи байналхалқии нақлиёти автомобилӣ, Ордени «Моҳи Ҳилол ва ситора»-и Кумитаи байналхалқии мубориза бар зидди терроризм, маводи мухаддир ва ҷиноёти экологӣ «INTERSAFETY», Ордени Ҳайдар Алиев (соли 2012, Озарбойҷон), Ордени Президенти Туркманистон «Битараплық» (соли 2012, Туркманистон), Лента ордени Ҷумҳурии Сербия (соли 2013, Сербия); Медалҳо ва дигар

Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳи пойдори тоҷикон. Э. Раҳмон (5.10.1952) – арбоби давлатии тоҷик, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон (солҳои 19921994), Президенти сеюми Тоҷикистон (аз 16-уми ноябри соли 1994). 7-умин Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон (аз 27-уми ноябри соли 1992 то 16-уми ноябри соли 1994). Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб (аз 2-юми ноябр то 19-уми ноябри соли 1992). Ҳизбият: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Маълумот: олии иқтисодӣ, Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон). Сомона: http://www.president.tj/. Диният: Ислом. Мукофот: Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Орденҳо – Ордени «Қаҳрамонии миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд», Ордени «Достық» дараҷаи I (Қазоқистон, 4-уми октябри соли 2002), Кавалери Салиби калони Ордени Се ситора (Латвия, 9-уми июли соли 2009), Ордени Шӯрои олимпии Осиё, Ордени княз Ярослави Хирадманд дараҷаи I (Украина, 3-юми декабри соли 2008), Ордени «Барои хизматҳо» дараҷаи І (Украина, 15-уми декабри соли 2011), Ордени ифтихории Иттифоқи байналхалқии нақлиёти автомобилӣ, Ордени «Моҳи Ҳилол ва ситора»-и Кумитаи байналхалқии мубориза бар зидди терроризм, маводи мухаддир ва ҷиноёти экологӣ «INTERSAFETY», Ордени Ҳайдар Алиев (соли 2012, Озарбойҷон), Ордени Президенти Туркманистон «Битараплық» (соли 2012, Туркманистон), Лента ордени Ҷумҳурии Сербия (соли 2013, Сербия); Медалҳо ва дигар мукофот – Медали тиллоии Федератсияи байналхалқии сулҳ ва ризоият «Ба ифтихори барқароркунии сулҳ ва ризоият дар байни мардум», Медали тиллоии Парламенти Ҷумҳурии Мисри Араб, Медали тиллоии «Блохин» (соли 2010) — «барои саҳми барҷаста дар рушди тандурустӣ ва дастгирии илмҳои тиб», Медали тиллоии ҷашнии ба номи Абуалӣ Сино — «барои саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва мустаҳкамкунии ҳамкориҳо бо ЮНЕСКО», Медали «Барои ҳамкорӣ дар рушди илм» (соли 2001), Медали «10-солагии Остона», Медали тиллоии Кумитаи олимпии Чин (соли 2012), Ситораи ёқутии «Сулҳовар», Нишони ифтихории Иттиҳоди давлатҳои мустақил (соли 2007), Мукофоти байналхалқии Пётри Кабир; Ҷоиза ва дигар унвонҳои ифтихорӣ – Ҷоизаи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид, Ҷоизаи Фонди байналхалқии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия, Дохтори ифтихории Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко (соли 2008), Президенти ифтихории Федератсияи Осиёимарказии самбо (соли 2009), Профессори ифтихории Донишгоҳи Давлатии куҳии Урал (соли 2009), Профессори ифтихории Донишгоҳи Давлатии Маскав (соли 2009), Профессори ифтихории шарқшиносӣ дар Донишкадаи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия (соли 2009), Профессори ифтихории Донишгоҳи Синтсзян (соли 2010), Профессори ифтихории Донишкадаи Давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон (соли 2012).

Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Мактаби миёнаро хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро баъди итмоми омӯзишгоҳи касбию техникии №40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд) ба ҳайси барқчии корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намудааст. Солҳои 1971-1974 дар Флоти Уқёнуси Ором хизмат карда, пас аз итмоми хизмати ҳарбӣ дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст. Соли 1982 Эмомалӣ Раҳмон факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд. Солҳои 1976-1988 котиби раёсат, раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ кор кард. Аз соли 1987 Эмомалӣ Раҳмон директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара таъин шуда, дар ин вазифа то соли 1992 фаъолият бурд.

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум интихоб мешавад.

Пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон кишвар ба оғӯши ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ҳокимияти марказии ҷумҳурии ҷавон аз уҳдаи идоракунии он набаромад. Чандин маротиба намояндагони Ҳукумат ба мардуми башӯромада хоҳиши парокандашавиро намуданд, аммо вазъият соат ба соат вазнинтар мегардид. Мухолифин дар ҳайати қувваҳои демократию исломӣ ба ҳукумати қонунӣ фишор меоварданд ва дар натиҷа ин қувваҳо ба маҳалҳо кӯчида, ранги маҳалгароиро гирифт. Он ба сӯйи ҷануби кишвар таҳвил шуд. Қувваҳои беруна ва иғвоангезони хориҷӣ ҷонибҳоро ҷанг меандохтанд.

Тирамоҳи соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон Раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб шуд. Аз 16-уми ноябр то 2-юми декабр дар Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми «оштидиҳанда»и Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб намуданд. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини кориаш барои оташбасу сулҳ, баргардонидани гурезагон ва тинҷию оромии ҷумҳурӣ камар баст.

6-уми ноябри соли 1994 дар Тоҷикистон барои Сарқонуни нав райъпурсии умумихалқӣ ва интихоботи президентӣ доир шуд. Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 58,7% овозҳо (барои Сарқонун 95,7% интихобкунандагон овоз доданд) дар интихобот ғолиб баромада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Моҳи феврал-марти соли 1995 дар кишвар интихоботи парламентӣ баргузор гардид.

Ҳамин тариқ, ҳукумати нави давлати ҷавони тоҷикон паҳлӯи ҳам бо мардуми меҳнатқаринаш рӯз ба рӯз такмил ёфта, ба сӯйи комёбиву осоиштагӣ, тинҷию амонӣ ва барқароркунии иқтисодиву бартарафкунии оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ қадам мезад. Эмомалӣ Раҳмон барои истодагарӣ ба ваъдаҳои додааш дар Иҷлосияи тақдирсоз шабу рӯз меҳнат карда, барои халосӣ аз ин вартаи мудҳиши нобасомониҳо андешаронӣ мекард. 27-уми июни соли 1997 бо талошҳои зиёди Эмомалӣ Раҳмон ва давлатҳои дӯст байни ҳукумати қонунии Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик сулҳ баста шуд ва он рӯз чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа ҳамасола таҷлил мегардад. Мухолифин ба корҳои роҳбарии ҳукумати ҷумҳурӣ ҷалб ва ҷанги шаҳрвандӣ ба охир расонида шуд.

Аммо қувваҳои ҳарбӣ таҳти фармондеҳони гуногун ба таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ халал мерасониданд ва ҳар замон байни якдигар ҷангҳои беамон мебурданд. Таҳти роҳбарии полковник М. Худойбердиев дар ҳудуди вилояти Суғд ноябри соли 1998 мақсади ғасби ҳокимият ба амал омад, ки дар натиҷа қувваи ҳарбии ӯ аз ҷониби артиши ҳукуматӣ пахш ва худи ӯ бо як қисми одамонаш ба давлати ҳамсоя – Узбакистон паноҳ бурд. Ҳоло ҳам барои тинҷии кишвар кор кардан лозим буд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Эмомалӣ Раҳмон барои тинҷиву оромӣ мекӯшид.

Охири моҳи сентябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон ба муддати як сол ба мақоми ҷонишини раиси Ассамблеяи генералии СММ интихоб шуд.

Дар интихоботи президентии рӯзи 6-уми ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон аз нав дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ (бо гирифтани 96,9%) овозҳо бори дуюм ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар давоми солҳои баъдина аз давраи хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ Эмомалӣ Раҳмон мавқеи сиёсиро мустаҳкам намуд.

6-уми ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба муҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон яке аз камбағалтарин ҷумҳуриҳои иттифоқӣ буд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз 60 то 150 ҳазор ҷони одамонро рабуд. Зарари он ба 7 млрд долл., баробар шуд, ки буҷаи 18-солаи кишварро ташкил медод. Мушкилоти аввалиндараҷа дар Тоҷикистон камбизоатӣ буд. Мувофиқи маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ, ки сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар соли 1999 тадқиқ гардид, дар ҷумҳурӣ 83% аҳолӣ камбизоат буд. Бо мақсади бартарафкунии камбизоатӣ соли 2002 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии коркардаи ҳукумат тасдиқ гардид. Мувофиқи усули баҳодиҳии талаботи асосии ҳавлидорон сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2003 ба 72,4%, соли 2007 то 53,5% ва соли 2011 ба 45% паст карда шуд.

Иқтисодиёти Тоҷикистон аз воситаҳои коркардаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар вобастагии амиқ қарор дошт. Вобаста ба ҳисоботи соли 2011 ва маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ аз рӯйи фоизнокӣ нисбат ба ММД Тоҷикистон аз интиқоли маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ пешсаф шуд, ки он 47% аз ММД ҷумҳуриро ташкил дод.

Моҳи августи соли 2011 Шӯрои аврупоӣ доир ба муносиботи байналхалқӣ Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони «Лидери асри XXI» сарфароз гардонд.

Зари таҳрири Т. Назаров дар Тоҷикистон шаш китоб нашр гардид: «Эмомалӣ Раҳмон – наҷотбахши миллат» (давраи солҳои 1992-1995-ро дарбар мегирад), «Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ» (солҳои 1996-1999), «Эмомалӣ Раҳмон – оғози марҳилаи созандагӣ» (солҳои 2000-2003), «Эмомалӣ Раҳмон – соле, ки ба қарнҳо баробар аст» (соли 2004), «Эмомалӣ Раҳмон: соли фарҳанги ҷаҳонӣ» (соли 2005) ва «Эмомалӣ Раҳмон: соли тамаддуни ориёӣ» (соли 2006). Нашри ин китобҳо ба 15-солагии истиқлолияти кишвар, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва Соли тамаддуни ориёӣ, ки аз ҷониби Президенти кишвар соли 2006 эълон шуда буд, бахшида шуд.

21-уми марти соли 2007 Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо зиёиёни тоҷик қайд намуд, ки «зарур аст ба решаҳои фарҳангии худ баргардем ва топонимикаҳои миллиамонро истифода барем». Дар ин робита ӯ ному насаби худро ба асли тоҷикӣ – Эмомалӣ Раҳмон тағйир дод.

Баҳри самаранок ва бехалал ташкил кардани раванди дарсҳо ва таълим дар донишгоҳу донишкада ва коллеҷу литсею мактабҳои ҳамагонӣ омадани мактаббачагону донишҷӯён ба дарсҳо бо телефони мобилӣ ва мошинҳои шахсӣ манъ карда шуд. Ҳамин сол Эмомалӣ Раҳмон қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Чумҳурии Тоҷикистогн»-ро пешниҳод кард. Ин пешниҳод боиси камхарҷтар ва сарфакорона гузаронидани тамоми анъанот ва ҷашну маросимҳо гардид. Акнун бо харҷи кам гузаронидани маъракаҳо боиси беҳ шудани буҷаи оилаю давлат мегардад.

Моҳи июли соли 2009 президент ба парламент лоиҳаи қонуни нави забонро пешниҳод намуд. Дар муроҷиатномаи телевизионӣ бахшида ба 20-солагии солгарди қонуни якуми забон ӯ қайд кард: «Ба бузургии миллат метавон он вақт ҳукм кард, ки намояндагони он чӣ қадар забони миллии худро ҳифз ва эҳтиром мекунанд». Сардори давлат гуфт: «Вақти он расидааст, ки мо низ мисли дигар давлатҳои пешрафта ва мутамаддин барои тозагии забони давлатӣ кӯшем, онро дар асоси меъёрҳои адабӣ ба тартиб дарорем ва ба ҳар гуна ғалатҳо дар гуфтору навишт хотима бахшем».

Ибтидои моҳи октябри соли 2009 парламенти кишвар қонун «Дар бораи забони давлатӣ»-ро қабул ва Президенти кишвар имзо кард.

Эмомалӣ Раҳмон чун мусулмони комил ва пайрави мазҳаби бузургтарини ислом – Ҳанафӣ соли 2007 дастур дод, то Қуръони каримро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва тафсир диҳанд. Ин амали нек арҷгузорӣ ба муқаддасоти исломӣ ва огоҳонии бештари аҳолӣ бо дини муъбини ислом буд. Китоби муқаддас пас аз тарҷума ба таври ройгон тақсим карда шуд.

Имрӯз мардуми тоҷик аз ин роҳбари хирадманду хушсалиқа, сарсупурдаи миллату Ватан, абармарди майдони сиёсат, қаҳрамони миллат ифтихор карда, дар пайрави ӯ қадам мезанад. Сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат сармашқи кору пайкори ҳар як тоҷикистонӣ аст. Дар роҳи ободкориву бунёдкориҳои азими аср, ба мисли нақбҳою роҳҳо, иншооти иқтисодию саноатӣ ва стратегӣ, нерӯгоҳҳои барқи обию марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва солимгардонӣ ва садҳои дигар мардум ҳамеша дар баробари роҳбари беназири худ равон аст. Пуштибони миллат ӯст ва пуштибони ӯ Худост.

Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович 11-уми декабри соли 1999 унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Оиладор ва падари нуҳ фарзанд аст.

 

Leave a Comment