Саҳми бунёдгари академик Бобоҷон Ғафуров дар эҳёву густариши таърих ва тамаддуни тоҷикон. Б.Ғ. Ғафуров (31.12.1909- 12.08.1977) — ходими давлатӣ ва ҳизбии шӯравӣ, шашум котиби аввали КМ Ҳизби Коммунисти ҶШС Тоҷикистон (дар давраҳои аз 16-уми августи соли 1946 то 24-уми майи соли 1956). Донишкадаи умумииттифоқии коммунистии рӯзноманигориро хатм намудааст (соли 1935), таърихшинос, директори Донишкадаи шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС. Дар макотиби олии Тоҷикистон корҳои педагогӣ бурда, бо рӯзноманигорӣ машғул шудааст. Соли 1936 ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони сурх», дар як вақт, аз октябри соли 1936 дар кори роҳбарии сектори чопи Шуъбаи ташвиқу тарғиби КМ ҲКТ фаъолият намудааст. Аз ноябри соли 1937 мудири шуъбаи чопу нашри КМ ҲК Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Бехудоёни Тоҷикистон», солҳои 19411944 – котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон доир ба таблиғот, солҳои 1944-1946 – котиби дуюм, солҳои 1946-1956 – котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон. Дар як замон аз соли 1948 то моҳи апрели соли 1951 котиби якуми кумитаи вилоятии Сталинободии ҲК (б) Тоҷикистон. Дар съезди 19-ум ва 20-уми ҳизб аъзои КМ ҲКИШ интихоб гардид. Вакили Шӯрои Олии ИҶШС, даъватҳои 2-5 ва 7-ум. Котиби собиқ – Д.З. Протопопов. Котиб пас аз ӯ – Т.У. Улҷабойев. Таваллуд: 18 (31)-уми декабри соли 1909, д. Исписор, уезди Хуҷанд, вилояти Самарқанд (Империяи Русия). Модараш – шоира Розия Озод (с.т. 1893). Вафот: 12-уми июли соли 1977 (дар синни 68-солагӣ) дар ш. Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС. Ҳизбият: аъзои ҲКИШ (аз соли 1932).

Фаъолияти академӣ: корҳо доир ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна ва таърихи ислом. Доктори

Саҳми бунёдгари академик Бобоҷон Ғафуров дар эҳёву густариши таърих ва тамаддуни тоҷикон. Б.Ғ. Ғафуров (31.12.1909- 12.08.1977) — ходими давлатӣ ва ҳизбии шӯравӣ, шашум котиби аввали КМ Ҳизби Коммунисти ҶШС Тоҷикистон (дар давраҳои аз 16-уми августи соли 1946 то 24-уми майи соли 1956). Донишкадаи умумииттифоқии коммунистии рӯзноманигориро хатм намудааст (соли 1935), таърихшинос, директори Донишкадаи шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС. Дар макотиби олии Тоҷикистон корҳои педагогӣ бурда, бо рӯзноманигорӣ машғул шудааст. Соли 1936 ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони сурх», дар як вақт, аз октябри соли 1936 дар кори роҳбарии сектори чопи Шуъбаи ташвиқу тарғиби КМ ҲКТ фаъолият намудааст. Аз ноябри соли 1937 мудири шуъбаи чопу нашри КМ ҲК Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Бехудоёни Тоҷикистон», солҳои 19411944 – котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон доир ба таблиғот, солҳои 1944-1946 – котиби дуюм, солҳои 1946-1956 – котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон. Дар як замон аз соли 1948 то моҳи апрели соли 1951 котиби якуми кумитаи вилоятии Сталинободии ҲК (б) Тоҷикистон. Дар съезди 19-ум ва 20-уми ҳизб аъзои КМ ҲКИШ интихоб гардид. Вакили Шӯрои Олии ИҶШС, даъватҳои 2-5 ва 7-ум. Котиби собиқ – Д.З. Протопопов. Котиб пас аз ӯ – Т.У. Улҷабойев. Таваллуд: 18 (31)-уми декабри соли 1909, д. Исписор, уезди Хуҷанд, вилояти Самарқанд (Империяи Русия). Модараш – шоира Розия Озод (с.т. 1893). Вафот: 12-уми июли соли 1977 (дар синни 68-солагӣ) дар ш. Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС. Ҳизбият: аъзои ҲКИШ (аз соли 1932).

Фаъолияти академӣ: корҳо доир ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна ва таърихи ислом. Доктори илмҳои таърих (соли 1949). Китоби асосӣ – «Тоҷикон», ки ба таърихи халқ бахшида шудааст. Раванди иттиҳоди тоҷиконро аз қабилаҳо ба як миллати воҳид анҷомнаёфта меҳисобад ва барои ин раванди созмони таърихи миллиро зарур мешуморад. Академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (соли 1951). Аз соли 1956 директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС. Худро чун мудири эҳтиёткор, қобили хомӯшкунии низоъ, «ташкилотчии боғайрат ва қобилиятнок» (И.М. Дяконов) «хирадманди шарқӣ» (Ф.А. Тодер) нишон додааст. Дар баробари ин ӯ ниҳоят сахтгир – то аз кор сабукдӯш кардани ҳамкорон буд. Дар ӯ роҳбарии насли сталинӣ ҳис мегардид. В.М. Алпатов директории Ғафуровро давраи беҳтарини ҳаёти донишкада меҳисобад. Дар замони роҳбарии Ғафуров дар донишкада бисёр ҳамкорони ҷавон, аз он ҷумла, собиқ бадарғашудагон ва ҳарбиёни муставфӣ пайдо шуданд. Аввалин маротиба сохтори лингвистикии махсус – Шуъбаи забонҳо созмон дода шуд. Сафарҳои шарқшиносони шӯравӣ ба давлатҳои тадқиқотӣ оғоз ёфт. Нашриёти адабиёти шарқ созмон ёфт.

Аъзо-корреспонденти АИ ИҶШС дар Шуъбаи илмҳои таърих (таърихи ИҶШС, бостоншиносӣ) аз 20-уми июни соли 1958, академики АИ ИҶШС дар Шуъбаи таърих (таърихи умумӣ) аз 26-уми ноябри соли 1968.

Солҳои охир ӯ амалан аз ҳама корҳо бо сабаби беморӣ даст кашид, ҳол он ки дар вазифааш то охири умр истод. Ҷонишини Ғафуров дар роҳбарии ИШ АИ ИҶШС Е.М. Примаков буд.

Соли 1974 коммунисти баландпоя – Б. Ғафуров Маккаро зиёрат намуда, унвони динии «ҳоҷӣ»-ро гирифт, ки ин ҳангомае барпо кард. Ин ҳодисаро чун муносибати самимӣ ба дин ва ҳам чун қадами сиёсӣ бо мақсади беҳтар намудани муносиботи ИҶШС ва Арабистони Саудӣ шарҳ доданд.

Дар ёддоштҳои И.М. Дяконов ин манзара чунин тасвир ёфтааст: «Дар натиҷаи оне, ки ӯ умри кӯтоҳи худро фаҳмид, ба КМ рафт ва диққати онҳоро ба он ҷалб намуд, ки Арабистони Саудӣ ҳоло бисёр аҳамияти сиёсӣ дорад ва мо доир ба он ягон ахборот надорем, ки он ҷо чӣ хоҳад рӯй дод. Ӯ пешниҳод намуд, ки чун мусулмон метавонад ба зиёрати Маккаву Мадина равад. Ба ӯ иҷозат доданд ва тарҷумони мусулмонро низ ҳамроҳ карданд. Бо ворид шудан ба Макка ӯ аллакай чунон нотавон шуда буд, ки ӯро дар атрофи муқаддасот бо занбар мебурданд. Ба Маскав баргашта, ӯ шахсони ба худ наздиктаринашро ба утоқи донишкада даъват карда, тақрибан чунин гуфт: — Ман агар котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон будам, ин ҳеҷ аст. Ман агар аъзои КМ ИҶШС будам, ин ҳеҷ аст. Ман агар академик будам, ин ҳам ҳеҷ аст. Аммо ман ҳоҷӣ ҳастам ва инро дар деҳаи ман қадр мекунанд ва барои ба Худо расидан ба Ватанаш баргашт».

Бобоҷон Ғафуров 12-уми июли соли 1977 дар Душанбе вафот намуд ва он ҷо дафн карда шуд.

Б. Ғафуров барои фаъолияти пурсамараш бо якчанд мукофот сарфароз гардонида шудааст: 6 Ордени Ленин, Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва ифтихорномаҳои зиёд. Инчунин баҳри зинда гардонидани номи ӯ соли 1978 дар вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) шаҳре ба номи ӯ гузошта шуд, ки пештар он номи Советободро дошт. Яке аз шаш Қаҳрамонони Тоҷикистон (пас аз марг) аст. Дар Донишкадаи шарқшиносии АИ Русия назди портрети Б. Ғафуров дар галереяи директорон расми тасвирёфтаи ӯ дар қолин ҳифз карда мешавад. Расми Бобоҷон Ғафуров дар пули миллии 50-сомона низ ҷой дода шудааст.

Тақдиру арҷгузорӣ ва бузургдошти фарзандони барӯманди миллат, ки умри гаронмояи худро сарфи миллати худ намудаанд, на танҳо сабабгори устувору пойдор гардидани ин ё он миллати алоҳида, балки боиси саодат ва рушду нумуи тамоми инсоният мегардад.

Алломаи замон, фарзанди фарзонаи миллат, академик, арбоби намоёни ҳизбию давлатӣ ва олими шинохта Бобоҷон Ғафуров тамоми фаъолияти серсоҳа ва пурсамари давлатӣ, илмӣ ва ҷамъиятиашро ба манфиати Тоҷикистон ва халқҳои гуногунмиллати он, зиёда аз ин, барои тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми тараққипарвари ҷаҳон бахшидааст.

Туфайли ҷасорату мардонагии академик Бобоҷон Ғафуров ва чанд тани дигар фарзандони сарсупурдааш асри гузашта ба қарни худшиносию эҳёи давдатдории тоҷикон мубаддал гардид.

Ба нақши оламшумули аллома дар инкишофи илми тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, аз ҷумла зикр кардааст: «Устод Бобоҷон Ғафуров дар радифи бузургтарин фарзандони Ватани мо қарор дорад. Агар Абулқосим Фирдавсӣ гузаштаҳои пурифтихори Ватанашро дар «Шоҳнома»-и безаволи худ пеши назари наслҳои нав ба нави инсонҳо ба ҷилва оварда бошад, айни ҳамин корро устод Бобоҷон Ғафуров дар китоби безаволи худ «Тоҷикон» бо санадҳои илмӣ анҷом додааст».

Нависандаи забардаст, шодравон Чингиз Айтматов барҳақ Тоҷикистонро бонки ҷаҳонии захираи интеллектуалӣ шуморидааст. Ва дар саргаҳи ҳамин бойигарии бебаҳо академик Бобоҷон Ғафуров қарор дорад, ки ҳар яки мо – имрӯзиён бо ному фаъолияти пурбаракати илмию давлатиаш ифтихор мекунем.

Халқи тоҷик дар тӯли таърихи тӯлониаш бисёр абармардони фарҳангу тамаддун ва нобиғагони илму маърифатро ба дунё овардааст, ки бо осори ҷовидонаашон на танҳо ба халқу кишвари худ хизматҳои пурарзиш анҷом додаанд, балки дар рушду нумуи илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд. Яке аз чунин абармардони таърих, сиёсатмадори маъруфи халқи тоҷик, олим ва мутафаккири бузурги Шарқ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Б. Ғафуров мебошанд, ки тамоми умри бобаракати худро ба хизмати халқу Ватан бахшидааст. Ин фарзанди фарзонаи миллат дар мансабҳои баланди ҳизбӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ адои вазифа намуда, пайваста кӯшиш ба харҷ додаанд, ки соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тараққӣ ёбанд, обрӯйи давлати тоҷикон дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он баланд бардошта шавад. Ташаккули миллати тоҷик, парвариши эҳсоси волои якдиливу ягонагӣ дар сокинони Тоҷикистон, таҳқиқу омӯзиши таърихи халқу миллат ва муайян кардани саҳми он дар тамаддуни башарӣ ҳадаф ва мароми зиндагии ин абармард буд.

Б. Ғафуров ҳамагӣ 68 сол умр дида бошад ҳам, аз он расо 50 солашро ба хизмати халқу Ватан, рушду нумуи Тоҷикистон ва илму фарҳанги он бахшидааст. Ӯ 15 сол дар ҳайати роҳбарон ва расо 10 сол сарвари аввали Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон буданд. Дар давраи роҳбарии Б. Ғафуров ҷумҳурӣ ба сарзамини иқтисодиёту фарҳангаш пешрафта, ба яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли пахта, консерваю мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, маркази муҳими истихроҷ ва коркарди фулузоти нодир табдил ёфт.

Бо тамоми шуҳрати ҷаҳонӣ доштан Б. Ғафуров пеш аз ҳама фарзанди арҷманду барӯманди тоҷикон маҳсуб мегардид. Ӯ дар айёми зиндагӣ барои худ ду ҳайкали ҷовидон гузошт: яке ҷумҳурии шукуфони Тоҷикистон аст, ки тараққиёти он аз бисёр ҷиҳат ба заҳматҳои Б. Ғафуров вобаста аст. Ва дигаре шоҳасари оламшумули «Тоҷикон», ки тамоми таърихи бисёрҳазорсолаи халқи моро дар ойинаи ростгӯ нишон медиҳад. Б. Ғафуров моро панд медод, ки Ватанро дӯст дорем, худогоҳу сарбаланд, ҷойгири сазовори падару бобоён бошем, аз тоҷику тоҷикистонӣ будани худ ифтихор кунем.

Дар ин маврид мухтасар қайд намудани хидматҳои аллома Б. Ғафуровро ҷиҳати масъалагузорӣ ба як қатор муаммоҳои ҳалталаби тадқиқи таърихи тамаддунҳо, махсусан маданият, фарҳанг, илм ва ҳаллу фасли асосноки онҳо зарурӣ меҳисобем. Чунончи ҳанӯз солҳои 40-ум дар овоне, ки устод Айнӣ дар масъалаи ба оламиён исбот намудани аслу насаб ва зодгоҳи Рӯдакӣ ҷаҳди беандоза ба харҷ медод, робита ва ҳамкории зичу судманди Б. Ғафуров ба ҳайси мудири шуъбаи таърихи Институти забон, адабиёт ва таърихи филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС возеҳу равшан ҷилвагар мегардад. Дар ин бора худи устод Айнӣ дар мақолаи худ «Ҷойи таваллуд, вафот ва тарбияи устод Рӯдакӣ» (Садои Шарқ, 1975) махсус таваққуф намуда, нақши Б. Ғафуровро алоҳида нишон додааст: «Номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърихи анҷумани дониши Тоҷикистон рафиқ Ғафурзода (Б. Ғафуров – О.К.) кори тафтиши қабри Рӯдакиро ба дасти худ гирифт…».

Соли 1958 комиссияи босалоҳият дар ҳайати 7 нафар кори худро дар масъалаи Рӯдакӣ ва ҷустуҷуҳои антропологии Панҷрӯд дар асоси хулосаҳои илман асоснокшуда хотима бахшид. Ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Б. Ғафуров, ки он сол вазифаи директории Институти шарқшиносии ИҶШС-ро бар уҳда дошт, барои дарёфти роҳи дурусти ҳалли муаммои мансубияти Рӯдакӣ мусоидат намуда, имконият фароҳам оварданд, ки назария ва фарзияҳои мавҷуда роҷеъ ба макони зисту ҷойи дафни шоир тасдиқи воқеии худро пайдо намояд. Дар ин бора санаде, ки аз ҷониби аъзоёни комиссия: А. Қаҳҳоров – ҷонишини раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода – раиси правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, М. Герасимов – профессор, антрополог, академик А. Мирзоев, С. Айнӣ ва боз 2 нафари дигар мураттаб гардида, нусхаи он бо изҳори сипосмандӣ ба аллома Б. Ғафуров ирсол гардидааст, гувоҳӣ медиҳад.

Корҳои басомонрасида самараи дилхоҳ ба бор оварда, барои таҷлили бошукуҳи 1100-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Рӯдакӣ ба манзури оламиён гардонидани аслу насаби ин фарзанди миллати тоҷик заминаи устувор гузошт. Маҳз хидматҳои шоёни ӯ буд, ки имрӯз ҷаҳониён Рӯдакиро чун фарзанди бузурги миллати тоҷик мешиносанд ва қадр менамоянд.

Солҳои фаъолияти Б. Ғафуров дар вазифаи котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон дар радифи рушди саноату меъморӣ, маданияту санъат, фарҳанг, сохтмонҳои калони саноатӣ илми ҷумҳурӣ низ ба сатҳи лозима бароварда шуд. Масъалаи сарҷамъ намудани олимони ватанӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани тадқиқоти бунёдӣ дар кишвар аз мақсадҳои аввалиндараҷаашон ба ҳисоб мерафт. Бо ин мақсад устод ба маҳдудиятҳои кадрҳои илмии ҳамонвақтаи кишвар нигоҳ накарда, новобаста аз он ки пешниҳоду дархост ҷиҳати ташкили Академияи илмҳои Тоҷикистон рад карда шуд, руҳафтода нашуд ва ба роҳбарияти марказ собит карда тавонистанд, ки барои таъсиси Академияи мустақил дар Тоҷикистон имкониятҳои лозима вуҷуд дорад. Натиҷа он гардид, ки кишвари мо низ маҳз бо ташаббуси устод на филиали АИ ИҶШС, балки соҳиби Академияи илмҳо гардад. Дар заминаи он минбаъд бо таъсиси бахшу шуъбаҳои мухталифи кимиёю астрофизика, риёзиёт, биология ва тавассути шуъбаҳои аспирантураю докторантура тайёр намудани кадрҳои илмию ватанӣ неруи тоза пайдо намуд.

Аз дигар иншооти муҳим, ки таъсиси онҳо бевосита бо номи устод пайвастагӣ дорад ва натиҷаи талошҳои ин фидоии миллат дар рушди илму фарҳанг аст, яке таъсиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигаре театри Лоҳутӣ ба шумор меравад.

Барои сарварӣ ба академия аз рӯзи таъсисаш Б. Ғафуров ба ҷуз устод Айнӣ, ки дар он сол аллакай узви ифтихории АИ Узбакистон буда, унвони доктори дошт, каси дигареро аз ӯ арзандатар намедид ва аз аввалинҳо шуда, Б. Ғафуров номзадии устод Айниро дар вазифаи Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дастгирӣ намуд.

Устод дар он солҳо баҳри пешрафти ҳаёти мадании кишвар зарурати неруҳои бузурги ақлониро эҳсос намуда, барои ҷалби мутахассисони варзида ва олимони шинохта пайваста кӯшиш мекард. Маҳз бо пешниҳоду ҳидоятҳояш чунин олимони забардаст монанди М.С. Андреев, А.А. Семёнов, Б.А. Литвинский, З.Ш. Раҷабов, С. Умаров ва дигарон, ки мактаби илмии эшон минбаъд дар тарбияи наслҳои нав нақши муҳим бозид, ба ҷумҳурӣ оварда шуданд.

Дар баробари омӯзиши таърих, тамаддун ва фарҳанги миллӣ аллома Б. Ғафуров дар масъалаи ҷамъоварӣ ва эҳёи нашри бузургтарин ганҷинаи маданияти миллӣ диққати ҷиддӣ медод. Бо ташаббуси устод савту суруди «Шашмақом» ба таври мукаммал иборат аз 6 мақом, дар 252 оҳанг ҳудуди 5 ҷилд байни солҳои 1949-60 интишор ёфт ва матни он ба нота дароварда шуд. Бо тавсияи ӯ ҳамчунин матни тоҷикию русии эпоси халқии «Гӯрғӯлӣ» омода карда шуд, ки он соли 1987 ба табъ расид.

Минбаъд мо идомаи пайкори ин олими забардастро дар самти густариши илм ба ҳайси директори Институти шарқшиносии ИҶШС мебинем. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба ин пажуҳишгоҳи бонуфуз устод пеш аз ҳама дар масъалаи ташкили илм ва таҳкими пояҳои моддию техникӣ ва зеҳнии ин муассиса аҳамият дода, самти фаъолияти тадқиқотиро таҳким бахшид. Дар ин давра бори нахуст дар таърихи ин муассиса маҷаллаи илмии «Современный Восток» (соли 1957) таъсис дода шуда, инъикоси муҳимтарин дастовардҳои тадқиқ тавассути он васеъ ба роҳ монда шуд. Таҳия ва нашри мероси арзишманди ниёгон низ вусъат ёфта, таҳти сарварии аллома силсилаи нодири «Ёдгориҳои осори хаттии Шарқ» ба нашр расиданд. Бо ин мақсад нашриёти махсус оид ба чопи адабиёт дар соҳаи шарқшиносӣ низ ташкил гардид, ки бунёди он бо номи устод Б. Ғафуров алоқаи зич дорад.

Марҳила ба марҳила дар ҷумҳуриҳои алоҳида таъсис гардидани шуъбаҳои шарқшиносӣ ҷиҳати омӯзиши фарҳангу маданияти шарқ, махсусан қитъаи Осиё такони ҷиддӣ бахшид. Аз соли 1960 минбаъд маърӯзаҳои пурмуҳтавои аллома Б. Ғафуров роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳалталаби таъриху маданият, робитаи тамаддунҳо, нақши бунёдгузори тамаддуни шарқ дар пешбурди маданияти ҷаҳонӣ дар ҳамоишҳои бонуфузи байналмиллалӣ баланд садо додаанд. Маърӯзаҳои «Дар бораи сабабҳои ирфоъ ва инқирози давлати Сомониён» (соли 1957), «Равобити таърихии Осиёи Миёна бо мамлакатҳои Шарқи Араб» (соли 1964), «Давраи Кӯшон ва тамаддуни ҷаҳонӣ» (соли 1968) ва дигарон дар илми муосир самтҳои нави таҳқиқро боз намуданд.

Дар самти омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар он солҳо ҳамкории зичи аллома бо Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият (ЮНЕСКО) хеле назаррас мебошад.

Аллома Б. Ғафуров бешубҳа чун дӯстдор ва донандаи хуби мероси ғановатманди аҷдоди барои омӯзиши онҳо низ таваҷҷуҳи махсус доштанд. Ҳанӯз дар солҳои оғози эҷодиёти бадеиву публитсистии худ ба он маъхазҳо такя мекарданд. Чунончӣ дар китоби «Муборизаи халқи тоҷик барои озодӣ ва истиқлолияти Ватани худ» дар такя ба «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ муҳимтарин ғояҳои озодихоҳии миллати тоҷикро ба тасвир кашидаанд. Минбаъд бо кӯмаку ташаббуси устод «Шоҳнома» дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба забони форсӣ дар «Силсилаи мероси хаттии шарқ» ба табъ расиданд (соли 1971). Дар ин равиш силсилаи тадқиқоти устод бевосита аз ҷониби ӯ ё зери назари б. Ғафуров ба монанди: «Фирдавсӣ – шуҳрат ва ифтихори маданияти ҷаҳонӣ» (соли 1972), «Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад ал-Берунӣ» (соли 1974), «Амир Хусрави Деҳлавӣ ва достони ӯ «Ҳашт биҳишт»» (соли 1971), «Мирзо Ғолиб – шоири бузурги Шарқ» (соли 1972), «Ал-Форобӣ дар таърихи маданият» интишор ёфтанд, ки аз ҷониби муҳаққиқон сазовори баҳои баланд гардиданд. Тарҷума ва нашри осори арзишманди аллома Б. Ғафуров ба монанди «Тоҷикон», «Дар бораи робитаҳои Осиёи Миёна бо Эрон дар замони Ҳахоманишиҳо», «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ» дар хориҷи кишвар далели равшани эътирофу эътибори ҷаҳонии ин олим буда, худ таълифи ин асарҳо ҳодисаи муҳим дар илми таърихшиносии миллии мо ба ҳисоб меравад.

Маҳз аллома Б. Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ дар давраи шӯравӣ ба таври мукаммал ба тадқиқи таъриху тамаддуни тоҷикон даст зад. Устод дар марҳилаи нави рушди илму фарҳанги тоҷик риштаи тоҷикшиносиро густариш бахшиданд. Аввалин падидаи некӯ дурахшони ин раванд эҷоди асари арзишманди устод Бобоҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» мебошад, ки соли 1947 дар шаҳри Сталинобод ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Дар илми таърихшиносии тоҷик арзиши баланди илмии китоби мазкур дар он ифода мегардад, ки «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» дар Маскав 3 маротиба – солҳои 1949, 1952, 1955 ба нашр расид, асар ба дарёфти Ҷоизаи давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пешбарӣ гардид.

Вале олими тавоною инсони нотакрор хоксориро пеша карда, иброз дошт, ки асар ҳанӯз нокомил асту он ба ҷоиза арзанда нест. Орзуи Б. Ғафуров офаридани як асаре буд, ки он илман асосноку фундаменталӣ бошад. Бо ҳамин орзуи наҷиб Б. Ғафуров ҷустуҷӯйи илмиро идома бахшида, ба сарчашмаҳои мухталифи илмию таърихӣ – дастнависҳо, бозёфтҳои бостоншиносӣ, катибаҳо, дастовардҳои тозаи лингвистика ва нумизматика, этнография ва ғайраҳо рӯ овард. Корҳои тадқиқотиро дар китобхонаю осорхонаҳои шаҳрҳои Деҳлию Париж, Мюнхену Мехико, Риму Афина, Пекину Ҳайдаробод, Тошканду Маскав, Самарқанду Душанбе идома дод. Устод заҳмати пурмашаққати сисолаи худро бо ба нашр расонидани асари дуҷилдаи «Тоҷикон» ҷамъбаст намуд. «Тоҷикон» соли 1972 аз ҷониби нашриёти «Наука»-и Маскав чоп гардид. Асари мазкур аввалин тадқиқоти мукаммал оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон мебошад. «Ин асар шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро такмил дод ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ руҳ бахшид». Бесабаб нест, ки роҳбари хирадманди кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дар як вақт бо устод Садриддин Айнӣ Бобоҷон Ғафуровро тақдир кард.

Бо як сухан устод Б. Ғафуров дар нимаи дуюми асри бистум туфайли асари арзишманди «Тоҷикон» ба тадқиқи таърихи бисёрсоҳаи халқи тоҷик роҳи васеъ кушод. Дар ин давра бостоншиносӣ, мардумшиносӣ барин шохаҳои илми таърих рушду нумуи тоза касб намуданд.

Агар шоҳасари Б. Ғафуров «Тоҷикон» номи халқи тоҷикро пояндаю ҷовид гардонида бошад, пас таърихчиёни имрӯза бо асарҳои баландғояи хеш паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Б. Ғафуровро омӯхта, номи устодро боз ҳам зиндаю ҷовид мегардонанд. Зеро чун саҳифаҳои ҳаёти сиёсӣ ва илмию ҷамъиятии ин мутафаккири бузурги Шарқро варақ мезанед, равшан дармеёбед, ки он тимсоли барҷастаи хизмат ба халқу диёр аст.

«Тоҷикон» на танҳо аз ҷониби аҳли илму фарҳанг, балки аз ҷониби халқи оддӣ низ гарму ҷӯшон пазируфта шуд. Воқеан ҳам аз кадом сокини ҷумҳурӣ китоби писандидатаринашро пурсед, вай бе ягон дудилагӣ шоҳасари «Тоҷикон»-ро ном мебарад. Барои таърихчӣ ин асар қомусу раҳнамо, барои шахси аз соҳаи илм дур китоби рӯзгори халқи қадимтарин, барои тоҷик, хоҳ олим бошаду хоҳ деҳқон, мояи ифтихору сарфарозӣ аст.

Дар ин радиф, дар илми таърихшиносии мо шохаи наве ба вуҷуд омадааст, ки он ғафуровшиносист. Барои рӯшанӣ андохтан ба фаъолияти серсоҳа ва пурсамари давлатӣ, илмӣ ва ҷамъиятии устод Б. Ғафуров олимони варзида – академик А. Мухторов, профессорон шодравон С. Аблуллоев, Ғ. Ҳайдаров, У. Ғаффоров, Ҳ. Холҷӯраев якчанд асарҳои пурарзишро ба нашр расониданд. Дар хориҷи кишвар нахустин маротиба соли 1977 олими Ҳинд Шаши Бҳушан дар бораи зиндагӣ, осор ва саҳми Б. Ғафуров дар пайванди миллату халқиятҳои Шарқ, нақши бемонанди аллома дар омӯзиши таърихи тамаддунҳо рисолаи пурарзиш ба чоп расонид. Ин мавзуъ мавзуи муқаддас аст. Зеро дар бораи одамони бузург навиштан ифтихор ва шаъну шараф мебошад.

Номи Б. Ғафуров таҷассуми ваҳдати миллии тоҷикон аст. Меҳнаткашони ҷумҳурӣ, бахусус аҳли илму фарҳанг, ҳаёти наҷибу ибратбахш ва мероси илмии Б. Ғафуровро ҳар қадар амиқ омӯзанд, ҳамон андоза ба пояҳои баланди худшиносии миллӣ мерасанд ва риштаҳои пайванди дӯстии байни тоҷикон, байни халқҳои ҷаҳон истеҳком меёбад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи аллома Б. Ғафуров барин фарзандони сарсупурдаи миллат гуфтаанд: «Мардони бузург дар баробари аз худ мерос гузоштани осори бадеӣ ё илмию фарҳангӣ боз бо ҷозибаю нерӯи заковати хеш ҷомеаро муттаҳид, якдилу якмаром месозанд, онро ба сӯйи созандагию офаридгорӣ, покизагии маънавӣ, ахлоқӣ ҳидоят менамоянд».

Академик Б. Ғафуров ба ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати мутамаддин ошно карда, алоқаи аҳли кишварро бо мамлакатҳои мутараққии олам ба роҳ монданд. Дар роҳи пешрафти иқтисодӣ ва илмию фарҳангии он хизматҳои шоиста ба ҷо оварданд. Устод садҳо шогирдони сазовор тарбия карда ба камол расондаанд, ки анъанаҳои мактаби роҳбарӣ ва илмии алломаро имрӯз онҳо бомуваффақият идома медиҳанд.

Дар тамоми умри бобаракати хеш ин марди бузург як соҳаи фаъолияти хешро аз дигараш ҷудо намекард. Лаҳзае аз кори илмӣ дур набуд. Гуфтан кофист, ки яке аз асарҳои пурарзиши худ — «Таърихи халқи тоҷик»-ро ӯ ҳангоми дар вазифаи серташвиши котиби аввали КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон кор карданаш таълиф намудааст. Вале истеъдоди фавқулоддаи Б. Ғафуров ҳамчун олим ва ташкилотчии илм дар мансаби сарварии Пажуҳишгоҳи Шарқшиносии Академияи фанҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бештар аён гашт. Мавсуф 21 сол роҳбарии ин бузургтарин маркази илмро бар уҳда дошт.

Барои он ки аҳамият ва қадру қимати хизматҳои академик Б. Ғафуровро дар ин даргоҳи илм аниқтару равшантар дарк карда тавонем, ёдовар шудани ҳамин нукта кофист, ки пажуҳишгохи мазкур на фақат таърих, забон, адабиёт, иқтисодиёт, фалсафа, маданият ва вазъи дирӯзу имрӯзи мамлакатҳои Осиё ва Африқоро меомӯхту тадқиқ мекард, садҳо китоб ба табъ мерасонд, барои ҳамаи ин кишварҳо мутахассисони варзида тайёр менамуд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Бобоҷон Ғафуров ҳаёт ва фаъолияти серсоҳаи худро на танҳо ба пешрафти иқтисодиёту маънавиёти Тоҷикистон бахшидаанд, балки ҳамчун олим ва сиёсатмадори оқилу доно сарфи озодию истиқлолият ва рушди илму тамаддуни бисёр кишварҳои Шарқи хориҷ ҳам кардааст.

Бояд таъкид кард, ки гиромидошти хотираи дурахшони Б. Ғафуров мактаби бузурги тарбияи худогоҳиву хештаншиносии таърихӣ ва миллист. Бинобар ин, моро зарур аст, ки хотираи ин фарзанди фарзонаи миллатро пос дорем, шоҳасари «Тоҷикон» ва дигар осори бегазанди устодро пайваста биомӯзем, аз ҳар лаҳзаву соати зиндагиву фаъолияти фидокоронааш сабақ бигирем.

Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳру муҳаббати самимии халқи кишварро нисбат ба фарзанди фарзонааш ифода карда чунин гуфтаанд: «Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд, ки онҳо ифтихори на танҳо миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми олам гардидаанд».

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов 8-уми сентябри соли 1997 ба таърихшинос ва шарқшиноси шинохтаи тоҷик, академик, муаллифи китоби «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

 

Leave a Comment