Имрӯз бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комили Ватан, ифтихори бузурги миллатдӯстӣ миллати тоҷик ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Варзиш гармии модарзодиро нерӯ мебахшад. Абуалӣ Сино нисбат ба варзиш ақида ва назарияи махсус дошт. Ӯ аввалин касест, ки ба варзиш ҳамчун илм баҳо додааст. Аслан, тандурустии инсон ва варзиш алоқаи ногусастанӣ дорад. Инсон ҳар қадар ҳаракат кунад, ҳамон қадар солиму бардам мешавад. Абуалӣ Сино мегӯяд: «Варзиш ҳаракати иродиест, ки ба зарурат боиси сахт ва пайдарпай нафас гирифтан бигардад. Ҳарки муваффақ шавад, то варзишро ба эътидол ва андар вақти худ ба кор барад, аз ҳар гуна муолиҷае бениёз хоҳад шуд, ки бо тақозои бемориҳои моддӣ ва миҷозии аз паси онҳо оянда лозим гардад. Ин тавфиқ ҳангоме хоҳад буд, ки дигар тадбирҳояш созгор ва дуруст бошанд!».

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26.12.2019 омадааст: ”Варзиш ба фаъолияти ҷавонон алоқамандии мустақим дорад. Мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем”.

Дар асоси Паёми Роҳбари давлат маълум мешавад, ки имрӯз дар кишвар 10 ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта, тайи солҳои 2011-2018 қариб 2200 иншооти соҳаи варзиш бунёд ва 1059 иншоот таъмиру таҷдид гардидааст. Дар соли 2019-ум 358 иншооти варзиш, аз ҷумла зиёда аз 200 иншоот дар пойтахти кишвар сохта шудааст.

Варзиш дар ҳаёти инсон, махсусан барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмӣ ва тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо хизмат мекунад.

Ҳангоми дуруст нигоҳ доштани бадан одам на танҳо хушқаду қомат ва зебо мешавад, инчунин нафасгирӣ осон мегардад, дил хуб кор мекунад, хун дар бадан озодона гардиш менамояд. Барои хушқаду қомат шудан варзиши пагоҳӣ, бозиҳои серҳаракат ва умуман варзиш кӯмак мерасонад.

Гузаштагони боору номуси тоҷик фарзанди худро дар қатори таълиму тарбияи маънавӣ инчунин ба тарбияи бадан маҳғул медоштанд, навъҳои варзиши гӯштин, ба якдигар ҳамла кардан, муштзанӣ, дам фурӯ бастан, тез роҳ рафтан, тирандозӣ аз камон, ҷаҳидан ба боло, ба чизе худро овезон нигоҳ доштан, якпоя роҳ рафтан, шамшербозӣ, найзабозӣ, аспсаворӣ, дастҷунбонӣ ва монанди инҳоро меомӯзониданд. Ин гуфтаҳо дар деворнигораҳои шаҳрҳои бостонии Саразм, Панҷакент, Ҳулбук, Леваканд, Ҳисор, Хуҷанд, Исфара, Шаҳристон, Кӯлоб ва ғайраҳо пурра таҷассум ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки варзиш барои инкишофу пешрафти ҳар як инсон, чӣ дар меҳнати ҷисмонӣ ва чӣ барои рушди маънавӣ мавқеи хосро дорост. Инсон пас аз анҷоми намудҳои гуногуни варзиш худро солиму бардам ва хушҳол ҳис менамояд.

Варзиш ҳамчун гарави саломатӣ пеши роҳи фарбеҳшавиро, ки аз ғизои носолим ва реҷаи нодурусти менат ба амал меояд, мегирад. Инсон дар синну соли мувофиқ бояд тану ҷисми мувофиқ ва солим дошта бошад.

Ф.М. Юнусов

Leave a Comment