Чоршанбиев С.Р. — номзади илмҳои техникӣ, ассистенти кафедраи “Электротаъминкунӣ” аз санаи 27.01.2020 то санаи 31.01.2020 тибқи даъватномаи Донишгоҳи Давлатии электротехникии Санкт- Петербурги “ИТЛ”, ш. Санкт-Петербург, Федератсияи Русия, ҷиҳати иштирок дар конференсияи байналмиллалии 2020 IEEE Conference of Russian Young Researchers in Electrical and Electronic Engineering (2020 ElConRus), ки дар заминаи Донишгоҳи Давлатии электротехникии Санкт-Петербурги “ИТЛ” (ш. Санкт-Петербург, Федератсияи Руссия) баргузор гардид, сафари хизматӣ дошт.
Санаи 27 январ конференсия
Чоршанбиев С.Р. — номзади илмҳои техникӣ, ассистенти кафедраи “Электротаъминкунӣ” аз санаи 27.01.2020 то санаи 31.01.2020 тибқи даъватномаи Донишгоҳи Давлатии электротехникии Санкт- Петербурги “ИТЛ”, ш. Санкт-Петербург, Федератсияи Русия, ҷиҳати иштирок дар конференсияи байналмиллалии 2020 IEEE Conference of Russian Young Researchers in Electrical and Electronic Engineering (2020 ElConRus), ки дар заминаи Донишгоҳи Давлатии электротехникии Санкт-Петербурги “ИТЛ” (ш. Санкт-Петербург, Федератсияи Руссия) баргузор гардид, сафари хизматӣ дошт.
Санаи 27 январ конференсия бо суханҳои ифтитоҳии раиси конференсия Шапошников Сергей Олегович оғоз ёфта. Ӯ дар баромади худ иштирокчиёни конференсияро, ки аз шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия, Арманистон, Ироқ, Қазоқистон, Туркия, Озарбойҷон, Олмон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки намоянда Чоршанбиев С.Р. буд, хайрамақдам гуфт. Инчунин номбурда оид ба саҳм гузоштани олимони ҷавон дар чунин конференсияи байналмилалӣ ва дар пешрафти соҳаи энергетика изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Конференсия аз 12 сексия иборат буд.
Санаи 28 январ сексияҳои конференсия кори худро давом доданд. Докторантон, аспирантон, магистрантон ва олимони ҷавон аз давлатҳои дар боло қайдшуда бо презентатсияҳои худ баромад намуданд.
Мувофиқи барномаи конференсия баромади Чоршанбиев С.Р. дар сексияи 9 буд.
Чоршанбиев С.Р. бо 4 мақолаи илмию таҳқиқотӣ (SCOPUS, IEEE) дар намуди презентатсия дар мавзӯъҳои Structural Evaluation of the State of Power losses in 0.4-220kV Electrical Networks of Khatlon Region, Republic of Tajikistan; Modeling and calculation of high-voltage 110-35 kV urban electric networks of Dushanbe-Republic of Tajikistan for analysis and assessment of power losses; Evaluation of Parallel Operation of OJSC “Pamir Energy” Power System With Electrical Networks of OSHC “Barki Tоjik” of The Republic Of Tajikistan; Structural analysis and assessment of technical power losses in 0.4-500 kV electric networks of the republican subordination areas in Tajikistan баромад намуд.
Чоршанбиев С.Р. иловатан дар баромади худ оид ба пешрафти соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои тарбия намудани мутахассисон дар соҳаи энергетика суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми конференсия дар шароити тантанавӣ иштирокчиёни конференсия, алалхусус Чоршанбиев С.Р. аз тарафи тадорукоти конференсия сертификати иштирокчии фаъоли конференсияи сатҳи байналмилалӣ (IEEE –Institute of Electrical and Electronics Engineers) сарфароз гардонида шуданд.
Натиҷаи конференсия дар намуди маҷмуаи мақолаҳо нашр мегардад, ки он ба базаи илмии SCOPUS ворид хоҳад гашт.
Дар рафти конференсия Чоршанбиев С.Р. бо раиси конференсия Шапошников С.О. ва муовини он Прыткова С.Н. вохӯрда, оид ба маҷаллаи илмии “Паёми политехникӣ” бахши таҳқиқоти муҳандисӣ (самти энергетика) сӯҳбат намуданд.
Ба раиси конференсия ва муовини он аз тарафи Чоршанбиев С.Р. чунин пешниҳод шуд: ҳамасола мақолаҳои беҳтарини самти энергетикаи маҷаллаи “Паёми политехникӣ” бахши таҳқиқоти муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бо забони англисӣ тарҷума намуда, ба конференсия равон намояд. Дар ҳолати тақризи мусбӣ гирифтани мақолаҳо онҳоро ҳамчун маводи конференсия чоп намоянд. Сабаб дар он аст, ки маводи чопшудаи конференсия ба базаи маводи SCOPUS, IEEE дохил мешавад.
Раис ва муовин пешниҳодро хуш пазируфтанд ва барои қавӣ гардонидани ҳамкориҳо пешниҳодоти худро низ гуфтанд.
Маркази иттилоот ва нашр.