Сада охирин ҷашни мавсимии сол қабл аз Наврӯз аст ва онро муҳаққиқон паёмовари Наврӯз медонанд. Ин ҷашни пешомади наврӯзӣ баъди чиллаи зимистон фаро мерасад ва онро маъмулан ҷашни оташафрӯзӣ меноманд. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат аст, ки баъд аз Шаби Ялдо, ки он аслан рӯзи таваллуди Меҳр (Митра) дар оини меҳрпарастӣ мебошад ва баъди ташаккули оини масеҳият онро ба рӯзи таваллуди Исои масеҳ табдил доданд, дароз шудани рӯз ва гарм шудани ҳаво ба вуқӯъ мепайвандад ва партавафшонии Хуршед ба Замин бештар мешавад. Дар қишри Замин ҳодиса ва пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ рух медиҳад, ки табиатро барои эҳё омода ва Заминро бордор месозад.Деҳқонон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани каналу заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, чошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, абзорҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо

Сада охирин ҷашни мавсимии сол қабл аз Наврӯз аст ва онро муҳаққиқон паёмовари Наврӯз медонанд. Ин ҷашни пешомади наврӯзӣ баъди чиллаи зимистон фаро мерасад ва онро маъмулан ҷашни оташафрӯзӣ меноманд. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат аст, ки баъд аз Шаби Ялдо, ки он аслан рӯзи таваллуди Меҳр (Митра) дар оини меҳрпарастӣ мебошад ва баъди ташаккули оини масеҳият онро ба рӯзи таваллуди Исои масеҳ табдил доданд, дароз шудани рӯз ва гарм шудани ҳаво ба вуқӯъ мепайвандад ва партавафшонии Хуршед ба Замин бештар мешавад. Дар қишри Замин ҳодиса ва пайвастагиҳои махсуси биологиву органикӣ рух медиҳад, ки табиатро барои эҳё омода ва Заминро бордор месозад.Деҳқонон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани каналу заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, чошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, абзорҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои махсус биандешанд. Ба ибораи дигар, Сада низ мисли дигар ҷашнҳои суннатии сол, аз дидгоҳи ниёгони мо, ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат  нуфузи муассири худро гузошта метавонад.Пас аз гузашти зимистони серун ба вуҷуд омадани таъғирот дар олами хокӣ ва фаъолияти бевоситаи инсон ба замин оғози тайёрӣ ва омодагӣ ба фасли баҳор ва таҷлили иди Наврӯз аст. Ин танҳо бахши кишоварзии ҷашни Сада дар сайри идҳои милливу суннатии сол аст. Ҷиҳатҳои иҷтимоию фарҳангии пайдарҳамии ҷашнҳои солона низ мавҷуданд, ки онҳо бар мабнои бахши кишоварзӣ қомат афрохтаанд. Зеро ин ҷашнҳое, ки аз аввали пайдоишашон ғояву мароми сиёсиву идеологӣ надоштанд ва давраҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии ниёгонамон дар давоми солро ифода мекарданд, пайваста бо ҷашнҳои порсоию мардумӣ дар ҳаёти ҷомеа рукнҳои асосии камолоти ахлоқиро ба вуҷуд  овардаанд, ки зинаҳои худшиносии инсонро дар шакли хеле соддааш дар худ таҷассум намудаанд.Зинаҳои камолоти ахлоқии мазкур иборатанд аз некандешӣ, ростиву покӣ, хештандорӣ ва ғалаба бар нафси худ, порсоӣ, расоӣ, хуррамӣ ва тандурустӣ, ҷовидониву бемаргӣ ва ҷавҳари ҳастӣ – нури аҳуроӣ (Аҳуромаздо). Ҳамин зинаҳои камолоти маънавӣ инсонро ба дараҷаи шахси вораста мерасонанд. Инсон дар ин сайри такомулӣ бояд ба дарки табиат ё худ олами гетӣ, ки мӯҳре аз олами миноӣ дар пешонӣ дорад, ноил шавад ва дарки олами офоқии муҷаррад бипардозад. Ворастагӣ дар ин ҷо раҳоӣ аз қайду бандҳои олами моддӣ ва нафси саркаши ҳавою  ҳавасҳои инсонӣ, расидан ба дараҷаи расоӣ, боландагӣ ва фароғату хуррамии қалбу оромиши равон аст.

Агар амиқтар ба ҳамин ҳафт зинаи камолоти ахлоқии инсон назар андозем, ба хубӣ равшан хоҳад шуд, ки хеле аз ҷашнҳои порсоӣ бо ҷашнҳои милливу суннатии соли мо, ки бештар мазмунҳои кишоварзӣ доранд, бо ҳам муштараканд. Ҷашнҳои порсоӣ иборатанд аз Наврӯз, Сездабадар, Меҳргон, зодрӯз, заношӯӣ, Шаби Ялдо ва Сада. Чуноне ки мулоҳиза мешавад, бахши ҷаҳоншиносии ниёгони ориёии мо аз ҳафт қонуни ахлоқӣ («Амшоспандон»), ҳафт пояи зиндагӣ, ҳафт ормони порсӣ, ҳафт мароҳили камол ё худ ҳафт низоми ҳастӣ, ҳафт партави аҳуроӣ, ҳафт хони зиндагӣ иборат аст, ки бар мабнои инҳо дар асрҳои миёна ҳафт шаҳри ишқ, сабъи сайёра, ҳафт хони Рустам, ҳафт хони Исфандиёр, ҳафт табақаи Осмон, ҳафт табақаи Замин, ҳафт гунбади сипеҳр ва ғайра ба вуҷуд омаданд.Ҳар яке аз ҷашнҳои мазкури сол рамзи яке аз хусусиятҳои офаринишро ифода мекунад ва чун мақсад аз офариниши олам ба вуҷуд овардани инсони дорои тафаккуру хирад аст, мардуми Эронзамин ин ҷашнҳоро ҳар сол ҳамчун рамзи офариниш бо шодиву сурур таҷлил менамуданд.  Ҳамаи  ин ҷашнҳо се манбаи асосӣ — нуҷумӣ, миллӣ ва оинӣ доштанд. Ин нукта аз пайванди наздику намодини (символикаи) офариниши (=таквини) олам, растохези табиат ва дарки оламҳои муҷарраду моддӣ (=минуию гетӣ) дарак медиҳад, ки дар поён шарҳи онҳо хоҳад омад.Муҳаққиқон ҷашни Садаро ба мисли ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ҷашни миллии ориёиҳо арзёбӣ намудаанд. Он яке аз ҷашнҳоест, ки то ба рӯзгори мо ба таври ҳамагонӣ тақрибан боқӣ намондааст, вале онро то асрҳои миёнаи мутааххир ниёгони мо дар Осиёи Миёна ва Эрону Афғонистон ба таври васеъ ҷашн мегирифтанд. Сабабҳои пайдоиши ин ҷашн ба аъмоқи қарнҳо ва ба фосилаи замонии субҳидами таърих рафта мерасад, ки ҳанӯз оташ пайдо нашуда буд. Мувофиқи ривоятҳои дорои хусусияти табиатгароёна, он дар замоне ҷашн гирифта мешуд, ки нахустин тасаввуроту боварҳои аҳди бостон вориди устураҳои ташаккулёфтаи адёни ибтидоӣ мегардиданд. Дар дини маздоии куҳан ва баъдтар ойини меҳрпарастӣ ва зардуштия Сада таҷассуми худро дар оташ ва равшаноию  гармии он ёфта буд. Аз ин рӯ, ҷашни Садаро ҷашни пайдоиши оташ арзёбӣ намудаанд.Аз лиҳози нуҷумӣ (табиӣ) тибқи тақвиму солшуморӣ, ки ҳанӯз дар ҷараёни ташаккул буд, баҳор ва боззоии табиат ба аъмоли неки Ҳурмузд ва зимистон бо хазону заволи табиат ба аъмоли зишти Аҳриман нисбат дода мешуд. Вақте аввали зимистони бузург офаридаи Аҳриман — зимистони серун сипарӣ мегардид, бо коста шудани нерую тавоноии сармо шиддати ҳарорати сардӣ рӯ ба завол мениҳод, бо пайдоиши аввалин нишонаҳои баҳор мардум ин санаро ҳамчун шурӯи зиндагии тоза ва ба умеди расидан ба Наврӯзи оламафрӯз ҷашн мегирифтанд. Ба ибораи дигар, дар рӯзгори бисёр куҳан ниёгони мо солро ба ду фасл тақсим намуда буданд, ки тобистон ба муддати ҳафт моҳ тӯл мекашид ва аз нахустин рӯзи фарвардин (21 март) оғоз  мешуд. Ҷашни Сада садумин рӯз аз оғози зимистон ва сад рӯзу шаб (50 рӯзу 50 шаб) монда ба аввали баҳор баргузор мегардид:

Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,

Ки нав гашта ойини оташкада.

(Низомӣ)

* **

Ниҳод андар он марзи оташкада,

Бузургии Наврӯзу ҷашни Сада.

(Фирдавсӣ)

Роҷеъ ба ном, рӯзи баргузорӣ ва сабабҳои ҳошиявии ҷашни Сада чи дар аҳди бостон ва чи дар асрҳои миёна ақида ва нуқтаи назарҳои ягона байни олимону муҳаққиқон вуҷуд надорад. Дар фарҳангҳо сабаби пайдоиши ин ҷашн ба таври гуногун шарҳ дода шудааст, ки аксаран бо ҳам фарқи казоие надоранд. Масалан, дар «Бурҳони қотеъ» чунин омада: «Сада ҷашнест, ки порсиён дар рӯзи даҳуми баҳманмоҳ кунанд ва дар он рӯз оташи бисёр афрӯзанд».  Ҳамчунин дар ин фарҳанг зикр шуда, ки ба муҷиби назари баъзе муҳаққиқон шоҳи пешдодӣ Ҳушанг — писари чаҳоруми Ҳазрати Одам (а) рӯзе бо сад нафар мулозимонаш ба тарафи кӯҳе бо номи Истахр рафт, ногоҳ мори азимҷуссаи сиёҳеро диду сангеро бардошт ва ба ҷониби мор партофт. Он санги чақмоқӣ хато шуд ва бар санги дигар бархӯрд ва оташе аз он санг барҷаста, бар хасу хошок афтод ва морро бисӯхт.

Ҳушанг гуфт: «Ин нури худо (фурӯғи эзидӣ) аст, ки душмани моро кушт ва ба саҷда рафт, шукри эзидӣ ба ҷо овард ва оташро қиблаи худ сохт ва он рӯзро ҷашни азиме кард».Дар устураи мазкур, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ он ба тафсил омадааст, ҳеҷ набошад, ду рамз ниҳон аст. Рамзи аввал ҳамон мори сиёҳи бадҳайбатест, ки мазҳари бадӣ ва маргу нестист. Дар ҳамаи устураҳое, ки дар он тасвири инсону мор  аст, охирӣ образи манфӣ, рамзи зулмат дар муқобили нур аст ва муборизаи нуру зулмат дар таърихи афкори ахлоқӣ ва ҷаҳоншиносии ниёгони ориёии мо набарди оштинопазиру доимист, ки аз муборизаи Аҳриман бо аввалин кадхудои ҷаҳон – Каюмарс ибтидо гирифтааст. Барои равшании бештар андохтан ба ғояи муборизаи нуру зулмат бояд ёдовар шуд, ки дар афкори маънавии мо аз нур ҳеҷ гоҳ бадӣ дарнамеояд ва аз зулмат ҳеҷ гоҳ хубӣ дарнахоҳад омад.Аз ҳамин нукта мақулаҳои ахлоқии некию бадӣ, росту дурӯғ, равшноию торикӣ, рӯзу шаб, кавну фасод ва ниҳоят маргу растохез дар олами моддӣ арзи вуҷуд  намудаанд ва дар ҳаракату муборизаю тазод бо ҳам мебошанд, вале дар олами муҷаррад, ки дар фарози Осмон қарор дорад, нур пойдору абадист. Ҳаким Фирдавсӣ Эрони бузургро ба ҳайси кишвари озодагон ва мардуми эронитабори ориёиро ҳамчун озодмардоне тасвир кардааст, ки дар аҳди Ҳушан оташро аз худ карда, ҷудо намудани оҳанро аз санг ва зиндагии оилавӣ, обёрӣ аз дарё, кашидани ҷӯйборҳо, барзгарӣ ва умури кишоварзӣ, ҳамчунин дигар пешаҳоро ба роҳ монда, ҳаёти муқиминишиниро ба вуҷуд овард. Рамзи дуюме, ки ба он дар боло ишора шуд, пайдоиши оташ дар натиҷаи бархӯрди сангҳои чақмоқӣ мебошад, ки онро Ҳушанги пешдодӣ намод (символ)-и фурӯғи аҳуроӣ меномад, ки дар ниҳоди худ ҳаёти созандаю бақои зиндагиро ниҳон дошт. Аз ҳамин сабаб Ҳушанг пайдо шудани оташро ҳамчун фоли нек дар ҷомеа қабул карда гуфт: «Ин нури Худо (фурӯғи эзидӣ) аст, ки душманамонро кушт» ва ба он шукри эзидӣ ба вуҷуд оварда, саҷда кард ва гузашта аз ин, онро қиблаи худ хонда, он рӯз ҷашни азиме бо номи Сада барпо кард:

Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

З-Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод, чун ӯ дигар шаҳриёр.

Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки бо ихтирои оташ тавассути Ҳушанг саҳифи тозае дар таърихи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардуми Шарқ, аз ҷумла, ориёиҳои аҳди қадим, ки ҳаёти муқимиро интихоб карда буданд, боз шуд. Онҳо тадриҷан ба сохтани олоту абзори оҳании истеҳсолот шурӯъ намуданд ва ҳамин тариқ роҳ ба сӯи оҳан дар сарзамини Шарқ боз шуд. Суръати пешрафти маданияти моддиро тезонид:

Чу бишнохт, оҳангарӣ пеша кард,

Аз оҳангарӣ арраву теша кард.

Аз тарафи дигар, оташ дар фарҳанги авестоӣ манбаи нур, гармӣ, равшноӣ, партавафшонӣ ва мазҳари нури аҳуроист. Нури эзидӣ, анвори муҷарради олами миноӣ, фурӯғи Хуршед ва равшании Моҳ ва нури дигар ҷирмҳои мунири осмонӣ ва ниҳоят, оташ дар олами моддӣ мартабаҳое аз маротиби ҳастии нур мебошанд, ки ҳастии олами моддию муҷаррадро бо мартабаҳояшон дар худ таҷассум мекунанд. Онҳо аз якдигар танҳо бо шиддату заъфи худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.Ба ҳамин сабаб Дабири Саёқӣ ҳамин оташи кашфкардаи Ҳушангро намоди нури аҳуроӣ дар Замин мешуморад ва таъкид мекунад, ки оташи заминӣ муште аз хирвори нурҳои ҷавҳарии олами мовароуттабиӣ мебошад:

Чист ин ҷашни Сада, оташи афрӯхтае,

Ки дили сӯхта аз меҳр бад-ӯ ёр бувад.

Гарчи оташи мо андаку хурд аст, вале,

Ҳаст муште, ки намояндаи хирвор бувад…

Қиблаи аҳли сарзамини Эрони бузург дар аҳди бостон будани оташи заминӣ дар муқобили оташҳои фалакӣ муқобилгузории ин нурҳо намебошад, балки дараҷа ва маротиби ин нурҳо хоҳанд буд. Ин нуктаро низ бояд қайд кард, ки ҳамаи оташҳои фалакӣ то нури аҳуроӣ собиту пойдоранд, вале дар олами моддӣ нуру зулмат ҳамеша дар ҷангу ситез ва муборизаанд. Мисоли равшани он худи тазодди доимии ҷисму ҷони одамист. Дарбири Саёқӣ ҳар сол батакрор омадани ҷашни Садаро таъкид намуда, пешвоз гирифтани онро бо базми тараб ва хурсандию хушнудӣ пас аз ҳиҷрону интизори тӯлонӣ гиромӣ медорад ва фараҳмандии аҷдоди ориёии моро зимни фарорасии ин охирин ҷашни суннатии сол, ки навиде аз омадани Наврӯзи ҳуҷастапай медиҳад, шодбош мегӯяд. Рух намудани Садаро пас аз чиллаи зимистон табрик мегӯяд, вале ин рухро шоир ҳанӯз бемор дармеёбад. Он ҳангоме солим дониста мешавад, ки деҳқонону кишоварзон вазифаи фалоҳатии худро иҷро намоянд. Шоир ҳамчунин қайд мекунад, ки Садаи фаррухи мо соли гузашта ҳам сафари кӯи моро карда буд, вале имсол омаданашро мо бояд бо ишқу шодбошии бештар, маҳбубияту садоқат афзунтар ва бо оғӯши бозтар истиқбол намоем.

Сада омад, ки тарабро сару солор бувад,

Шодмониро з-ин пас бар мо бор бувад.

Чӣ гиромист маҳе к-аз паси ҳиҷрони дароз,

Бо барафрохта рух ояду бемор бувад.

Садаи фаррухи мо пор сафар карду бирафт

Омада ишқу маҳбубтар аз пор бувад.

Дар шеъри Фаррухӣ, ки ба муносибати ҷашни Сада суруда шудааст, тақрибан бисёре аз гуфтаҳои боло, ки ба Ҳушанги пешдодӣ нисбат медиҳанд, васф шудааст. Дар он гуфта шудааст, ки дар масири сайри мавсимҳои сол дигаргуниҳое ба вуҷуд хоҳанд омад ва ҳангоми фаро расидани ҷашни Сада чунон оташсӯзие ба вуҷуд хоҳад омад, ки шаби тор аз рӯз ҳам равшантар хоҳад шуд. Ин ташбеҳи Фаррухӣ ташбеҳи муассиси «Ҳикмати ишроқ» Шаҳобуддини Суҳравардиро мемонад, ки пайдоиши инсони нуронӣ (Инсони комил)-ро партавафшонии Хуршед «дар дили шаб» номида буд. Фаррухӣ рӯшноии Осмонро аз партави Хуршед медонад ва қайд мекунад, ки бо фаро расидани Сада бегоҳии он рӯз чунон оташ фурӯзон хоҳад гашт, ки Осмонро оташи заминӣ мисли Офтоб равшан хоҳад кард, зеро аз сарои Хоҷа, ки ҳамон оташкадаи сохтаи Ҳушанги пешдодӣ дар назар аст, чунон оташ забона хоҳад зад, ки он бо гардун баробару ҳамсар хоҳад шуд.

Гарна ойини ҷаҳон аз сар ҳаме дигар шавад,

Чун шаби торе ҳама аз рӯз равшантар шавад.

Рӯшноӣ Осмонро бошаду имшаб ҳаме,

Равшанӣ бар Осмон аз хоки тира бор шавад.

Равшанӣ бар Осмон з-ин оташи ҷашни Сада

К-аз сарои Хоҷа бо гардун ҳаме ҳамсар шавад.

Шоири дигари дарбор Унсурӣ низ дар бораи васфи Сада ашъори ҷолибе дорад. Дар яке аз онҳо шоир ба хонанда муроҷиат намуда, мегӯяд, ки шаби Сада фаро расидааст, оташро баланд афрӯзед. Ҳангоме иди Сада фаро мерасад, онро ҳамчун анъанаи ниёгонамон таҷлил намоед, эҳтиромашро қоил бошед ва маросимашро ба ҷо оред. Зеро ин ид иди куҳани аҷдодист ва то он гоҳе, ки замин зери Моҳ гардон асту дар забари (боло)-и он гунбади даввор чарх мезанад, ин ҷашн боқӣ хоҳад монд.

Шаби Сад аст яке оташ баланд афрӯз,

Ҳақ аст мар Садаро бар ту ҳаққи он бигзор

Ҳамеша то ки бувад зери моҳ замин гардон,

Чунон, ки бар забари мост гунбади даввор.

Абулқосим Фирдавсӣ дар оташкадаи «Бурзин»-и Балх ҳарсола ҷашн гирифтани иди Садаро дар «Шоҳнома» қайд карда, дар чанд ҷои дигари ин асари  безаволаш гоҳ роҷеъ ба Меҳргону Сада ҳарф мезанад ва гоҳ дар бораи муносибати Наврӯзу Сада сухан мегӯяд. Ӯ на фақат Садаро фоли неки Наврӯз, балки онро «фарр»-и Наврӯз меномад. Вале ба назар чунин мерасад, ки хизмати бузурги Фирдавсӣ қиблаи аҳли сарзамини Эрони бузург эълон намудани оташи заминӣ мебошад.Аксари  шоирони дарбор роҷеъ ба таърихи ҷашни Сада ба мисли Фирдавсӣ иттилое намудаанд, вале васфи онро хеле моҳирона анҷом додаанд. Масалан, Манучеҳрии Домғонӣ дар росто маҳорати бештаре нишон додааст. Ӯ оташкадаи Бурзинро ба хотир оварда, чунон бо ташбеҳот ва дигар санъатҳои бадеӣ оташсӯзӣ дар ҷашни Садаро тасвир кардааст, ки ту гӯӣ Сада танҳо аз равшан кардани хирмони оташ иборат бошад. Оташ, ба гуфтаи Манучеҳрӣ, чунон фурӯзад, ки амалаш бартар аз доираи гунбади даввор бошад ва чунон забона занад, ки Хуршед фурӯ хуфта, нагунсор шавад. Ӯ дар идомаи шеъраш баъд аз анъана будани май хӯрдан дар шаби ҷашни Сада мефармояд:

З-он шаби ноб, ки то дори дар даст чароғ,

Боз донистанашон аз ҳам душвор бувад.

Ҳар киро кисагарон, сахт гаронмоя бувад,

Ҳар киро кисасабук, сахт сабукбор бувад.

Ман бари Хоҷа равам, то диҳам сим басе,

То маро низ ба наздики ту миқдор бувад.

Ҳаст ҷаббору валекин мутавозеъ гаҳи ҷуд,

Мутавозеъ кӣ шунидаст, ки ҷаббор бувад.

Толиби шеъру ҷавонмардтарини ҳама халқ,

Он ҷавонмардаст, ки толиби ашъор бувад.

Агар ба ҷашни Сада аз дидгоҳи таърихӣ назар кунем, дар замони зиндагии Каюмарс, ки аввалин кадхудои ҷаҳон ба шумор мерафт, ҳеҷ маросиме байни мардум вуҷуд надошт, зеро ҳанӯз худи ҷомеа арзи вуҷуд накарда буд.  Баъди марги Каюмарс аз дасти неруҳои аҳриманӣ, нутфаи ӯ, ки дар дили хок чакида буд, аввал растанӣ, баъд завҷи инсонӣ (бо номи Машя ва Машяна) ва аз он завҷ авлоди башар по ба арсаи вуҷуд ниҳод. Аз ин рӯ, кушта шудани Каюмарсро дар адабиёти зардуштӣ «зиндагии миро» меноманд, зеро ба туфайли  тухмаи оташгунаи  ӯ зиндагии инсон ва ҷомеа ба роҳ монда шуд ва дар давраи шаҳриёрии ҷонишинони Каюмарс баъзе аз ҷашнҳои куҳан, аз ҷумла Сада ба ҳукми анъана даромад. Дар таъйиди ҳамин фикр Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» навишта, ки чун фарзандони Машя ва Машяна аз нахустин завҷи башарӣ ба 100 нафар расиданд, он рӯзро ҷашн гирифтанд ва номашро Сада унвон карданд.

Ҷашни Сада, амиро расми кибор бошад,

Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.

З-он барафрӯз имшаб, к-андар ҳисор бошад,

Ӯро ҳисори миро чарху уқоб бошад.

Он оташе, ки гӯё нахле ба бор бошад,

Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи мор бошад.

Чун бингарӣ ба арзаш аз кӯҳсор бошад,

Чун бингарӣ ба тӯлаш сарву чинор бошад… 

(Манучеҳрӣ)

Ривояти дигаре низ вуҷуд дорад, ки муҳаққиқон онро ба Сиёмаки устуравӣ нисбат медиҳанд. Писари ӯ Ҳушанг, ки ҷонишини бобои хеш шуда буд, ҷашни Садаро созмон дод. Аз дидгоҳи ойини зардуштӣ Фарҳангмеҳр ин ҷашнро ба ёд овардани нуру равшаноӣ, оташ (энергия) ва ҳарорати он арзёбӣ кардааст. Зеро ҷараққаи ҳосила аз бархӯрди санги чақмоқӣ ба санги дигар, ки Ҳушанг партоб карда буд, нишон ё худ ҷузве аз нури аҳуроӣ медонад ва таъкид мекунад, ки ҳар ҷо нур ҳаст, худованд он ҷо хоҳад буд. Фурӯғи Хуршед, Моҳ, Оташ, чароғ, ҷараққа ва низ равшаноии ботинии нуҳуфта дар қалби инсон, ҳама аз фурӯғи Аҳуромаздо мебошад1. Дар айни замон, равшаноии оташ, нури Хуршед, гармии Офтоб ва дигар аносири нуронӣ мазҳари давому бақои зиндагии инсон, рӯишу наҷд ва болидани табиат ба шумор меравад, мори сиёҳ дар ривоят бошад, нишонаи маргу нестӣ ва заволи бадӣ аст.Умуман дар Авесто оташ аз панҷ қисм иборат аст. Ин қисмҳо дар Яснои 11, 17 ва тафсирҳои паҳлавии он оварда шудаанд. Мувофиқи маъхазҳои мазкур оташи аввалро оташи Баҳром меномиданд, ки оташи судманду муқаддас ва маншаи осмонӣ дошт. Оташи фурӯзони оташкада ҷузве аз он оташи осмонӣ дар назди Аҳуромаздо маҳсуб мешуд. Он рамзи ростие дониста мешуд, ки ба одамон қувваю неру мебахшад. Оташи Баҳром 16 намуд дошт, ки аз оташи хонаводагии табақаҳои гуногуни рӯҳониён, сарбозон, тоҷирон, косибон ва ғайра иборат буд. Сада ба ҳамаи панҷ қисми мазкур робитаи бевосита дошт.Номи ҷашни Сада калимаи форсӣ буда, аз адади 100 гирифта шудааст. Дар паҳлавӣ дар шаклҳои «сат», «сатаг», «сазак» ва ё «саз» омадааст ва арабҳо онро «сазак» ё «саадак» номидаанд. Абурайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби Сада номгузорӣ шудани ҷашнро ба он мансуб медонад. Ҳамчунин Абурайҳони Берунӣ дар ҷои дигар ҷашни Садаро ба Ардашери Бобакон ихтисос додаст ва Имомуддин Закариёи Қазвинӣ низ дар «Аҷоиб-ул-махлуқот» ҳамин фикри ӯро такрор намудааст, вале ба фикри Ҳошими Разӣ дар «Ҷашнҳои Эрони бостон» онҳо шарҳе дар ин маврид  дар осори худ  надодаанд. Ба назар чунин мерасад, ки Ардашери Бобакон ҷашни бошукӯҳи Садаро барпо карда, ки он хотирмон будааст ва аз ин рӯ, мутафаккирони асрҳои миёна онро дар осорашон зикр намудаанд. Навирӣ дар «Ниҳоят-ул-одоб» ҷашни Садаро ёдгоре аз пирӯзии 34 писари Таҳмурас бар Афросиёб пиндошта, дар ин хусус навиштааст: «Эрониён ҷашни Садаро дар поёнии рӯзи даҳум аз обанмоҳ (яъне 31 январ) ва шаби ёздаҳум баргузор мекунанд ва бар онанд, ки чун Афросиёб Бобулро забт кард ва басотати ҳукумат бигустаронид, ба ситаму бедод бино гузошт ва фасод фаровон гашт. 34 писари Таҳмасп дар ин ҳангом бо ӯ пайкор оғоз карданд ва вайро ба билоди турк пас ронданд. Ин иттифоқ (ҳодиса) дар обонрӯз аз моҳи баҳман рӯй дод ва эрониён бо шодмонӣ  ҷашн сохтанд ва он ҷашн сеюмин иди бузурги онон қарор гирифт пас аз Наврӯз ва Меҳргон. Аз рӯи маълумоти  Ҳаким  Хаём дар «Наврӯзнома» ҷашни Сада ба пирӯзии Фаридун дар Бюрасп (Заҳҳок) нисбат дода шудааст. Ӯ дар асари ёдшуда навиштааст: «…Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифта ва мулк бар вай (яъне Фаридун — Ҳ.М.) рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва мардумон, ки аз ҷабру ситами Заҳҳок бираста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳд дар Эрону Турон ба ҷой меоранд.     

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну в-аз Ҷам ёдгор аст*.  

Ривояти дигаре  низ аз Абурайҳони Берунӣ  дар ин мавзӯъ ҳаст, ки пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок ва сабаби баргузории ҷашни Садаро бештар шарҳ додаст. Тибқи ин ривоят, вақте Заҳҳок зимоми ҳукуматро ба даст гирифт, ба вазираш Армаил амр кард то ҳар рӯз ду ҷавонро кушта, мағзи сари онҳоро ба морҳои шонаҳояш бидиҳанд. Вале вазири некдилу нексиришти  ӯ барои пешгирӣ аз куштани  ҷавонон ҳар рӯз яке аз ин ду танро пинҳонӣ ба паноҳгоҳе дар кӯҳи Дамованд мефиристод. Касе аз ин амали ӯ огоҳ набуд. Вақте Фаридун бар Заҳҳоки  мордӯш ғолиб омад, вазирро мавриди сарзанишу накӯҳиш қарор дод. Вазир дар посух ба ӯ гуфт: «Тавоноии  ман бар он буд, ки аз он ду якеро бираҳонам ва ҳамаи онҳо, ки раҳоӣ ёфтанд, дар паси кӯҳи Дамованданд».

 Фаридун ба гуфтаи Армаил бовар накард ва саворонеро ба ҷой фиристод, то ростии  гуфтаҳои  ӯро гувоҳӣ диҳанд. Чун шаб шуд фармуд, ки раҳоёфтагон биёянд ва дар боми хонаи хеш оташ афрӯзанд. Чунин карданд ва шӯълаҳои оташ дар бомҳо фурӯзон шуд. Аз бисёрии онҳо Фаридун хушҳол шуд, вазирро ба тахти заррин нишонд ва вилояти Дамованд бар ӯ супурд. Вале Берунӣ ва Ибни Фақеҳ навиштаанд, ки Армаилро Фаридун ба вазифаи мубади бузург гумошт.Бояд тазаккур дод, ки дар ин ривоят Заҳҳок ҳамон аждаҳо ё худ Буюраспи морбардӯш аст, ки морҳои шонаи ӯ нишони аҳриманист ва киноя аз шайтонест, ки хоҳони нобасомонӣ дар ҷомеа ва маргу нобуд сохтани инсон мебошад. Танҳо Фаридуни тилисмшикан тавонист, ки Заҳҳоки моронро шикаст бидиҳад, ба воситаи оташи равшаноӣ бар ӯ ғолаб ояд.Гузинаҳои (вариантҳои) дигаре низ дар дафтари таҳқиқи ҷашнҳои куҳан роҷеъ ба номгузории ин ҷашн вуҷуд доранд. Агар ба умқи ин гузинаҳо назар афканем, чунин ба назар мерасад, ки дар ҷашни қабл аз наврӯзии ниёгонамон тазодҳои иҷтимоӣ дар шахси Фаридуни тилисмшикан ва Заҳҳоки морон ба таври муборизаи шадид тасвир шудаанд. Муносибати тарафайни ин ду шаҳриёри аҳди қадим тавре матраҳ гардида, ки яке аз онҳо бо фиребу найранг зимоми ҳукуматро ба даст гирифта, мехоҳад ҷомеаро ба вартаи ҳалокат қарор бидиҳад, дуюмӣ ба муқобили ӯ мубориза бурда, ҷомеаро мехоҳад аз вартаи ҳалокат наҷот бидиҳад. Ин мубориза дар сатҳи шаҳриёрон сурат мегирад. Дар ин ҷо ғалаба ба муқобили Заҳҳок тавассути Фаридун беҳтарин пирӯзии некӣ бар бадӣ дар набарди ҳалокатбори нуру зулмат мебошад, ки мутаассифона, чунин ҳолатҳо дар таърихи ҳаёти иҷтимоию сиёсии ниёгони ориёии мо низ ҷой доштааст. Ин ғалаба зимни набарди қувваҳои мутазоди ҷомеа ҳамчун як ҳодисаи билқуввае будааст, ки дар ҳаёти ҳар як халқу миллат рух дода метавонад. Ҳушёрии миллат ва сарвари он дар он зоҳир мешавад, ки бо рафтори  оқилона ва сиёсати одилона дар чунин набарди қувваҳои ба ҳам зидди иҷтимоию  сиёсӣ тавре сиёсати мамлакатро бояд ба роҳ монад, ки пешомади созандаи миллатро таъмин карда, ғалаба бар ҳамаи қувваҳои аҳриманиро таъмин карда тавонад. Мутаассифона, дар таърихи миллати куҳанбунёди мо давру замонҳои номусоиди таърихие вуҷуд доштааст, ки душманони аҷнабӣ бо ҳар восита зимоми ҳукумати моро ба даст гирифта, истиқлоли миллати моро поймол намуда, моро аз аслу наслҳои худ ҷудо ва бенасиб гардонидаанд, ҳалқаи иртибот ва тору пуди пайвандҳои моддиву маънавии ниёгони моро дар масири таърих  аз ҳам гусастаанд, ҷашнҳои миллию суннатии моро аз байн бурдаанд. Ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ва давраи ҳеллинизм, футуҳоти араб дар Осиёи Марказиву Эрон ва баъди давлатҳои Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён, ки миллати мо нафаси тоза дар ин адвор  кашид, боз ҳукумати худро аз даст дод ва асрҳои тӯлонӣ аҷнабиён ҳукуматдори сарзамини мо буданд.Аҷобати кор дар он аст, ки ҳамин аҷнабиёни ғосиқ аз сабаби паст будани дараҷаи тамаддунашон аз маданияти пурғановати мо ҳадди аксар истифода карда, бисёр ҷиҳатҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ ва маънавии моро қабул карданд ва баъзе аз он аҷнабиёни ғосиқ динашонро низ иваз намуданд. Хушбахтона, мо ҳоло дар вазъияти соҳибистиқлолӣ қарор дорем ва вақте ҷашнҳои калидию миллӣ ва суннати хеш ба монанди Наврӯзу Меҳргон ва Садаро эҳё мекунем, пуле барои ҳаёти гузаштаи дуру муосирамон бунёд хоҳем кард. Ба ҳамин восита, аз як тараф, маънавиёти дар чанголи давру замонҳои номусоид ба хотири фаромӯшӣ супоридашударо ҷуброн ва эҳё мекунем, аз тарафи дигар, фарҳанги волову таърихи тамаддуни худро зинда менамоем.

Қурбоншоев И

Ҳусейнов Ш

Давлиятова Г

Муаллимони калони кафедари

фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment