Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ризоияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷаноби Вираҷ Сингх бо ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ Одиназода Ҳ.О. доир гардид. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба амалисозии тавофуқномаи ҳамкорӣ дар самти такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, мубодилаи академӣ ва мустаҳкам кардани пояи моддӣ-техникии донишгоҳ, аз ҷумла таъсиси Маркази омӯзиши компютерҳои пешрафта бо номи Атал Биҳарӣ Ваҷпай (ABV – CACT) дар донишгоҳ баррасӣ гардиданд.

Дар рафти мулоқот Ҷаноби Вираҷ Сингх аз озмоишгоҳи муосири механикии Тоҷикистону Ҳиндустон, ки дар асоси созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон тарафи ширкати НМТ (эйчмти) дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ сохта шудааст, ташриф оварданд. Озмоишгоҳ ва таҷҳизоти муосири дар он насбшуда дар ҳолати хуби техникӣ қарор дошта, дар раванди таълим ва тадқиқоти илмӣ васеъ истифода шуда истодааст, ки ин боиси хушнудии сафир гардид.
Маркази иттилоот ва нашр.