Дар ҷаҳони муосир экстремизм ва терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб то андозае фарогир шудааст, ки ташвишу нигаронии кулли оламиён ва давлатҳоро ба вуҷуд овардааст. Зикр бояд кард, ки аксар ин зуҳурот зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амалӣ мешаванд. Таҳлили таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки идеологияҳои ифротгароӣ ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар аксар ҳолат барои ба даст овардани ҳокимият истифода мешавад.

Дар ҷаҳони муосир экстремизм ва терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб то андозае фарогир шудааст, ки ташвишу нигаронии кулли оламиён ва давлатҳоро ба вуҷуд овардааст. Зикр бояд кард, ки аксар ин зуҳурот зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амалӣ мешаванд. Таҳлили таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки идеологияҳои ифротгароӣ ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар аксар ҳолат барои ба даст овардани ҳокимият истифода мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид карда буданд: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад». Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо ашхосе ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд то мақсаду андеша ва нақшаҳои ғаразноки худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Боиси ташиш аст, ки онҳо бо роҳи тарғибот ва зархаридӣ қисми аҳолӣ, алалхусус ҷавононро ба ҷониби хеш ҷалб менамоянд.

Шомилшавии ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои ифротгаро мушкилоти имрӯзаи на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонист. Таҳлилҳо собит мекунанд, ки омилҳое, ки ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои терористӣ-экстремистӣ шомил шуда ва баъдан дар муқовиматҳои мазҳабии мусалаҳона ширкат меварзанд, ин дар муҳити носолимии оилавӣ тарбия гирифтан, аз ҷониби волидайн фароҳам наовардани шароитҳои моддӣ ва маънавӣ, дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарбият наёфтани онҳо, наандешидани чораҳои муасири муқовимати иттилоотӣ, таблиғу ташвиқи ақидаҳои бегона, тамошои филмҳои характери терористию- экстримистидошта, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ таввасути шабакаҳои интернетӣ ва дигар ҳолатҳо мебошанд. Маҳз ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, ҳуввияти миллии ҷавонон сабаби фарокашии онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ аст. Бо ин сабабҳо майлу хоҳиши баъзе ҷавонону наврасон ба арзишҳои бегона афзуда, кисми онҳо аз сабаби пастии сатҳи шуурнокӣ ба тарғиби ғояҳои ғайр ба ҳизбу гуруҳҳои ифротӣ шомил мегардиданд.

Ниёгони мо бофарҳангу маъонӣ буданд ва мо пайравии онҳо намоем, насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем.

Сиришти мардуми кишвари мо аз ду тамаддуни инсонӣ – тамадуни ориёӣ ва исломӣ сарчашма мегирад, дар он адовату тундгароӣ, ифротгароӣ ҷой надорад. Қувваҳои берунаи манфиатҷӯй ба эҳсоси эътиқоди халқ дахл карда, бо ҳуққабозиҳои сиёсӣ ҳар гуна ҷараёну равияҳои гӯё мазмуни динидошта, вале аслан ифротиро дар ҷомеаи мо густариш доданӣ шуда, мехоҳанд, вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ноором намоянд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани чунин зуҳуроти номатлуб – ин сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқию худшиносӣ, тарбияи нодурусти падару модарон, хусусан ҷавонон буда, боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгароӣ мегардад. Сабаби дигари ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм шомил шудани ҷавонон дар давраи муосир ин шабакаи интернет мебошад, ки ҷавонон, аз он, мутаассифона, нодуруст, ғаразнок ё дар зери таъсири ашхос ё гуруҳи бегона истифода мебаранд. Дар чунин вазъият ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифат, хусусан падару модарон ба тарбияи фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Яке аз омилҳои асосие, ки ҷомеаро аз тахрибу таназзули маънавӣ ва афзоиши тундгароӣ боз медорад, ин маорифу илм аст. Маориф дар эҷодкорона ифода кардани ақидаҳои ватандӯстона мусоидат менамояд ва принсипҳои башардӯстӣ ва таҳамулпазириро талқин месозад. Мактаби таҳсилоти умумӣ муҳитест, ки дар он донишҷӯйи оянда тарбия меёбад. Аз ин рӯй, шуури донишҷӯй дар он ҷо, вобаста аз сатҳу мундариҷа ва хусусияти таълиму тарбия ташаккул менамояд. Танҳо дар сурати дониш ва малакаи зеҳнии қавӣ доштан ягон ифротгароӣ миёни мо роҳ ёфтан наметавонад.

Толибилмони МТМУ №100-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар шароити тезутунди байналмилалӣ бо дарки баланди ватандорию меҳандустӣ ба муқобили ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла, ифротгароӣ истода, онро сахт муҳокима мекунанд. Ба мо дониш, илм, малака, ояндаи дурахшон муҳим аст, на ин ки ифротгароии динӣ – якдилона мегуянд онҳо.

Донишҷӯёни ихтисоси 560202-Геодезияи муҳандисӣ ва харитасозӣ низ ифротгароиро қотеъона маҳкум мекунанд. Ба ақидаи онҳо, ифротгароӣ доғест дар ҷомеа ва ба он дар ҳеҷ ваҷҳ набояд роҳ дод. “Донишҳои дар Донишгоҳ мегирифтаи мо (алалхусус, аз фанни “Астрономогеодезия”) имконият медиҳанд, ки – иброз мекунанд онҳо, – хурофтпарастию ҷаҳолати динниро ошкор намуда, пайрави дунявият, секуляризм ва ҳамин тариқ, муқобили ҳамагуна ифротгароӣ бошем.

Ба мо, аҳли таълимгоҳ – мураббиён, омӯзгорони макотиби туҳсилоти умумӣ, устодону сарпарастони макотиби олӣ зарур аст, ки кӯшиш ба харҷ дода, фарҳанги динию миллиро тарғибу талқин намоем, ба ҷомеа, хусусан ба ҷавонон фаҳмонем, ки бо тақлидҳои кӯр-кӯрона думболи гурӯҳҳои ифротгаро нараванд. Тарғиб намеом ки бо дарки масъулиятшиносӣ истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо таҳсили сазовор, меҳнати самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем. Бепарвогӣ ва бемасъулиятӣ касб накарда, барои таълиму тарбияи насли наврас, хусусан ҷавонон, дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҷалби онҳо дар созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Дар баробари ин волидайнро мебояд, ки дар таълиму тарбияи фарзанд ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.

Ҷавонону наврасони имрӯза боғайрату далер ва сулҳхоҳ, иродаи устувор дошта, барои аз байн бурдани экстремизм ва терроризм дар марзу буми Ватани азизамон бояд саъй намоянд. Аз ин руй, мебояд, ки тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид кардаанд: «Аз нигоҳи сиёсӣ зирак бошем ва манфиатҳои давлативу миллиро дар кору рафтори хеш ҳифз намоем. Аз ин рӯ, дар назди мо вазифа меистад, ки ба тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи бештар равона карда, парда аз рӯи бозиҳои сиёсӣ бардорем».

Ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлат аст. Имрӯзҳо, ки Тоҷикистони соҳибистқлол дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони халқи кишвар қарор дорад, наврасону ҷавононро мебояд, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ин маърака фаъолона иштирок ва дар сохтмону тақвияти давлати озоду демократӣ саҳмгузор бошанд.

 

Ниёзов А.С. – мудири кафедраи геодезияи муҳандисӣ ва харитасозӣ,

Раҳмонова Ф.- омӯзгори дараҷаи олии МТМУ №100 шаҳри Душанбе.

Leave a Comment