Роҳе, ки устод Раҷабов У.Н. дар муддати умри бобаракаташ тай намудааст, воқеан роҳи ҳамвору зудгузар набуда, шебу фарози зиёд дошт ва ҷоиз аст дар ин рӯзи муборак чанд суханеро доир ба ҳаёт ва фаъолияти ин шахси мӯътабар ба диққати хонандгони азиз пешкаш гардонем.
Таваҷҷуҳ ва шавқу рағбати хатмкунандаи мактаби миёнаи №53 шаҳри Душанбе Усмон Раҷабовро ба санъати меъморӣ, мудири кафедраи «Меъморӣ»-и Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ), яке аз шахсиятҳои муътабар ва хизматнишондодаи соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, профессор Ёқубов Н.Х., дар вохӯрӣ бо хатмкунандагони ин мактаб, ки моҳи майи соли 1967 гузашта буд, бедор намудааст.
Чуноне ки худи Усмон Норович ба хотир меоваранд: “…то
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъмори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, устоди мушфиқи садҳо мутахассисони ҷавон, инсони комил ва дӯсти вафодор Раҷабов Усмон Норович ба синни мубораки 70 расид.
Эй марди зиндадилу чеҳракушоду хирадманд,
Фарзанди Душанбею ҷигарбанди Самарқанд.
Имрӯз, ки базми тарабу ҷашни ту бошад,
Ин ҷашн муборак, эй марди шукӯҳманд.
Ҳар гоҳе ки номи омӯзгор ва ё устод, муҳтарам Раҷабов Усмон Норовичро ба забон мегирем, пеши назар шахси хоксору поквиҷдон, хирадманду соҳибтаҷриба ва ҳалиму меҳрубон падидор мегардад.
Роҳе, ки устод Раҷабов У.Н. дар муддати умри бобаракаташ тай намудааст, воқеан роҳи ҳамвору зудгузар набуда, шебу фарози зиёд дошт ва ҷоиз аст дар ин рӯзи муборак чанд суханеро доир ба ҳаёт ва фаъолияти ин шахси мӯътабар ба диққати хонандгони азиз пешкаш гардонем.
Таваҷҷуҳ ва шавқу рағбати хатмкунандаи мактаби миёнаи №53 шаҳри Душанбе Усмон Раҷабовро ба санъати меъморӣ, мудири кафедраи «Меъморӣ»-и Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ), яке аз шахсиятҳои муътабар ва хизматнишондодаи соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, профессор Ёқубов Н.Х., дар вохӯрӣ бо хатмкунандагони ин мактаб, ки моҳи майи соли 1967 гузашта буд, бедор намудааст.
Чуноне ки худи Усмон Норович ба хотир меоваранд: “…то он рӯз ман орзуи ҳавопаймочӣ шудан мехостаму дар бораи санъати меъморӣ тассавуроти хело рӯякӣ доштам (гарчанде расмкаширо каму беш метавонистаму дӯст медоштам). Дар ҳамон вохӯрии хотирмон устод Ёқубов Н.Х. хело шавқоварона сӯҳбат ороста, моҳият ва аҳамияти санъати меъморӣ ва шаҳрсозиро дар тараққиёти ҷамият бо мисол ва таҷрибаҳои амалӣ, чунон бо завқ ва равшану возеҳ баён намуданд, ки ман шефтаи ин касби боифтихор гаштам. Расмҳои кашидагиамро Устод маъқул карданду тавсия доданд, ки ба ин донишкадаи бонуфуз ҳуҷҷат супорам ва аз ҳамон рӯз ман дар орзӯи меъмор шудан афтодам…”.
Худи ҳамон сол Раҷабов У.Н. орзуи наҷиби худро амалӣ намуда донишҷӯи шӯъбаи меъмории Донишкадаи политехникии Тоҷикистон мегардад ва соли 1972 кори дипломии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, соҳиби касби боифтихори “меъмор” мешавад.
Пас аз хатми донишкада, ӯ бо роҳхат ба шӯъбаи сохтмони асосии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешавад, вале бо тақдири амр ва дархости мудири онвақтаи қисми таълимии Техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе, бинобар нарасидани омӯзгорони фанҳои хусусӣ, ӯро ҳамчун муаллими ҷавон ба кор қабул менамоянд. Ӯ дар он ҷо то соли 1974 ба ҳайси омӯзгор ва мудири кабинети “Биноҳои шаҳрвандӣ ва саноатӣ” адои вазифа менамояд. Саводнокӣ ва лаёқатмандии Усмон Норовичро ба назар гирифта, роҳбарияти кафедраи «Меъморӣ»-и Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, соли 1973 ӯро аввал ба ҳайси ҳамкор ва аз соли 1974, ба таври гузариш дар натиҷаи озмун, дар вазифаи ассистенти кафедра ба кор қабул менамоянд.
Чуноне, ки дар давоми фаолияти баъдина дар самтҳои гуногуни соҳаи меъморӣ ва сохтмон маълум мегардад, ҳам дар ибтидо ва ҳам сониян, барои ӯ омӯзгорӣ касби аввалин ва асосӣ мемонад.
Фаолияти омӯзгорӣ барои ин шахс як кори муқаддасе шуд, ки дар он донишу малакаи худро пеш аз ҳама дар мулоқот бо донишҷӯёни ҷавон, ки ташнаи омӯхтани касби пешгирифтаашон буданд ва бо ҳамкасбон ва устодони худ, ки дар ҳамин кафедра фаолият мекарданд, дар иртибот ва баҳсу мунозираҳои таълимӣ месанҷид, онро сайқал медод. Барои ин ӯро зарур буд илму дониши худро ҳамарӯза инкишоф диҳад, мукаммал созад. Ба донишҷуён сабақ меомӯхту аз онҳо сабақ мегирифт.
Маҳз ҳамин завқу рағбат ба илму-дониш ва талабот ба омӯхтани фан ва техникаи пешрафтаистода сабаб шуданд, ки Шӯрои илмии донишкада ва роҳбарияти кафедра зарур шумориданд, ки барои дохил шудан ба аспирантураи Донишкадаи мухандисӣ — сохтмонии шаҳри Москва роҳхат бидиҳанд. Соли 1979 мақсади Усмон Норович ҷомаи амал мепӯшад ва ӯ ба ин донишкада шомил мегардад.
Баъди хатми аспирантура ва дифои рисолаи илмӣ, Раҷабов У.Н. бо як нерӯи тоза бо унвони номзади илмҳои техникӣ дар соли 1983 ба Ватан баргашта, дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар вазифаҳои муаллими калон, дотсенти кафедраи «Меъморӣ» ва муовини декани факултаи «Сохтмон ва меъморӣ» фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ ва ташкилотчигии худро давом медиҳад.
Ҳангоми фаъолияти омӯзгорӣ чӣ дар Техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе ва чӣ дар донишгоҳ устод Усмон Норович худро на фақат ҳамчун мутахассис, омӯзгор, корманди илмӣ ва ташкилотчии баландихтисос нишон додааст. Дар баробари он, ӯ назарияи касбии фаъолияти омӯзгорӣ гирифтаашро дар тӯли 18 соли роҳбарӣ дар отрядҳои донишҷӯёни бинокор истифода бурдааст. Дар ин давра ӯ дар иншоотҳои хурду азими Тоҷикистон (сохтмони заводи алюминии Турсунзода, бунёди НОБ-и Норак, иншоотҳои зиёд дар Душанбе, Файзобод, Ғарм, Ҷиргатол ва ғайраҳо), инчунин дар чанд гӯшаю канорҳои собиқ давлати СССР (дар Россия — шаҳрҳои Смоленск, Ярцево, Гагарин, Мурманск, дар Қазоқистон, Украина ва дигарҳо) амалӣ сохта таҷрибаи бои истеҳсолӣ гирифтааст.
Ин таҷриба ба ӯ имконият медиҳад, ки сониян дар чандин корхонаю идораҳо, баробари омӯзгорӣ, ба таври ҳамкор, сохтмони бисёр биною иншоотҳоро тарҳрезӣ намуда, амалӣ созад. Аз он ҷумла, Раҷабов У.Н. муддати чанд вақт дар Бюрои лоиҳакашӣ, технологӣ ва конструктории “Тоҷикагропромпроект” ба ҳайси сармуҳандиси лоиҳаҳои иншоотҳои агросаноатӣ фаъолият карда, дар сохтмони объектҳои гуногун, ба мисоли “Сехи обҳои ташнашикан дар комбинати хӯрокворӣ дар шаҳри Душанбе”, “Сехи моли дасткуш дар комбинати гӯшту консервбарорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа”, “Сехи арақи тутӣ дар ноҳияи Рӯшон”, “Сехи афшура дар комбинати консервбарорӣ дар ноҳияи Восеъ” ва чанде дигарҳо, саҳми худро гузорад.
Замонаи бозсозии солҳои 80-90 асри гузашта дар ҷомеа навовариҳоеро оварданд, ки сабаби равнақу ривоҷи карахтгардидаи шароитҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии замони Шуравӣ шуда буданд. Яке аз чунин навовариҳо ҳаракати кооперативӣ гардида буд, ки дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодии ҷомеа ҷунбиши тозае ворид кардааст. Раҷабов У.Н. яке аз он аввалинҳое буд, ки ин навовариҳоро пазируфтааст. Ӯ чун фарди заковатманде эҳсос менамояд, ки дар шароити мавҷуда талабот ба корҳои илмӣ дар соҳаи сохтмон ва таҳияи лоиҳаҳо ниҳоят зиёд шуда буданду муттахасисони зарурӣ барои иҷрои ин корҳо намерасиданд. Ин буд, ки устод Раҷабов У.Н. бо як гурӯҳи устодон ва муттахасисони ҷавони донишгоҳ (Бозоров М.А., Фозилов А.Р., Давронов О.Д., Маъмуров М.М., Пирматов Р.Х. ва дигарон кооперативи илмӣ лоиҳакашии “НУР”-ро ташкил ва сарварии онро ба ӯҳда мегирад. Ташкил ва фаъолият дар кооперативи илмӣ-лоиҳакашӣ яке аз аввалин зинаҳое буданд дар амалиёти устод Раҷабов У.Н. ҳамчун роҳбар, олим ва муҳандис-лоиҳакаш.
Дар ин корҳо қобилиятҳои пеш аз ҳама ташкилотчигӣ ва одамшиносии Усмон Норович кушода шудаанд. Вай тавонист дар муддати кӯтоҳ дар атрофи худ муҳандисон ва меъморони пешқадам ва боистеъдодро ба ҳам оварад ва онҳоро бо кор таъмин намояд. Ҳамин буд, ки кооператив дар муддати хело кӯтоҳ нуфузи худро пайдо кунад ва бо як қатор ташкилот ва муассисаҳо шартномаҳои калонҳаҷм баста, дар шаҳри Душанбе, Бохтар, Ҷиргатол ва ғайра корҳои илмӣ ва лоиҳакашии зиёдеро, ба монанди: “Пойгоҳи сайёҳон дар ноҳияи Ҷиргатол”, “Ду хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Бохтар”, “Базаи истироҳатии заводи ҷавоҳироти шаҳри Душанбе дар дараи Варзоб” ва дигарҳоро ба анҷом расонад.
Баъдан, дар охирҳои солҳои 90-ӯм, дар ДТТ ба номи академик М.Осимӣ “Бюрои конструкторӣ-технологии донишҷӯёни факултети Сохтмон ва меъморӣ” ба кор оғоз менамояд, ки Усмон Норович иштирокчии фаъоли он ба ҳисоб мерафтанд. Таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи ин марди кордон, чун сармеъмор ва сармуҳандиси лоиҳаҳо, якчанд биною иншоотҳои шоёни диққат таҳррезӣ ва амалӣ шудаанд. Сохтмони “Истгоҳи мошинҳо ва корпуси иловагӣ дар назди чойхонаи “Роҳат”, “Сохтмони хобгоҳ ва азнавсозии биноҳо дар маркази таълимӣ барои сарҳадчиён”, “Маркази идораи парвозҳо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе”, “Корпуси иловагӣ дар назди бинои ПРООН” ва ғайраҳо мисоли иншоотҳои бунёдгаштаи онвақта ба ҳисоб мераванд.
Кори амалии муҳими дигаре, ки дар он қобилиятҳои роҳбарӣ ва ташкилотчигии Усмон Норович баръало ошкор гардиданд, ҳангоми фаолияти ҳамкориаш дар бюрои худҳисоботии Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе зоҳир гардид.
Соли 1997 ба зиммаи ин Кумита, дар муддати хело маҳдуд, тасҳеҳ ва муқаррар намудани ҳудуд ва сарҳади шаҳр барои гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2000 вогузор шуда буд. Иҷрои чунин вазифа, ки он дақиқ намудани сарҳади солҳои охир тағйирёфтаи шаҳри Душанбе ва нооҳияҳои ҳамсарҳадӣ, бо назардошти хоҷагиҳои воқеӣ, маҳалҳои аҳолинишини алоҳида ва ҳавлиҳои шахсиро дар бар гирифта, дар шароити начандон устувори ҷамиятӣ-сиёсии онвақта (алалхусус, дар ҷамоатҳои Теппаи самарқандӣ, Мирзобек ва баъзе дигарҳо) хело душвор ва масулиятталаб буд. Барои ҳалли амалии он шахси кордон, одамшинос ва ташкилотчии қобилиятнок зарур буд. Иҷрои ин вазифа ба дӯши Раҷабов Усмон Норович пешниҳод шуд ва ӯ сардори гурӯҳи истеҳсолии назди Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе таъин гардида, дар мӯҳлати зарурӣ ин кори масулиятнокро сарбаландона иҷро менамояд.
Яке аз хусусиятҳои хоси фаолияти кории устод Раҷабов У.Н. нисбат ба дигарон дар он буд, ки ӯ дар баробари фаъолияти илмӣ-омузгорӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои роҳбарикунандаи системаи Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, пайваста бо корҳои басо васеи амалӣ, ба монанди: омодасозии ҳуҷҷатҳои давлатӣ, экспертизаи лоиҳаҳои сохтмонҳои тамоми объектҳои калони ҶТ, таҳияи Қоида ва меъёрҳои сохтмонӣ, тадқиқотҳои илмӣ, таҳияи лоиҳа ва амалисозии сохтмони биною иншоот ва маҷмааҳои бузург машғул гардидааст ва дар он нақшҳои босазое гузоштааст….
Фаъолияти корӣ дар ин Кумита таърихи аҷибе дорад. Соли 2004 роҳбарияти Фурудгоҳи шаҳри Душанбе барои таҳияи лоиҳаҳои “Маркази нави идораи парвози тайёраҳо” ва “Сохтмони ВИП-толор барои меҳмонони давлатӣ” озмун эълон намуда буд. Ҳарду объект, чӣ аз ҷиҳати меъморӣ ва хусусан чӣ аз ҷиҳати муҳандисӣ – техникӣ, хело мураккаб буданд.
Дар билохира таҳияи лоиҳаи кории “Маркази идораи парвозҳои тайёраҳо дар фурудгоҳи ш. Душанбе” ба зиммаи гурӯҳи Раҷабов У.Н. вогузор шуд. Хусусияти хоси таҳияи лоиҳаи ин объект дар он буд, ки иншоот бояд парвози якбораи тамоми тайераҳои дар фазои назди шаҳрбударо идора намояд. Иншоот бояд бо таҷҳизоти хело мураккаби системаи алоқа, автоматика ва замонавии аз чанд қисм ва ҷузъиёти алоҳида иборатбуда муҷаҳҳаз мегардид. Мувофиқи тендер ҳар як қисм ва ҷузъиёти алоҳидаи таҷҳизотро як ширкати алоҳидаи хориҷӣ таъмин намуда, онро буму баст мекард. Масъулият ва роҳбарияти умумии сохтмон ва муҷаҳҳаз намудани объект ва иртиботу алоқаи байни ширкатҳо ба зиммаи сармуҳандиси лоиҳа вогузор буд.
Ситодҳо оиди сохтмони ин объект дар сатҳи маъмурии хело баланд мегузаштанд. Дар он баҳсу мунозираҳои зиёде ба миён меомаданд ва ҳалли проблемаҳои ба миён омада ва саволу пурсишҳо бо иштироки сармуҳандиси лоиҳа ҳаллу фасл мегардиданд.
Дар яке аз чунин ситодҳо, Раиси Кумитаи Давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон Халифаев М.Ҷ. (собиқ хатмкардаи факултети С ва М-и ДПТ) иштирок намуда, таҷриба ва малакаи баланди кори устодро мушоҳида намуда ӯро ба кор ба кумита даъват менамояд. Воқеан ҳам, устод Раҷабов У.Н., дар он муддат ба дараҷаи муттахассиси босавод ва баркамоле, ки қобилияти ҳалли масъалаҳои пешафтидаи мубрамро дошта бошад, расида буд ва бо маҳорату кордонии худ мавқеъи хосаи худро дар доираи мутахассисон дошт. Ин буд, ки Усмон Норовичро дар Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввал ба вазифаи муовини сардори Департаменти меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва пас аз 4 моҳ ба вазифаи сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони ҶТ таъин менамоянд.
Бо тамоми масулият эътироф кардан мумкин аст, ки Раёсати экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан пас аз сарвари он таъин шудани Раҷабов У.Н., ба як муассисаи бонуфузе табдил ёфта буд. Чуноне, ки маълум аст, аз аввали солҳои 2000 –ӯм иқтисодиёти ҷумҳурӣ рӯ ба тараққӣ гузашта, шумораи объектҳои сохтмонӣ рӯз аз рӯз меафзуданду дар баробари он талабот ба сифати лоиҳаҳои таҳияшаванда, низ зиёд мешуд. Раёсати экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмон дар он марҳила ба пуррагӣ бо мутахасисони босавод ва таҷрибаю малакаи кории ба дараҷаи талаботи пешрафтаистодаи зарурӣ ҷавобгӯ набуданд, ки ин боиси сифати пасти экспертизаи лоиҳаҳо ва кашол ёфтани мӯҳлати баррасии онҳо шуда буданд. Барои бо низоми зарурӣ фаъолият кардани Раёсат якбора як чанд мушкилоти пешомадаро ҳал намудан зарур буд. Пеш аз ҳама раёсатро бо кадрҳои босаводи баландихтисос, ки таҷрибаи таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ ва ба моҳияти гуаронидани экспертизаи онҳо ошно бошанд, пур намуда, онҳоро бо техникаи компютерии замонавӣ ва ҷойи кории қулай таъмин кардан лозим буд.
Бо ҳисси қаноатмандӣ қайд кардан мумкин аст, ки ба камчинии муттахасисони босавод ва таҷрибанок нигоҳ накарда, бо шарофати хусусиятҳои шахсии инсонии устод ба одамон ва эътиқод ба онҳо, ба кори раёсат дар муддати кӯтоҳ зиёда аз 15 корманди нав, ки аксари онҳо мутахассисони соҳибтаҷриба буданд, ҷалб карда шуданд. Корхона пурра таъмиру таҷдид карда шуда, бо тамоми намудҳои таҷҳизоти зарурӣ аз нав ҷиҳозонида шуд ва ба фаолияти мӯътадили худ шурӯъ намуд. Сохтмони иншоотҳои калону миёна, алалхусус объектҳои мураккаб ва муҳимдараҷа, бе хулосаи экспертизаи давлатӣ, ғайриимкон гаштанд. Худи Усмон Норович, ҳам роҳбарии корхонаро иҷро менамуду ҳам ташхиси лоиҳаҳоро мегузаронид, дар ситодҳои сатҳи баланд, нисбати самаранокии лоиҳаҳои иншоотҳои калонтарин ва муҳимтарини ҷумҳурӣ, дар мисоли Қасри миллат, Қасри “Сомон”, Блок “Б”, НОБ-и “Сангтуда 1”ва ғайра иштирок мекард.
Баъдан, устод Раҷабов У.Н. сарвари Раёсати илм ва танзими меъёриву техникии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, яке аз таҳиягарони аввалин ҳуҷҷатҳои меъёру коидаҳои сохтмонии (МҚС) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардаанд. МҚС-ҳои якҷоя бо дигар муаллифон таҳиякардаи ӯ: “Таркиб ва тартиби таҳия, мувофиқасозӣ ва тасдиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ”(2005), “Биноҳои истиқоматии бисёрманзила”(2006), “Бино ва иншоотҳои ҷамъиятӣ”(2006), “Шаҳрсозӣ. Банақшагирӣ ва иморатсозии маҳалҳои аҳолинишин”(2007 бо нашрияҳои тағйирёфта дар с.с. 2009, 2011, 2016), “Бино ва маҷмӯъҳои бисёрфунксионалӣ”(2007), “Биноҳҳои ҷамъиятии таъиноти маъмурӣ”(2008), “Низомнома дар бораи муносибатҳои байниҳамдигарии ташкилотҳо – пудратчиёни генералӣ бо ташкилотҳои субпудратӣ”(2008), “Қоидаҳо дар бораи шартномаҳои (қарордодҳои) пудратӣ барои сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”(2008), “Гармимуҳофизии биноҳо”(2011) ва чанде дигарҳо, имрӯз ҳуҷҷатҳои амалкунандаи соҳаи сохтмони ҷумҳурӣ ба шумор мераванд.
31 марти соли 2010, бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдулоев, Усмон Норович ба вазифаи директори институти лоиҳакашии шаҳрии “Душанбегипрогор” таъин мешаванд. Баъди таҳлили фаъолияти ҳаматарафа, бо пешниҳоди ин марди кордон ва бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №354 аз 18 июни соли 2010 институт дар байни ташкилотҳои лоиҳакашӣ аввалин шуда бо номгузории тоҷикӣ, ба Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” ва ҳуҷҷатҳои он ба тартиб дароварда азнав аз қайди давлатӣ гузаронида мешавад. Дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин, пажӯҳишгоҳ бо мутахассисони таҷрибадору ҷавонони болаёқат пурра, ҷойҳои корӣ таъмир, худи онҳо бо таҷҳизоту дастгоҳҳои лоиҳакашии замонавӣ таъмин ва корхона аз паи иҷрои корҳои масъулиятноки шаҳрсозӣ мешавад.
Дар давраи роҳбарии Раҷабов У.Н. дар КВД “ПИТЛ “Душанбешаҳрсоз” иншоотҳои: “Хонаҳои истиқоматӣ барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб” (2010), хонаҳои истиқоматии баландошёна дар кӯчаҳои Ҳ.Шерозӣ, Н.Ҳувайдуллоев, А.Ҷомӣ, маҳаллаи Зарафшон (2010-12), азнавсозӣ ва сохтмони корпусҳои иловагӣ дар назди мактабҳои №№37, 49, 56 (2011-13) ва ғайраҳо амалӣ карда шудаанд. Алалхусус, иншоотҳои соҳаи тандурустӣ – дармонгоҳҳои №9 дар кӯчаи Шамсӣ (лоиҳаи иншоот ҷоизадори дипломи биринҷӣ, 2013), дармонгоҳи №14 дар маҳаллаи Заравшон ва аз ҳама иншоотҳои назарраси солҳои охир “Беморхонаи бисёрсоҳавии дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст”, ки имруз номи “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”” ном дорад, (лоиҳа ҷоизадори дипломи тиллоии Иттифоқи меъморони ҶТ-ро дар соли 2013 эътироф шудааст), машҳур мебошанд.
Иншооти “МТ “Истиқлол””, ки устод Раҷабов У.Н. роҳбар ва яке аз муаллифони он мебошанд, калонтарин ва мураккабтарин маҷмааи давраҳои истиқлолияти ҷумҳурӣ ва нодиртарин иншооти солҳои охир дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. 23 блоки корпусҳои асосӣ ва 15 иншооти ёрирасони хурду калон зиёда аз 106 000 метри мурабаъ масоҳатро дар бар гирифта, бо дастгоҳҳои беҳтарини муосирӣ тиббӣ таҷҳизотонида шудаанд. Барои заҳматҳои назаррас ва хизматҳои шоён дар ин иншоот ва дигар объектҳои ҷашнӣ устод Раҷабов У.Н. соли 2016 бо Сипосномаи Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шудаанд.
Пас аз анҷоми фаъолияти меҳнатӣ дар вазорату идораҳои давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва Мақомоти иҷроияи давлатӣ дар шаҳри Душанбе, устод аз соли 2016 инҷониб, боз ба донишгоҳ баргашта, корҳои омӯзгорӣ ва таълиму тарбиявиро ба ҳайси дотсенти кафедраи “Меъмории биноҳо ва иншоот” давом медиҳанд. Барои Усмон Норович Раҷабов алалхусус соли 2019 хотирмон шуд. Вақте ки роҳбарии ин кафедраро он кас ба ӯҳда доштанд, ба анҷом расонидан ва дифои як рисолаи илмии доктори меъморӣ ва 2 рисолаи илмии доктор PhD аз рӯи ихтисос, амалӣ карда шудааст.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки дастовардҳои Устод чӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, чӣ дар Кумитаи меъморию сохтмон ва Раёсати экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чӣ дар КВД ПИТЛ “Душанбешаҳрсоз” ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ, таҷрибаи бои тахассусӣ, роҳбарӣ ва ҷамъиятии устод зич алоқамандӣ доранд.
Фаъолияти бисёрҷонибаи илмию омузгорӣ ва ҷамъиятии дотсент Раҷабов У.Н.-ро арзёбӣ намуда, пеш аз ҳама хислатҳои неку оқилонаи инсонӣ, муносибатҳои эҷодкорона, сахтгирӣ ва ҷиддияти том ҳангоми адои вазифа, ҳисси баланди масъулиятнокӣ, серталабӣ ба худ ва дигаронро қайд намудан ба маврид аст. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимию методӣ дар се номгӯи рисола ва корҳои илмӣ, 14 маводу дастурҳои таълимӣ, зиёда аз 40 нашрияҳои ба тарзи мақола, баромадҳо дар конфронсу симпозиумҳо дарҷ ёфтаанд. Корҳои эҷодии устод Раҷабов У.Н. беш аз 65 номгӯи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва лоиаҳаҳои кории таҳия ва сохтмонаш ба анҷом расидаро дар бар мегиранд.
Дар тайёр кардани фаъолияти босубот ва пурмаҳсули хеш, ҳамаи қувва, таҷриба ва малакаи бои худро барои таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи меъморӣ ва сохтмон баҳри гул-гулшукуфоии Ватани азизамон равона месозанд. Раҷабов У.Н. аъзои Иттифоқи меъморони СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1983 мебошанд, дар Шӯроҳои шаҳрсозӣ ва илмию техникӣ масъалаҳои мубрами меъморию соҳаи сохтмонро баррасӣ кардаанд. Фаъолияти илмию омузгорӣ, ташкилотчигӣ ва ҷамъиятии устод Раҷабов У. Н. борҳо қадрёбӣ гардида, бо Нишони Фахрии КМ ИУҶЛҶ (ЦК ВЛКСМ) барои меҳнати пурсамар дар отрядҳои студентони бинокор (1987), Унвонҳои “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2000), “Меъмори Фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2010), ҷоизаи “Медали тиллоии Иттифоқи меъморони Тоҷикистон” (2013), Сипосномаи Раиси шаҳри Душанбе (2016) ва чандин Ифтихорномаҳои вазорату идораҳои гуногун мукофотонида шудааст.
Ӯ ҳамчун роҳбари дурбину кордон тамоми маҳорат ва истеъдоди хешро баҳри ба сатҳи баланд бардоштани ҷараёни таълиму тарбия, пурқувват гардонидани базаи моддӣ-техникӣ, пешравии корҳои илмию тадқиқотӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос равона намудааст. Натиҷаи он аст, ки имрӯз дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ва берун аз марзи он, шогирдони устод дар соҳаҳои гуногуни илмию эҷодӣ, сохтмонию истеҳсолӣ, ҳукуматӣ ва давлатӣ суботкорона фаъолият доранд.
Мо, шогирдон ва ҳамкасбон, Устодро бо ҷашни фирӯз – 70 солагии зодруз ва 50 солагии фаъолияти меҳнатиашон аз самими қалб табрику таҳният хонда, ба ӯ пеш аз ҳама, саломатии бардавом, хушбахтӣ, бурдбориҳои илмию эҷодӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем.
Мавлуди ту табрик ба ҷон, эй устод!
Пандат шунавад халқи ҷаҳон, эй устод!
Сад сол бизӣ, саломату шод бизӣ!
Бо бахту саодати ҷавон, эй устод!
Коллективи кафедраи
“Меъмории биноҳо ва иншоот”