Дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ озмуни “Полиграфисти беҳтарин” бахшида ба эълон шудани соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2018-2022 оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва таъбу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи матбуоти тоҷик” миёни донишҷӯёни кафедра барои соли 2020 бо муввафақият ҷамъбаст шуд.

Рафти озмун аз ҷониби комиссия идора ва назорат гардид.

Раиси комиссия н.и.т., дотсент, мудири кафедра Равшанов Д.Ч., аъзоён: муовини декани факултети Технологияи инноватсионӣ оид ба илм Тошев М.Т., н.и.т., муаллими калони кафедра Сафаров Б.С., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Акрамов С.С., муаллими калони кафедраи менеҷменти истеҳсолӣ Сафаров А.А., ассистенти кафедра Маҳмадуллоев Р.З., котиби озмун Хоҷаназаров Х.М., котиб-оператори кафедра Саидов Н.Б., Каримов А.А. танзимгари шуъбаи таълим, донишҷӯёне, ки барои иштирок ариза супоридаанд ва донишҷӯёни кафедра ширкат доштанд.

Ҳар як иштирокчии озмун маводи худро пешниҳод ва доир ба он баромад намуданд.

Ҳайати коммиссияи озмуни “Полиграфисти беҳтарин” баромадҳои донишҷӯёнро ба назар гирифта, барои қадрдонии ғолибони озмун бо ифтихорнома ва сипосномаи декани факултети Технологияҳои инноватсионӣ қарор карданд. Мувофиқи қарор ифтихорнома барои ишғоли ҷойи аввал ба донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи 470201А, Мирзозода Файзулло, ифтихорнома барои ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи 4-юми гурӯҳи 470201, Одинамамадов Ҷаҳонгир Шанбеевич, ифтихорнома барои ишғоли ҷойи сеюм ба донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи 470201, Саидов Қаландаршо Расулович, сипоснома барои иштироки фаъолона ба донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи 470201, Достиев Манучеҳр Зафарович, сипоснома барои иштироки фаъолона ба донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи 470201, Довудзода Ҷонибек Зуҳурбек; сипоснома барои иштироки фаъолона ба донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи 470201, Муҳаммадиев Муҳаммадҷон Собирҷонович сазовор дониста шуд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Leave a Comment