Шириншоҳ Шоҳтемур муборизи ҷонфидо буд. Ш. Шоҳтемур (1899-1937) — (дар таърихи ИҶШС чун Шотемор машҳур аст) – яке аз арбобони машҳури ҳизбӣ ва давлатии шӯравӣ, аз ташкилкунандагони асосии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд ёфтааст. Маълумотро дар Донишгоҳи меҳнаткашони Шарқ дар Маскав (соли 1929 гирифтааст. Мактаби меҳнати педагогиро хатм карда, дар курси педагогӣ дар Тошканд таҳсил намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро Шириншоҳ дар синни 13-солагиаш дар хоҷагии отряди марзбонии Помир оғоз кардааст. Аз соли 1914 то соли 1918 дар депои роҳи оҳани Тошканд, чун коргар дар заводи Иванов кор кардааст. Аз соли 1919 дар Тошканд коргар буд. Соли 1921 ба сафи РКП (б) дохил шуд. Солҳои 1921-1924 раиси кумитаи инқилобӣ дар Помир, инструктори КМ ҲК (б) Тоҷикистон буд. Соли 1921 Шириншоҳ Шоҳтемур дар нонтақсимкунии уезди Хуҷанд ширкат кард ва ҳамон сол ӯ дар ҳайати сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ ба Помир фиристода шуд. Ӯ то соли 1923 чун раиси Кумитаи Инқилобӣ кор карда, пас аз рафтани раис Т.М. Дяконов аз соли 1922 раиси сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ низ буд. Солҳои 1923-1924 Шоҳтемур чун инструктори зершуъбаи аққалияти миллатҳои КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон фаъолият кардааст. Дар як вақт ӯ сексияи коммунистии тоҷикро роҳбарӣ кардааст.

Просмотреть запись

Шириншоҳ Шоҳтемур муборизи ҷонфидо буд. Ш. Шоҳтемур (1899-1937) — (дар таърихи ИҶШС чун Шотемор машҳур аст) – яке аз арбобони машҳури ҳизбӣ ва давлатии шӯравӣ, аз ташкилкунандагони асосии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд ёфтааст. Маълумотро дар Донишгоҳи меҳнаткашони Шарқ дар Маскав (соли 1929 гирифтааст. Мактаби меҳнати педагогиро хатм карда, дар курси педагогӣ дар Тошканд таҳсил намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро Шириншоҳ дар синни 13-солагиаш дар хоҷагии отряди марзбонии Помир оғоз кардааст. Аз соли 1914 то соли 1918 дар депои роҳи оҳани Тошканд, чун коргар дар заводи Иванов кор кардааст. Аз соли 1919 дар Тошканд коргар буд. Соли 1921 ба сафи РКП (б) дохил шуд. Солҳои 1921-1924 раиси кумитаи инқилобӣ дар Помир, инструктори КМ ҲК (б) Тоҷикистон буд. Соли 1921 Шириншоҳ Шоҳтемур дар нонтақсимкунии уезди Хуҷанд ширкат кард ва ҳамон сол ӯ дар ҳайати сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ ба Помир фиристода шуд. Ӯ то соли 1923 чун раиси Кумитаи Инқилобӣ кор карда, пас аз рафтани раис Т.М. Дяконов аз соли 1922 раиси сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ низ буд. Солҳои 1923-1924 Шоҳтемур чун инструктори зершуъбаи аққалияти миллатҳои КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон фаъолият кардааст. Дар як вақт ӯ сексияи коммунистии тоҷикро роҳбарӣ кардааст.

Солҳои 1925-1927 комиссари халқии Инспексияи коргару деҳқон ва ваколатдори КМ ҲК (б) ҶШС Узбакистон ва ҶШС Тоҷикистон буд. Амалиёти нобудсозии босмачиён ва шарикони онҳоро дар Тоҷикистон роҳбарӣ кардааст. Аз соли 1929 котиби масъули вилоятии ҲК (б) Тоҷикистон дар Узбакистон буд.

Ш. Шоҳтемур яке аз ташкилотчиёни созмондиҳии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Мухтори Тоҷикистон ба шумор рафта, барои ин мақсад бисёр кӯшиш ва қувва, ҳатто ҳаёти худро додааст. Соли 1924 дар Тошканд ҳангоми қайди аввалин дар таърихи ҳокимияти Тоҷикистон Ш. Шоҳтемур Комиссари халқии инспексияи коргару деҳқон ва ваколатдори комиссияи Назорати марказии ҲК (б) Узбакистон дар Тоҷикистон таъин гардида буд. Ғайр аз кори асосӣ Шоҳтемур муваққатан вазифаҳои комиссари халқии молия, раиси комиссияи кӯмаки байниҳами ҳизбиён ва роҳбарии сегонаи бурдани реҷаи иқтисодӣ дар ҷумҳуриро низ иҷро мекард. Соли 1927 Шоҳтемур чун намояндаи доимии ҶШСМ Тоҷикистон дар ҶШС Узбакистон кор кард. Дар ҳамон вақт ӯ ба Донишгоҳи меҳнаткашони Шарқ дар Маскав фиристода шуд. Дар конференсияи дуюми ҳизбии вилоятии Тоҷикистон (рӯзҳои 3-10 феврали соли 1929) Шоҳтемур ғойибона аъзои кумитаи ҳизбии вилоятӣ интихоб шуд. Пленуми якуми Кумитаи ҳизбии вилоят ӯро котиби масъул (якум)-и Кумитаи ҳизбии вилоятии Тоҷикистон интихоб кард.

Шоҳтемур дар ҳамроҳкунии округи Хуҷанд ба Тоҷикистон ва ташкилкунии ҶШС Тоҷикистон саҳми бузург гузоштааст.

«Ҳоло, — навиштааст ӯ соли 1929 ба нишонии Бюрои сиёсии КМ ҲКУ (б) (ЦК ВКП (б)), — мо махсусан масъалаи ба Тоҷикистон ҳамроҳ кардани округи Хуҷандро кӯндаланг гузоштаем, ки алҳол дар ҳайати Узбакистон қарор дорад ва он пурра ба манфиати сиёсию иқтисодии Тоҷикистон ва ин округ аст».

Ӯ ҷасурона дар назди Бюрои сиёсии КМ ҲКУ (б) масъалаи ҷудокунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳайати ҶШС Узбакистон чун ҷумҳурии мустақил гузошт. Дар Съезди якуми муассисони ҲК (б) Тоҷикистон аз 6-15-уми июни соли 1930 Шоҳтемур котиби дуюми КМ ҲК (б) Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 1932 бо талаби боисрори Ш. Шоҳтемур ӯ барои таҳсил ба Донишкадаи профессураи сурхи Маскав фиристода шуд. Аммо моҳи декабри соли 1933 ӯ аз таҳсил бозхонд шуда, раиси Президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон интихоб мешавад. Дар ин мақоми баланд ӯ то июни соли 1937 кор кард. Солҳои 1930-1933 чун котиби дуюми КМ ҲК (б) Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз соли 1933 раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон ва яке аз раисони КИМ ИҶШС буд.

Ш. Шоҳтемур дар давраи кор доимо дар органҳои роҳбарикунандаи ҳизбу шӯравӣ интихоб шудааст, солҳои 1925-1934 аъзои Шӯрои миллатҳои КИМ ИҶШС буд. Соли 1937 бо гунаҳкорсозии қалбакӣ (хабаркашӣ) барои иштирок дар тӯҳмати беасос ҳамчун иштирокчии амалиёти миллатгароёни зиддишӯравӣ дар Маскав ба ҳабс гирифта шуд. 21-уми октябр ҳайати мушовараи ҳарбии Суди олии ИҶШС ӯро ба ҳукми қатл маҳкум кард ва 27-уми октябри соли 1937 ӯ ба қатл расонда шуд. Вай дар қабристони Дони Маскав дафн шудааст. 11-уми августи соли 1956 ҳайати мушовараи ҳарбии Суди олии ИҶШС ӯро сафед намуд.

Бо медали КИМ ҶШС Тоҷикистон «Барои мубориза бо босмачигарӣ» (соли 1930), ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (соли 1935), бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов пас аз вафот бо ордени «Дӯстӣ» (27.08.1999), бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» (9.09.2006) сарфароз гардидааст.

Бо пешниҳоди Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо номи Шириншоҳ Шоҳтемур номгузорӣ гардид. Инчунин Президенти кишвар ба Вазорати фарҳанг супориш дод, ки соли 2010 дар шаҳри Маскав дар назди оромгоҳи ӯ лавҳаи хотиравӣ гузошта шавад.

Дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ ҳайкали ин марди фидоӣ гузошта шуд.

 

***

Иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба ифтихори ҷашни 110-солагии зодрӯзи Шириншоҳ Шоҳтемур, 20-уми октябри соли 2009

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯз мо бо Шумо – намояндагони аҳли зиё, шахсони барӯманди мамлакат ва меҳмонони арҷманд ба муносибати таҷлили 110-умин солгарди яке аз муборизони ҷонфидо ва поягузорони давлати миллии тоҷикон, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ҷамъ омадаем.

Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо самимона табрик мегӯям. Воқеан, Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки дар ибтидои асри ХХ рисолати таърихии хешро дар назди миллат ва тақдири ояндаи он дарк намуда, тамоми қуввату дониш ва нерӯи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст. Ӯ аз рӯзгори пуртазоду пурихтилоф сабақ андӯхта, ҳамчун шахси матиниродаву донишманд, инсони оқилу дурандеш, сиёсатмадори барҷаставу ташкилотчии моҳир ба камол расидааст.

Баррасии аснод ва маъхазҳои мавҷуда нишон медиҳад, ки дар он марҳалаи басо тақдирсози таърихӣ зимомдорони давр ва як зумра шахсони ғаразнок бо ҳамдастии баъзе афроди ноогоҳ ва шахсиятҳои бегонапараст адолати таърихиро поймол намуда, мехостанд дар масоили шинохти миллият ва шумораи аҳолӣ манфиатҳои миллӣ ва иҷтимоиву иқтисодии тоҷиконро пушти по зананд.

Ҳадафи ин сиёсати шовинистӣ аслан тахрибу маҳвсозии асолати миллӣ, инкори ҳастии миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон буд.

Вале як қатор фарзандони огоҳу бедордили миллат, аз қабили Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев, инчунин сарварони сиёсии равшанфикру ватандӯст – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Нисор Муҳаммад ва дигарон дар чунин даврони печидаву сангин ба пуштибонии миллат ва ҳифзи манфиатҳои он бархостанд. Ин шахсони ватандӯсту дурандеш, ки зимоми роҳбариро дар он замон бар дӯш доштанд, бар зидди ҳама гуна равияҳои зиёновари миллатгароиву ҷудоиандозӣ мардонавор мубориза мебурданд ва силсилаи иқдомоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро барои таҳкими арзишҳои милливу суннатии тоҷикон ва бунёди давлату давлатдории мардуми худ амалӣ мекарданд. Дар байни чунин мардони мубориз Ш. Шоҳтемур низ дар он даврони ниҳоят ҳассосу пурихтилоф ба хотири ташкили зиндагии нави халқи тоҷик фидокорона заҳмат мекашид ва яке аз фаъолони дигаргунсозии ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон ба шумор мерафт. Барпо намудани сохти нави иҷтимоӣ дар он солҳо дар Осиёи Марказӣ бо душворӣ сурат мегирифт. Зеро аз як тараф муҳорибаҳои шадид дар байни қувваҳои гуногун ба рушди ҳаёти нав монеаи ҷиддӣ эҷод карда, аз сӯйи дигар қаҳтиву гуруснагӣ ва ҳисси нобоварӣ нисбат ба сохти нави иҷтимоӣ торафт қувват мегирифт.

Таҳти таъсири ҷараёнҳои тундрави замона на танҳо пешбарандагони ғояҳои шовинистӣ, балки баъзе намояндагону зиёиёни бегонапарасти халқи тоҷик низ фаъолият мебурданд ва мехостанд мавҷудияти миллати қадимтарини хешро зери шубҳа гузоранд. Дар чунин даврони душвору пуртазод ва муборизаҳои шадиду хатарноки сиёсӣ Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Нисор Муҳаммад ва ҳамфикрони онҳо ба хотири дифоъ аз манфиатҳои мардуми тоҷик як силсила иқдомоти ҷавонмардонаро амалӣ карданд. Бузургии ин мардони майдони сиёсат аз он иборат буд, ки онҳо бо ҷасорат тавонистанд дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аз имкониятҳои марҳалаи аввали таҳкими давлати Шӯравӣ ба фоидаи миллати худ истифода баранд.

Дар ин росто бояд гуфт, ки муборизаи тоҷикон барои эҳёи давлату давлатдории худ дар он айём моҳиятан набарди адолатхоҳонаи сиёсӣ буд. Ҳамчунин дар хотир бояд дошт, ки дар он замон муқовимат кардан бо роҳбарони манфиатпарасту гуруҳҳои миллатгаро хеле душвор буд.

Ш. Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ дар ҷараёни фаъолияти хеле кӯтоҳашон тавонистанд заминаи асосии ташаккули ҳаёти навро гузошта, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ ҳимоя намоянд. Дар ин давра як раванди пуршиддати тоӣикбадбинӣ шуруъ гардида, доираҳои муайян ба ҳар васила мехостанд фаъолияти мактабу таълимгоҳҳоро ба забони тоҷикӣ маҳдуд созанд, нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои дарсиро бо ин забон боздоранд. Дар чунин вазъи душвору ногувори ҳаёти мардуми тоҷик Ш. Шоҳтемур бо номаи муфассали худ таҳти унвони «Дар бораи аҳволи маданӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон» ба унвони роҳбарияти ҳамонвақтаи Шӯравӣ муроҷиат менамояд.

Ҳарчанд ки ин иқдоми ватанхоҳона дар оғоз беҷавоб монд, вале баъдан аз ҷониби Бюрои Осиёимиёнагии ҳизби болшевикон фикру андешаҳои асосноки дар мактуби Ш. Шоҳтемур баёншуда маъқул дониста шуданд.

Дар он замони мураккабу душвор, ки ҷараёнҳои мухталифи сиёсии миллатгаро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт қувват гирифта буданд, ба таври ошкоро ва боҷуръатона барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик садо баланд кардан аз ҷониби Ш. Шоҳтемур худ қаҳрамонӣ буд. Ӯ ҳамчун роҳбари дурандеш асли инкишофи самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва муносибати байни қавму миллатҳоро дар арҷгузорӣ ва эҳтироми фарҳангу анъана ва урфу одати халқҳои маскуни минтақа, инчунин таҳкими дӯстии байни онҳо меҳисобид. Баъди таъин гардиданаш ба вазифаҳои гуногуни ҳизбиву давлатӣ Ш. Шоҳтемур ғояи дӯстии халқҳо ва ҳамаҷониба мустаҳкам намудани онро асоси фаъолияти роҳбарии худ қарор дод. Ин шахсияти далеру равшанзамир ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ дар кадом сатҳе, ки фаъолият мебурд, ба кадом вазифае таъин ё интихоб мешуд, бо ҷиддияти том барои ҳалли масоили мавҷудаи ҳаётӣ ва ташкили давлати мустақили тоҷикон ҳамаҷониба кӯшиш менамуд. Маҳорати баланди ташкилотчигии ӯ ҳангоми адои вазифаҳои душвор дар ҷорӣ намудани арзишҳои нави ҳаёти иҷтимоӣ, барҳам додани бесаводии омма, наҷот додани аҳолӣ аз гуруснагӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, рушди заминаҳои фарҳанги миллӣ, таҳкими мақому манзалати зан дар ҷомеа, бунёди сохторҳои маориф, рушди хизматрасонии тиббӣ ва монанди инҳо баръало зоҳир мегардид.

Фаъолияти фидокоронаи Ш. Шоҳтемур ва ҳамсафонаш бо эълон гардидани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон вусъати тоза ёфта, барои ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон равона гардида буд. Дар он солҳои душвор барои дар Душанбе ҷойгир сохтани муассисаҳои давлатӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Танҳо бо талошу заҳматҳои халқи меҳнатқарини тоҷик ва фарзандони фидокору фарзонаи миллат пойтахти навини Тоҷикистон шаҳри Душанбе марҳала ба марҳала обод гардид.

Ш. Шоҳтемур ҳамчун арбоби сиёсӣ хуб дарк менамуд, ки бе пуштибониву дастгирии аҳли зиё ва неруҳои маънавию зеҳнӣ, ҳамчунин бе интишори рӯзномаву маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ маънӣ ва моҳияти сохти нави иҷтимоиро ба мардуми тоҷик пурра фаҳмонидан аз имкон берун аст. Ӯ дар баробари поягузорони матбуоти тоҷик – устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Сайидризо Ализода, Аббос Алиев, Нисор Муҳаммад ва дигарон дар масъалаи таъсис ва нашри рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Деҳқони камбағал», «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Шуълаи инқилоб», инчунин дар нашри китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» саҳми арзанда гузоштааст.

Фаъолияти пурсамари ӯ дар ин самт баъди таъин гардиданаш ба мансаби Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон дучанд меафзояд. Ш. Шоҳтемур дар ҳалли мушкилоти умдаи ҳаёти мардуми мамлакат ва баланд бардоштани обрӯю эътибори ҷумҳурӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ медод.

Фарҳанги баланди сиёсӣ, донишу таҷрибаи хуби кордонӣ ва муносибати самимонаи инсонии ӯ барои ҳамкасбону ҳаммаслаконаш намунаи ибрат буд. Ӯ ҳамчун роҳбари покзамиру ватанпарвар ба хубӣ дарк мекард, ки рушди босуботу ҳамаҷонибаи мамлакатро бе тарбияи кадрҳои болаёқату босаводи миллӣ тасаввур кардан амри маҳол аст.

Бо сарварии ӯ нақшаҳои муҳими интихоб ва тарбияи кадрҳои миллӣ таҳия шуда, барои амалӣ гардидани онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардид.

Дар солҳои 1931-1932 барои тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд донишгоҳҳои муаллимтайёркунӣ ва баъдан Донишгоҳи кишоварзӣ таъсис ёфтанд, ки то имрӯз фаъолият доранд.

Саҳми Ш. Шоҳтемур дар гиромидошт ва тарғибу ташвиқи ному мероси нобиғаҳои дурахшони фарҳанги мардуми мо – шоирону олимони забардасти миллат низ сазовори ёдоварист. Бо вуҷуди маҳдудияту мушкилоти замон ӯ дар паҳлӯи Садриддин Айнӣ ва Лоҳутӣ истода, соли 1934 ҷашни 1000-солагии бузургдошти шоири оламшумули тоҷику форс Абулқосими Фирдавсиро баргузор менамояд. Ҳадафи асосии ин ҷашн, пеш аз ҳама, тарғиби ғояҳои волои худшиносиву ҳуввияти миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва қаҳрамониҳои бемислу монанди ниёгони сарбаланди мо дар масири таърихи чандҳазорсолаашон буд, ки дар он рӯзҳо ҳамчун мактаби бузурги қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба миллати фарҳангии тоҷик хизмат намуд.

Ш. Шоҳтемур ба ҳайси раиси комиссияи таҳия ва қабули Конститутсия ва Нишони давлатӣ дар саргаҳи ташаккули қонунгузории ҷумҳурӣ қарор дошта, дар эҷоди Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои муҳими дигар фаъолияти пурсамар бурдааст. Ӯ ба хотири риояи талаботи қонун ва ҷорӣ гардидани қонуният дар ҳаёти ҷомеа кӯшишҳо ба харҷ дода, барои решакан кардани ҳама гуна амалҳои номатлуб ва қонуншиканиҳо мубориза мебурд. Маҳз эҳсоси масъулияту ҷуръати беандозааш буд, ки ӯ моҳи марти соли 1937 аз минбарҳои баланд ба муқобили вайронкунии қонуният, поймолкунии ҳуқуқи инсон ошкоро сухан ронда, беасос маҳбас шудани як қатор ходимони ҳизбиву давлатиро сахт маҳкум мекунад. Ин иқдоми ҷасурона, албатта, беҷавоб намонд ва дере нагузашта, худи Шириншоҳ Шоҳтемур, ки қалби ҷавонаш саршор аз меҳру муҳаббати самимӣ ба халқу Ватанаш буд, қурбони дасисабозиҳои сиёсии замон гардид. Вале ӯ дар тӯли умри кӯтоҳу ибратомӯзаш тавонист, ки дар китоби зиндагиномаи миллат саҳифаҳои дурахшонеро сабт намояд.

Шириншоҳ Шоҳтемур барҳақ фарзанди ҷонфидои миллат ва Меҳани худ маҳсуб мешавад. Ин марди муборизу қавиирода аз танқиду фишори бегонапарастон ва душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик наҳаросида, ҷасурона манфиатҳои халқу миллаташро ҳимоя мекард. Ӯ аз тоҷик будани худ ифтихор дошта, аз рушду нумӯи Ватанаш меболид. Агар тақдир ба ин шахсияти фидоиву нотакрор тараҳҳум мекард ва ӯ дар айни камолоти умр қурбони ғаразу туҳмати даврони сиёсати шахспарстӣ намешуд, боз корҳои зиёдеро ба нафъи халқу Ватанаш анҷом медод.

Зиндагии ибратомӯз ва фаъолияти бунёдкоронаи ӯ бо тамғаи туҳматомези «душмани халқ» зери шубҳа монда, солиёни дароз ном ва кору пайкори қаҳрамононааш ба забон гирифта намешуд. Номи мубораки ин марди фидоӣ баъди нуздаҳ соли маргаш сафед карда шуда, кору пайкори ватанхоҳона, симои сиёсӣ, маданияти роҳбарӣ ва тафаккури давлатдории ӯ аз нав зинда гардид.

Дуруст гуфтаанд, ки ҳарчанд қаҳрамонони миллат бар асари беадолатиҳои замон муддате ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд, вале боз чун офтоби зиёбахш тулуъ хоҳанд кард. Имрӯз дар замони истиқлолияти Тоҷикистони азизамон орзую омол ва ормонҳои наҷиби Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсангарону ҳамнабардонаш мақому манзалати хоса пайдо карда, барои наслҳои имрӯзаву оянда чун тимсоли олии фидокорӣ ва мактаби ибратомӯзи ватанпарварию миллатдӯстӣ хизмат менамояд. Дар даврони истиқлолияти милливу давлатӣ търихи халқи тоҷик аз назари тоза мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, корнамоиҳои фарзандони барӯманду ҷонфидои миллат, ки дар радифи устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров қарор доштанд, бо мукофотҳои олии Ватан сазовор гардиданд. Мардуми сарбаланди тоҷик дар қатори фарзандони бузурги худ бояд номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо сипос ба забон гиранд ва кору пайкор ва заҳматҳои кашидаи ӯро ба хотири Ватан ва халқ фаромӯш насозанд.

Дар даҳсолаи охири асри ХХ ба сари халқу Ватани мо ҳодисаҳои мудҳишу фоҷиабор таҳмил гардида, барои саркӯбсозии миллати тоҷик ва мисли ҳангомаҳои даврони Шириншоҳ Шоҳтемур кӯшишҳои баршикастани давлату давлатдории миллии тоҷикон дар либоси дигар ба ҷилва омад. Аммо таҷрибаи талхи таърихӣ ва ақлу заковати фитрии халқи мо имкон доданд, ки дар муддати кутоҳ сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пирӯз гардида, кулли сокинони мамлакат ба эъмори давлати соҳибистиқлоли навин ва ба тақозои замони муосир ҷавобгӯ шуруъ намоянд. Итминони комил дорем, ки кору пойкор ва меҳри фарзандони сарсупурдаи миллат, ки мисли Шириншоҳ Шоҳтемур ҳастии хешро барои сарсабзии миллат ва пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бахшидаанд, асрҳои аср дар дили халқ боқӣ мемонад.

***

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов 27-уми июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик, собиқ раиси Президиуми КИМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур барои фаъолияти бунёдкоронаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар поягузории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

 

Leave a Comment