Модар, эй латифтарин гули бустони ҳастии ман! Нафасҳои ту бӯйи биҳишт медиҳад, зеро ту худ биҳиштиӣ, Модар! Биҳишт зери пойи туст. Ту муҷаллотарин ситорае ҳастӣ, ки ман дорам.

Модар, ту олиҳаи покиву зебоӣ, муҳаббату садоқат, инсофу шафқат ва раҳму меҳр ҳастӣ. Ҳамеша аз гулу гиёҳ пойандоз доштию аз одобу дониш сарандоз. Беҳуда нест, ки тамоми адибони дунё хостанд дар васфат беҳтарин суханҳоро баён созанд, аммо то имрӯз ягон адиб дар офариниши симои ту худро муваффақ наҳисобидааст. Ҳатто биҳиштро зеро қудумат донистаанд.

Дар дилам меҳри хуше дорам, ки меҳри модар аст,

Меҳри модар аз ҳама меҳри ҷаҳон волотар аст.

Ҷони худ созам фидои номи некат модарам,

Хизмататро ҳамчу фарзанд ман ба ҷо меоварам.

Модар, эй латифтарин гули бустони ҳастии ман! Нафасҳои ту бӯйи биҳишт медиҳад, зеро ту худ биҳиштиӣ, Модар! Биҳишт зери пойи туст. Ту муҷаллотарин ситорае ҳастӣ, ки ман дорам.

Модар, ту олиҳаи покиву зебоӣ, муҳаббату садоқат, инсофу шафқат ва раҳму меҳр ҳастӣ. Ҳамеша аз гулу гиёҳ пойандоз доштию аз одобу дониш сарандоз. Беҳуда нест, ки тамоми адибони дунё хостанд дар васфат беҳтарин суханҳоро баён созанд, аммо то имрӯз ягон адиб дар офариниши симои ту худро муваффақ наҳисобидааст. Ҳатто биҳиштро зеро қудумат донистаанд.

Дар ҳақиқат, модар, бузургӣ!

Охир, ту нигаҳдорандаи шамъи равшани ҳар хонадонӣ. Маҳз ту бо меҳру муҳаббат метавонӣ хонаҳоро гарм, дилҳои сардро нарм, сари хамро боло, чашми намро пок ва дили пурғамро шод гардонӣ.

Худоё, ман дар васфи ин муъҷизаи офаридаат оҷизам. Чӣ гуна васф кунам он шабҳоро, ки ман хоб будаму ӯ бедор, ман хобу ӯ дар фикри дунёи ман, дар фикри фардои ман. Ман ғофил зи дунёи хешу ӯ огоҳ зи дунёи ман. Садои модар ошнотарин каломест, ки ба гӯши ман медарояд. Аллаи ту, модар, суруди нахустини зиндагии ман аст. Ман дилтангиҳоямро дар оғӯши гарми ту фаромӯш кардаам ва ту аз овони кӯдакиям бо садои нарму форамат, бо аллаҳои нозпарварат дар қалби кӯчакам меҳри сухан гуфтанро парваридаӣ.

Модар саҳфа ба саҳфа сафои китоби зиндагӣ аз таваллуд то марг аст. Модар, яъне шамъ, яъне табассуми гаронбаҳо дар оинаи рӯзгорон. Модар сапедии рӯзро дар ту мебинам, покии ҳақиқатро дар андоми ту тамошо мекунам, туро сипос мегӯям тамоми умр.

Бинозам ҳиммати волои модар,

Ба қурбони қади болои модар.

Тану ҷону сару поям фидо бод,

Ба роҳи сабри ҷонфарсои модар.

Назокат Шоева,

Шаҳрбону Оддиева,

устодони кафедраи забонҳои

ДТТ ба номи акад.М.С.Осимӣ

Leave a Comment