Тоҷикистони мо пас аз ба истиқлоли комил расидан мутаассифона бо дасти хоҷагони берунӣ ва раҳгумии иддае аз мансабхоҳони дохилӣ ба кашмакашиҳои нангин рӯ ба рӯ омад ва кишвари мо аз ҳар ҷиҳат ба даҳсолаҳо ақиб монд ва насли имрӯза бояд бидонад, ки ноиттифоқӣ миллатро ба чӣ рӯзҳое мерасондааст. Хушбахтона, фарзандони баору номуси тоҷик бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки кишварро аз ин варта раҳо бахшанд ва ваҳдату осоиштагиро дар ҷомеаи мо барқарор созанд…
Тоҷикистони мо пас аз ба истиқлоли комил расидан мутаассифона бо дасти хоҷагони берунӣ ва раҳгумии иддае аз мансабхоҳони дохилӣ ба кашмакашиҳои нангин рӯ ба рӯ омад ва кишвари мо аз ҳар ҷиҳат ба даҳсолаҳо ақиб монд ва насли имрӯза бояд бидонад, ки ноиттифоқӣ миллатро ба чӣ рӯзҳое мерасондааст. Хушбахтона, фарзандони баору номуси тоҷик бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки кишварро аз ин варта раҳо бахшанд ва ваҳдату осоиштагиро дар ҷомеаи мо барқарор созанд…
Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки кишвари мо давоми муддати на чандон тӯлонӣ ба дастовардҳои назаррасе комёб гаштааст, ки мардум орзуи ба онҳо расиданро мекард. Ва хушбахтона ормонҳои деринаи мардум амалӣ гардид, ки ин ҳама аз истиқлоли Ватан аст. Сарфароз аз онем, ки Тоҷикистони моро имрӯз дар арсаи байналмилалӣ чун давлати соҳибистиқлол бештар аз 100 давлати сайёра шинохта ва эътироф кардааст. Болотару волотар аз ҳама боз ин аст, ки кишвари мо рӯз аз рӯз ободтару зеботар ва зиндагии мардум беҳтар мегардад. Агар ба ҳар гушаи Ватан, ки назар наандозем, хоҳ деҳоти дурдаст бошад ё шаҳри азим дар ҳама ҷо кор ҷӯш мезанад ва мардум ба бунёдкориву созандагӣ сару кор доранд. Ин ҳама пешравию ободкориҳо магар бе дастёбии ваҳдату оромӣ муяссар мегардад? Албатта, не. Зеро дар кишваре, ки нооромӣ ҳукмфармо бошаду мардум аз ҳам ҷудо, ҳеҷ гоҳ зиндагии гуворо пойдор набошад…
Миллати мо имрӯз ба қадри сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ ва кишвари бузургаш-Тоҷикистон мерасад ва намегузорад, ки нохалафе осоиштагиашро халалдор созад. Бо вуҷуди он ҳама оромию осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат, баъзан ба чашм мерасад, ки иддае аз ҷавонони ноогоҳи мо фирефтаи гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва хоҷагони хориҷӣ шуда ба роҳи хато пой мениҳанд, ки барои онҳо оқибати нек надорад. Ба касе пӯшида нест, ки имрӯз дар баъзе аз кишварҳои ба мо дур ё наздик чи ҳодисаҳо рух медиҳанд ва мардуми бегуноҳ ба чи азиятҳо гирифтор аст. Дур намеравем Афғонистони ҳамсояи мо ё Сурия ё Ироқ…ро бигирем. Магар мардуми ин кишварҳо оромию осоиштагиро намехоҳанд?! Мехоҳанд, вале гурӯҳҳои ба ном террорист ва экстремисту тахрибкор…мақсадҳои касифи худро пиёда карданӣ шуда, ба куштор ва тахрибкориву вайронкорӣ даст мезананд. Бояд ҷавонони мо ва дар маҷмӯъ мардуми кишвари мо хуб дарк ва эҳсос намоянд, ки Тоҷикистон ватани сулҳу ваҳдат аст ва намегузорад, ки гурӯҳ, ҳаракат ва ё шахси дилсиёҳе ин дастовардҳои моро халал диҳад ё ба харобкорӣ даст занад… Махсусан ба онҳое, ки ба роҳи террористӣ мераванд ва ё ҳаводори амали эсктремисту террористонанд…
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш — таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Намудҳои терроризм инҳо мебошанд: 1. терроризми сиёсӣ, 2. терроризми динӣ, 3. терроризми миллӣ ва 4. терроризми ҷиноӣ.
Терроризми сиёсӣ- аъзоёни ин гурўҳҳо бо ҳадафҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ё иқтисодӣ дар дохили ин ё он давлат вазъияти ба худ муносибро ба миён оварда, муносибатҳои байнидавлатиро вайрон намуда, тартиботи ҷории байналмилалиро халалдор менамоянд.
Терроризми динӣ- бо кўшишҳои гурўҳҳои яроқбадаст тасдиқ ва водор намудани эътирофи дини террористон ва дар як маврид суст намудану маҳв намудани дини дигарон мебошад.
Терроризми миллӣ-барои гурўҳҳои этникии худ ҳадафҳои ташаккули давлати ҷудогонаро пайгирӣ менамояд. Тарафдорони он ҳадафҳои худро «озодии миллї» меноманд.
Терроризми ҷиноӣ-дар асоси ягон навъи тиҷорати ҷиноӣ (тиҷорати маводди мухаддир, савдои ғайриқонунии яроқ ва ғайра) бо мақсади ба вуҷуд овардани беҳокимиятӣ ва шиддатнок кардани авзоъ, вақте ки эҳтимоли ба даст овардани фоидаи зиёд пешбинӣ мешавад, ҳамчунин бо мақсади тарсондани онҳое, ки ба ҷиноятгарон ба гирифтани арзишҳои моддиашон халал эҷод мекунад, аз он ҷумла рақибони тиҷоратиашон ташаккул меёбад.
Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар яки мо, аз ҷумла мо омузгорон ин аст, ки шогирдонамонро дар рӯҳияи ватандустӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва содиқ будан ба раҳнамуниҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбия намуда, нагузорем, ки онҳо ба роҳи хато рафта фардо мушкил ба волидон ва аз ҳама бештар ба ҷомеа эҷод кунанд.
Дар Паёми имсолаашон Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масъалаи доғи руз-терроризм ва экстремизм иброз доштанд, ки:
“Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад”.
Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд.
Хусусан баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ҷуғрофиёи амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошӯравӣ роҳ ёфтанд. Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур, яъне падидаи сиёсишавии ислом, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломӣ барои муҳаққиқони ҷомеашиноси тоҷик аз он сабаб зарур мебошад, ки тавассути он мо бо ин падидаҳои нави диниву сиёсӣ “аз наздик шинос шуда”, характери аҳдофи диниву сиёсии онҳоро дуруст баҳо дода метавонем.
Мисоли равшани чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии Тоҷикистон бегона ва хатарнок Ҳизби таҳрир ва Салафия мебошанд, ки дар даҳсолаҳои нахустини замони истиқлолият бо ин ё он роҳ ба кишвари мо ворид шуда, набзи ҳаёти диниву сиёсии кишварамонро халалдор мекарданд.
Яъне ифротгароӣ аз рӯйи мазмун динӣ ва дунявӣ, аз рӯйи зуҳурот ҳудудӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ шуда метавонад. Нигоҳи ифротгароӣ хеле решаи чуқур дошта, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад. Терроризм низ яке аз шаклҳои мураккабтарини он ба ҳисоб меравад.
Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза Ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.
Аз таҷрибаи ташаккули тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм дар гузашта то қадри имкон маълум шуд, ки он падидаи манфии сиёсӣ буда, ҷаҳони имрӯзаро ба худ нигарон намудааст. Ин падидаҳои манфӣ бо ҳам робитаҳои сабабӣ доранд, чунки тундгароӣ омили пайдоиши ифротгароӣ буда, дар навбати худ сабаби пайдоиши тазоҳуроти террористӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.
Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фарогатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни накдиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва игвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.
Ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст.
Шарипов Наҷибулло Неъматуллоевич,
ассистенти кафедраи забонҳои
ДТТ ба номи акад. М. С. Осимӣ.