Гармчашма — чашмаи минералӣ воқеъ дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Ишкошими Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад. Гармчашма чашмаи табиӣ буда, дар масофаи 42 км дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Шохдара, дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Тадқиқоти илмии Гармчашма аз ибтидои асри 20 маншаъ мегирад. Оби чашма барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, системаи асаб, аъзои такяву ҳаракат, амрози занона ва пӯст (псориаз, экзема, невродермит, хориши пӯст, склеродермия, ихтиоз, шукуфаи сурхи паҳн, парапсориаз ва ғ.) муфид аст. Онро дар шакли обзан (ванна)-ҳои умумӣ истифода мебаранд. Баъзан вобаста ба таъинот барои табобати ҷузъӣ низ истифода бурдан мумкин аст.

Оби Гармчашма аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ва хосиятҳои физикӣ ба обҳои курорти Истису (Озарбойҷон), Пятигорск, Железноводск, Хайдусабосло ва Харкани (Венгрия) шабоҳат дорад, вале бо зиёд будани миқдори гидрогенсулфид ва кислотаи силикат дар он бартарият дорад. Оби минералӣ аз байни ҷинсҳои қадимии кристаллию метаморфӣ фаввора зада, чанд ҳавзачаҳои табииро ба вуҷуд меорад ва ҳарорати об дар ҳавзачаҳо аз 38 то 50 дараҷаи селсӣ мебошад. Ҳарорати об ҳангоми баромадан аз найзачаҳо ба берун қариб ба 62 дараҷаи селси мерасад. Таркибаш натрий (700 мг/л), калий (75,0 мг/л), калсий (132 мг/л), магний (32,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (1629 мг/л), хлоридҳо (404 мг/л), сулфатҳо (161 мг/л), кислотаҳои силикат (196 мг/л), метаборат (32,0 мг/л), ангидриди озоди карбон (500 мг/л), гидрогенсулфиди озод (170 мг/л), гази карбонати ҳалшуда (380 – 500 мг/л), ҳамчунин микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол (оҳан, алюминий, магний, фтор ва стронсий) дорад. Бинобар зиёд будани минералнокӣ оби чашма аз тарқишҳо берун баромада, шуша мебандад. Дар натиҷаи ба кристаллҳо табдил ёфтани калтсий чандин обзан (ванна)-ҳои табиии хурду калон ба вуҷуд омадаанд.

Соли 2010 бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи шифохонаи пешина маҷмааи табобату сайёҳии «Гармчашма» бунёд гардид. Маҷмаа аз 5 бинои нави иловагӣ, варзишгоҳ, иншооти табобатию фароғатӣ, меҳмонхонаи замонавии «Сомон ТМ», майдончаҳои баскетбол, волейбол, теннис, ҷойи офтобдиҳии бадан ва амсоли он иборат аст. Бо имкониятҳои фароҳамовардашуда дар Гармчашма дар як давраи қабул, ки то 12 рӯзро дар бар мегирад, то 150 нафар ба солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Маҳз хусусиятҳои шифобахшиву афсонавии чашма таваҷҷуҳи сайёҳонро аз манотиқи гуногуни хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ҷалб месозад. Ҳамасола сайёҳон аз хориҷи дуру наздик ва худи аҳолии кишвар баҳри тамошои муъҷизаи ин минтақа омада, ҳамзамон саломатии хешро барқарор месозанд.

Бознашр аз сомонаи https://nbt.tj/

Leave a Comment