ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ!
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ» қабули довталабонро барои идомаи таҳсилот (рӯзона, фосилавӣ), таҳсилоти дуюми олӣ, магистратура ва докторантураи PhD барои соли таҳсили 2020 — 2021 эълон менамояд.
Қабули ҳуҷҷатҳо дар марҳилаҳои зерин сурат мегиранд:
— таҳсилоти дуюми олӣ аз санаи 20 июн то 20 августи соли 2020;
— идомаи таҳсилот, магистратура ва докторантураи PhD аз 1 июл то 10 августи соли 2020.
Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод ба Комиссияи қабул:
- ариза ба номи ректор;
- ҳуҷҷат дар бораи маълумот ё диплом (нусха ва аслӣ);
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
- 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
- шиноснома (нусха ва асл);
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (нусха ва асл);
- дигар ҳуҷҷатҳои иловагӣ.
Суроғаи Комиссияи қабул: шаҳри Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо, 10. Тел.: (+992 37) 227-02-45, E-mail: dovtalab@ttu.tj, Web: www.ttu.tj