ТАВАҶҶУҲ!
Тибқи дархости Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ» ташкил ва баргузор намудани имтиҳонҳои қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) -ро эълон менамояд.
Муҳлати баргузории имтиҳонҳои мазкур аз 1 то 8-уми июли соли 2020 муқаррар гардида, даври иловагии он (барои довталабоне, ки дар марҳалаи иловагӣ, аз 15 то 30 – юми июн аз қайд мегузаранд ё аз нав номнавис карда мешаванд, инчунин довталабоне, ки дар даври асосии ин имтиҳонҳо иштирок карда наметавонанд) рӯзҳои 9 ва 10 июл сурат мегирад.
- Машваратҳо санаи 29.06.2020 (аз фанни Расмкашӣ) ва санаи 30.06.2020 (аз фанни Нақшакашӣ) аз соати 10:00 то 12:00 дар бинои асосии Донишгоҳ баргузор мегарданд;
- Довталабон барои супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус мувофиқи ҷадвали имтиҳонот ба Донишгоҳ соати 7:00 ҳозир шуда, бо худ шиноснома, даъватномаи ММТ ва расид (квитанция) барои қабули имтиҳони мазкур дошта бошанд;
- Барои супоридани имтиҳон аз фанни Расмкашӣ довталабон бояд бо худ қаламҳои сиёҳ (на кам аз 2 дона) ва хаткуркунак дошта бошанд;
- Барои супоридани имтиҳон аз фанни Нақшакашӣ ҷадвал, секунҷа, паргор (сиркул) ва дигар лавозимоти нақшакашӣ дошта бошанд;
- Довталаб бояд бо сару либоси расмӣ ба машварат ва имтиҳон ҳозир шавад.
Суроғаи Комиссияи қабул: шаҳри Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо, 10. Тел.: (+992 37) 227-02-45, E-mail: dovtalab@ttu.tj, Web: www.ttu.tj