Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар фазои тантанавӣ соли таҳсили 2020-2021 ҳусни оғоз бахшида шуд.
Дар ибтидо дар толорҳои маҷлисгоҳ ва лексионии донишгоҳ ба таври дастаҷамъона Дарси сулҳ – суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамошо карда шуд.
Дар маҷлиси тантанавӣ Қодирзода Д.Б. – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода А. – подполковники милитсия, сардори шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раёсати донишгоҳ, устодон ва 160 нафар донишҷӯён ширкат намуданд.
Бо садо додани суруди миллӣ маҷлис оғоз шуд. Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. устодону донишҷӯён ва махсусан он нафароне, ки ҳамин сол сазовори номи пурифтихори донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон гардиданд, самимона муборакбод намуда, ба ҳамагон дар роҳи омӯзиши касбу ҳунар ва илму адаб бурдбориҳо орзу кард.

Инчунин меҳмонони олиқадре, ки дар маҷлиси тантанавии имрӯза иштирок карданд, бо баромадҳои пурмуҳтавои худ ҷавононро ба хониши аъло, рафтори намунавию ватандӯстӣ даъват намуданд.
Ёдрас мешавем, ки имсол бо паҳншавии пандемияи Covid-19 соли таҳсили 2019-2020 барвақттар ҷамъбаст гардида, оғози соли таҳсили нави 2020-2021 бо дастур ва супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 17-уми август муқаррар карда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.