Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаласаи Ситоди донишгоҳӣ доир ба пешгирӣ аз паҳншавии пандемияи Covid-19 доир гардид. Дар рафти ҷаласа доир ба ҳолати гирифторшавии инсоният ба ин беморӣ дар ҷаҳон ва таъсиру сироятёбии мардуми Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. иштирокдоронро бори дигар ҳушдор дод, ки нисбат ба чораҳои безараргардонӣ ва риояи талаботи пешгирикунанда ҳушёриро аз даст надиҳанд, ҳар як мутасаддии зерсохторҳои мухталифи донишгоҳ бояд талаботи заруриро риоя ва аз кормандони худ талаб намоянд.

Боиси зикр аст, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии пандемияи Covid-19тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар тамоми биноҳои таълимӣ моддаҳои безараргардонӣ пурра таъмин гардидааст. Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷониби устодон, кормандон ва донишҷӯён риоя карда мешавад.
Ба иштирокдорони ҷаласа – аъзоёни ситоди донишгоҳӣ, сардорони идораву шуъбаҳо ва декани факултетҳо супорида шуд, ки назоратро аз болои риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ ва масофаи иҷтимоӣ пурзӯр намуда, ҳаёти худ ва наздиконро аз ин хавфи беморӣ ҳифз намоянд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.