Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба 30 нафар ятимони кулл ва 10 нафар маъюбон, ки дар қатори донишҷӯёни донишгоҳ таҳсил менамоянд, ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки молиявӣ расонида шуд. Раёсати донишгоҳ бо роҳбарии ректор – Одиназода Ҳ.О. дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои олимони донишгоҳ ин иқдоми хайрхоҳонаро…
Read More
Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ муаллими калони кафедраи “Менеҷменти истеҳсолӣ” САМИЕВ Шамсиддин Файзуллоевичро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд. Самиев Ш.Ф. дар мавзӯи «Рушди чорводории гӯштӣ – асоси ташаккулёбии бозори гӯшт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи 26-уми сентябри соли 2020 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014-и назди Донишгоҳи аграрии…
Read More
Имрӯз дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ идомаи филми “Хиёнат” (қисмҳои 3 ва 4) тамошо карда шуд. Ин тасмим дар ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ гирифта шуд. Дар рафти он Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О., намояндаи КДАМ дар донишгоҳ Ғоибов Ф.Қ., муовинони ректор, сардорони идораҳо, мудирони шуъбаҳо, декани…
Read More
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ҳамоиши байналмилалӣ онлайнӣ бахшида ба садсолагии пажӯҳишгари маъруф ва ходими сиёсиву ҷамъиятӣ Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид. — «Кори имконнопазири имрӯз барои фардо имконпазир хоҳад буд. Мо бояд ҳамдигарро омӯзем, ҳамдигарро дарк кунем, ба расму оин ва суннатҳои ҳамдигар арҷ гузорем, дар он вақт фарҳангҳо дар хидмати…
Read More
Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тариқи он-лайн Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба садсолагии аввалин ректори донишгоҳ, ходими сиёсиву ҷамъиятӣ Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳии Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. чорабинӣ оғоз ёфта, доир ба ҳаёту фаъолият ва нақши ин абармарди миллати тоҷик дар таърихи навини тоҷик, эҳёи суннатҳои…
Read More
Рӯйдодҳои муосир сиёсатмадорон, олимон ва мутахассисонро водор намудааст, ки ба тадбирҳои мавҷудаи таъмини амнияти биологӣ ва сатҳи некуаҳволии беҳдоштӣ – эпидемиологии аҳолӣ бо диди наву равиши тоза муносибат намоянд. Имрӯз ҳеҷ як кишвари ҷаҳон ба танҳоӣ наметавонад дар сатҳи кофӣ бо таҳдиди биотерроризм муқобилият намояд. Дар тамоми ҷаҳон низоми тандурустии ҷамъиятӣ дар ҳадди имкониятҳои худ…
Read More
Устод завқи баланд доштанд. Аз ҳунари нотакрори шоирон, сарояндагон, рассомон ба ваҷд меомаданд. Шеъри зиёд аз ёд медонистанд. Шеърҳои дӯстдоштаашонро ба такрор мехонданд, ба атрофиён низ аз ёд мекунониданд. Ҳатто ба он ҳунармандоне, ки ҷаҳонбиниашон ба афкори эшон мувофиқ набуд, меҳрубониву дилсӯзиро дареғ намедоштанд. Саховате бедареғ мисли офтоб доштанд. Мусиқиро хеле дӯст медоштанд, аммо дилбастагиашон…
Read More
Дар замони муосир масъалаҳое ба вуҷуд омада истодааст, ки башариятро заҳролуд гардонида, ба гирдоби хун мекашад ва ин баҳри ноустувории ҷомеа ва амнияти ҳар як кишвари тозаистиқлол, ба хусус кишвари мо заминагузор мебошад. Мутаасифона техника ва технологияи коммуникатсионии замони муосир дар баробари ҷанбаҳои мусбат, инчунин ҷанбаҳои манфии худро нишон медиҳанд. Баъзе аз хоинон ва ҳизбу…
Read More
Пеш аз оне, ки дар бораи муқовимат бо коррупсия сухан ронем мо бояд муайян намоем, ки худи коррупсия чист ва чи оқибатҳоро ба бор оварда метавонад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухарониҳояшон зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қайд намудаанд, ҳанӯз дар аҳди бостон…
Read More