ар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии факултети Сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Миралиев Э. – устоди ДМТ, Самадзода И. – муовини сардори Раёсати сабти ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бадалзода М. – подполковники милитсия, сардори шуъбаи кор бо ноболиғони ШКД-и н. Шоҳмансур, Амиров Т.Ш. – омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, муовинони ректори донишгоҳ, деканони факултетҳои донишгоҳ, устодон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии факултети Сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Миралиев Э. – устоди ДМТ, Самадзода И. – муовини сардори Раёсати сабти ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бадалзода М. – подполковники милитсия, сардори шуъбаи кор бо ноболиғони ШКД-и н. Шоҳмансур, Амиров Т.Ш. – омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, муовинони ректори донишгоҳ, деканони факултетҳои донишгоҳ, устодон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Ҷаласаро муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия – Ашурзода А.Н. кушода эълон намуд ва доир ба ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ҳангоми интихобот ва раъйпурсӣ гуфта гузашт. Инчунин муовини ректор тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию миллатпарастӣ, худогоҳии миллию зиракии сиёсӣ амри ҳатмӣ ҳисобида, ҷавонро ба сӯйи ояндаи дурахшон ва зиндагии некуаҳволона ҳидоят намуд. Баъд аз он сухан ба ҳар як намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Бо маърӯзаҳои худ Миралиев Э. – устоди ДМТ доир ба амнияти сиёсӣ ҳангоми баргузории интихобот, нақши ҷавонон дар баргузории тинҷу осудаи ин маъракаи сиёсӣ, Самадзода И. – муовини сардори Раёсати сабти ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Консепсияи сиёсати ҳуқуқии шаҳрвандон, принсипҳои овоздиҳӣ, овоздиҳии пинҳонӣ, бевосита ва демократӣ, Бадалзода М. – подполковники милитсия, сардори шуъбаи кор бо ноболиғони ШКД-и н. Шоҳмансур дар бораи нақши ҷавонони фаъоли мамлакат дар татбиқ ва амалисозии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти гурӯҳи ҷавонони фаъол – “ Авангард”-и назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амиров Т.Ш. – омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ доир ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамчун ҷомеаи тамаддунофар, соҳибихтиёр ва замонавӣ баромад карданд.

Пас аз баромади намояндагон устодон ва донишҷӯён бо саволҳои бешумори худ муроҷиат намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Leave a Comment