Имрӯз дар бинои таълимии факултети Сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаласаи навбатии ситоди донишгоҳӣ нисбат ба пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 баргузор гардид. Дар ҷаласа Ашурзода А.Н. – муовини ректор оид ба тарбия, муовини сардори ситод, аъзоён – Саъдуллозода Ш.С. – муовини ректор оид ба таълим, Сатторова М.Қ. – мудири шӯъбаи ташкилию тарбиявӣ, Маҳмадизода М.М. – декани факултети ТИ, Алибаева М.М. – декани факултети М ва КН, Нарзулоев С. – декани факултети ТИ ва К, Хуҷаев П.С. – декани факултети С ва М, Гадоев С.А. – декани факултети ДМТБ-ДТТ, Давлатшоев Р.А. – декани факултети Нақлиёт, Қасобов Л.С. – декани факултети Энергетикӣ, Акрамов С.С. – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон, котиби ситод, мудирони кафедраҳои факултети С ва М, ТИ ва К иштирок намуданд.

Ашурзода А.Н. – муовини сардори ситод қайд намуд, ки дар ҷаласаи ситоди шаҳрӣ маълумот нисбат ба кормандон ва донишҷӯён, наворҳо оид ба надоштани ниқоб мавҷуд мебошад. Вобаста ба ин масъала кормандон ва донишҷӯён тибқи варақаи огоҳонӣ нисбат ба риояи чорабиниҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19, доштани ниқоб ва маводи антисептикӣ риоя гардидани ҳолатҳои санитарию гигиенӣ дастуру супоришҳои сардори ситод ба ҳозирин манзур карда шуд. Таъкид гардид, ки дар ҳолати риоя нагардидани талаботи ҷорӣ, надоштани маводи антисептикӣ, ниқоб ва риоя нашудани ҳолатҳои санитарию гигиенӣ мувофиқи қонгузории амалкунанда ҷазо дода мешавад.
Дар ҳолати назорат тавассути камераҳои назоратӣ ва ошкор гардидани иҷро нашудани талаботҳои ҷорӣ нисбати саркашӣ намудани устод ва донишҷӯ ҷазоҳои маъмурӣ андешида мешавад. Ҳар яки моро зарур аст бетараф набошем ва талаботи пешгирикунандаи ин бемориро риоя намоем.
Дар ин робита Алибаева М.М., Саъдуллозода Ш.С., Маҳмадизода М.М. ва дигар иштирокдорон баромад намуданд.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳои баррасигардида, ҷаласаи ситоди донишгоҳӣ қарорҳои дахлдор қабул кард.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.