Мактабу маориф дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили пешрафт ва сутуни асосӣ барои пойдории давлату миллат ба ҳисоб меравад. Хушбахтона пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ҳисобида, ислоҳот ва ба меъёру талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани низоми таҳсилотро тақозои замон ва саривақтӣ донистанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқоти худ бо кормандони соҳаи маориф чунин таъкид намуда буданд: «Маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯза яке аз мушкилоти ҳаётӣ ва глобалии асри ХХІ мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваҷҷуҳи хос ва масъулияти баланд муносибат намоем».
Мактабу маориф дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили пешрафт ва сутуни асосӣ барои пойдории давлату миллат ба ҳисоб меравад. Хушбахтона пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ҳисобида, ислоҳот ва ба меъёру талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани низоми таҳсилотро тақозои замон ва саривақтӣ донистанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқоти худ бо кормандони соҳаи маориф чунин таъкид намуда буданд: «Маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯза яке аз мушкилоти ҳаётӣ ва глобалии асри ХХІ мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваҷҷуҳи хос ва масъулияти баланд муносибат намоем». Андешаҳои хирадмандонаи ин марди наҷиб барои тарбия ва ба камол расонидани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, зиракии сиёсӣ ва бохабар будан аз техникаю технологияи муоссир басо бузург мебошад. Қабули барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» айни муддаост. Омӯзгорони литсейи техникӣ барномаи мазкурро сармашқи кори худ намуда, новобаста аз вазъиятҳои ташвишовари бемории сироятии COVID-19 барномаи таълимии фанниро ба пуррагӣ иҷро намуданд. Ҳоло дар литсейи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ хонандагон пурра ба таҳсил фаро гирифта шуда, омӯзгорон аз пайи фаъолиятанд. Соли таҳсили 2019 – 2020 бо кордонӣ ва ташаббусҳои созандаи маъмурияти литсей бомуваффақият анҷом ёфт.
Ман ҳамчун омӯзгор соли чорум аст, ки дар литсей фаъолият дорам ва роҳбари синфи 11-и “В” бар зиммаам буд. Ҳамроҳи ин хонандагон 2 солро сипарӣ намудем. Дар дарсҳои тарбиявӣ оид ба интихоби дурусти касб суҳбат карда, тарзи андешаронӣ ва оянда ба кадом касбу ҳунар рағбат доштани хонандагони синфро ба волидайн расонидам. Қаблан ҳар гуна камбудие, аз тарафи хонандагон сар мезад, албатта падар ё модари онҳоро ҳамон лаҳза воқиф мегардонидам. Хонандагони сустхон ба дарсҳои иловагӣ дар мувофиқа бо волидайнашон таъмин мешуданд. Ин гуна усулҳои таълиму тарбия муваффақиятҳои чашмрасро ба миён овард. Албатта, барои ноил шудан ба комёбиҳо дар бобати таълим ва тарбия саҳми директори литсей Ҳ. Шарифов ва муовинон А.С. Раҳмонов ва Т.И. Қаҳоров низ назаррас аст. Дар баробари ин дар литсей омӯзгорони ботаҷриба, аз қабили Шакарбеков Қ.С., Саидова М.Ё., Нарзуллоев З.Ф, Аминов Ҳ., Тураев А., Алиев У.А., Назармамадова С., Ҳусейнзода Х., Мирсангинова С., Муминова Д.Н., Шокирова Р. аз фанҳои математика, нақшакашӣ, химия, физика, технологияи иттилоотӣ ва асосҳои барномасозӣ, биология ва география, ҳуқуқи инсон, забони англисӣ, забон, адабиёти рус ва забони тоҷикию адабиёти тоҷик дарс мегӯянд. Ҳамин тавр, имсол аз 20 нафар хатмкунандагони синфи 11-и “В” Абдуллоева С., Ғуломов А., И.Р. Қосимӣ, Муминов М., Назриев Ш., Ортуқов И., Пиров Ҳ., Раҷабов Ҳ., Раҳимов Р., Раҳимов Ш., Сайфуллоев М., Табаров Ш., Хоразмов М., Шарипов С. ва Холов М. ба ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дохил шуда, сазовори номи донишҷӯ гардиданд. Дар байни онҳо А. Ғуломов ба ихтисоси 143010505, И. Ортуқов ба ихтисоси 1530105, Р. Раҳимов ба ихтисоси 170040201 ва Ш. Табаров ба ихтисоси 1530105-и донишгоҳ ба таҳсили ройгон шомил шуданд. Хатмкунандагони дигар синф: Мухаков М. ба Донишгоҳи миллӣ, Сафаров Ф. ва Мусоев М. ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон тариқи ройгон қабул шуданд. Муминов А. ва Зокирӣ А. ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия дохил шуданд. Хулоса, ҳамаи хонандагони як синф сазовори номи донишҷӯйиро соҳиб гардиданд. Мо омӯзгорони литсей аз муваффақиятҳои хонандагони номбурда баробари волидайнашон рӯҳбаланд буда, онҳоро барои дохил шудан ба донишгоҳҳои олӣ табрику таҳният мегӯем. Бузургии муаллим дар он аст, ки ӯ ғамгусори беҳтарин, сафобахшанда дар рӯйи Замин ва диҳандаи илму адаб бар насли наврас аст. Ман ҳамчун омӯзгор ҳамеша аз комёбиҳои шогирдони худ шод ҳастам. Аҳсан ба шогирдоне, ки гуфтаҳои устодонро амалӣ менамоянд.
Раъно Шокирова – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики литсейи техникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ