Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати соҳибтамаддуни тоҷик аст, ки 29 сол муқаддам ҳамчун муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи халқи тоҷик сабт ва расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт инҷониб ин санаи муборак барои миллати мо иди муқаддас ҳисоб мешавад.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати соҳибтамаддуни тоҷик аст, ки 29 сол муқаддам ҳамчун муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи халқи тоҷик сабт ва расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт инҷониб ин санаи муборак барои миллати мо иди муқаддас ҳисоб мешавад.

Ин неъмати бебаҳо баробари ба даст овардан ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ, осоиштагиву абадият, меҳру вафо ва садоқат ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Бо вуҷуди овардани муҳити мусоид барои ҳалли масъалаҳои дохилии кишвар самти асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, ҳимоя ва таъмини манфиатҳои олии давлат ва миллатамон дар арсаи байналхалқӣ дар маркази ин сиёсат буд, ҳаст ва мемонад. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба муқаддасоти миллӣ, таъриху маданият ва арзишҳои миллат муносибати навро тақозо мекунад. Тарбияву саводноккунонии ҳар шаҳрванди шоистаи Ватан мақсади асосии соҳаи маориф буда, тавассути ташаккули ҳисси ватандустӣ, эҳтироми муқаддасот ва омӯзиши таърихи қадими халқ, истифодаи самараноки комёбиҳои илми муосир ба даст меояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият бидуни душвориҳо ва ноҳамвориҳои роҳи тараққиёт дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем. Албатта, беҳуда нест, ки ин қишри ҷомеаро чун ояндагони миллат ва сутуни нигаҳдорандаи арзишҳои давлати миллӣ этироф намудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти мо – ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлат, ояндасози имрӯзу фардои ватананд.

Давлати мо яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30 сола ташкил менамояд) дар дунё ба шумор рафта, аксари аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо неруи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Дар шароити муосир танҳо доштани неруи ҷисмонӣ барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он дарди сари як давлату ҳукумат шуда метавонад. Аз ин лиҳоз, неруи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Яъне вақте ин маҷмӯи бузург аз миқдор ба сифат гузарад, ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ “Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор”. Танҳо доштани лашкари зиёд кофӣ нест, балки муттаҳид, боазму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани ҷавонон мавриди ифтихору шарафмандӣ, таҳсину офарин мебошад.

Мо ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки Тоҷикистон – Ватани азизамонро чун гавҳараки чашм парварида, дар ободу гулгулшукуфоӣ ва дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намудани он саҳми худро мегузорем.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои Истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Айдаралиева М.Д.

Leave a Comment