Таърихи навини бунёди давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ба давраи бозсозии сохти шӯравӣ ва аз қабули як қатор Эъломияҳо дар бораи соҳибихтиёрии давлатҳои ҶШС рост меояд. Эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми августи 1990 қабул шуда, 9-уми сетябри соли 1991 дар сессияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Маҳз бо шарофати соҳибихтиёрии давлатиаш Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 1992 ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шуд. Роҳбарияти давлату ҳукумат дар маҷлисҳои Ассамблеяи Генералии СММ на фақат иштирок, балки аз минбари он аз пайдоиши давлати нав, аз нақшаю мароми он, аз сиёсати дохилию хориҷии он ахборот доданд.

Таърихи навини бунёди давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ба давраи бозсозии сохти шӯравӣ ва аз қабули як қатор Эъломияҳо дар бораи соҳибихтиёрии давлатҳои ҶШС рост меояд. Эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми августи 1990 қабул шуда, 9-уми сетябри соли 1991 дар сессияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Маҳз бо шарофати соҳибихтиёрии давлатиаш Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 1992 ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шуд. Роҳбарияти давлату ҳукумат дар маҷлисҳои Ассамблеяи Генералии СММ на фақат иштирок, балки аз минбари он аз пайдоиши давлати нав, аз нақшаю мароми он, аз сиёсати дохилию хориҷии он ахборот доданд.

Бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Ҳарчанд ки истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд. Дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад.

Инак тӯли бисту нӯҳ соли истиқлолият бо пайгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати милл – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати софдилонаи халқи ватандӯсту меҳанпарварамон дар роҳи расидан ба рушди соҳаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Қадами таърихие, ки дар самти барқарории рукнҳои давлатдории миллӣ дар ин давра сурат гирифт, қабул ва ба арзишҳои меҳварии умумимиллӣ табдил ёфтани Нишони давлатӣ ва Парчами давлати ҷавону соҳибистиқлоли мо буд. Дар ҳамин асос Шӯрои Олии Тоҷикистон 28-уми июни соли 1991 “Дар бораи рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул кард. Ба зудӣ комиссияҳои махсус барои таҳияи Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва матни Суруди миллӣ ташкил карда шуданд. Барои тайёр кардани матн ва оҳанги Суруди миллӣ, таҳияи Парчам ва Нишони давлатӣ озмуни ҷумҳуриявӣ эълон карда шуд.

Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шуд. Пӯшида нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди он олимон ва аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод карданд. Парчам, ки имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст, бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни мардуми мо аст, яъне тамоми арзишҳои миллию таърихии моро ифода мекунад. Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб мешавад. 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олӣ Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Тибқи асноди мазкур Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Ҳукумати мамлакат, судҳои ҷумҳурӣ, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонҳо, нуқтаҳои гумрукии марзи давлатии Тоҷикистон насб карда мешаванд. Парчами давлатӣ, инчунин дар нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Сарвазир, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяншудани ҳукумати ҷумҳурӣ афрохта мешавад. Таснифи намунавии Парчами давлатӣ ин аст, ки он рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад. Тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилият, ҳафт ситора ишора ба ҳафт иқлими ҷаҳон, ҳафт бародарон, ҳафт қабати осмон мебошад ва ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият ва ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқ ва ранги сабз рамзи саъю кӯшиш ва заҳмати халқ баҳри сарсабзиву хуррамии кишвар аст. Шоирон барои дарки амиқи рангҳои ин муқаддасот ҳар ранги онро ба риштаи назм кашидаанд.

Соли 2008 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ, гиромидошту арҷгузории ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24-уми ноябр чун Рӯзи Парчам эълон гардид ва инак дувоздаҳ сол мешавад, ки мо онро чун воқеаи фараҳбахш таҷлил менамоем. Таҷлили Рӯзи Парчам дар замири ҳар як фард эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлолу озодиро афзун мегардонад. Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастӣ ва ифтихори миллии моро ифода мекунад. Парчаме, ки гувоҳи истиқлолият, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост.

Бо таваҷҷуҳ ба ин метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз қабули Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ амалан пурраю комил гардид. Ин тадбирҳо имкон дод, ки мо ислоҳоти сиёсию конститутсиониро оғоз намоем, ҷиҳати таҳкими пояҳои Истиқлолият аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламонро қабул кунем.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои Истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшида, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд.

Дар давоми се соли ниҳоят сангин бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки бевоситаи худи мардуми кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, муҳокима ва қабул гардид, ки яке аз дастовардҳои беназири замони истиқлолият мебошад. Ҳанӯз шонздаҳ сол муқаддам – рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллии мо нақши сарнавиштсоз дорад.

Дар ин рӯз халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд. Боиси ифтихор аст, ки қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад ва аз ҳамон рӯзи саид то имрӯз мардуми мо ин санаи тақдирсозро ҳамасола чун яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлативу сиёсӣ бо шукӯҳу тантана таҷлил менамояд.

Тавре дар муқаддимаи Конститутсияи Тоҷикистон зикр шудааст, халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон, бо эҳсоси масъулияти амиқ дар назди наслҳои гузашта, ҳозираву оянда ва муқаддас шуморидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи таърихии худ эълон намуд.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид. ғояҳои башардӯстонаи он инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз барҷастатарин намунаҳои фарҳангии ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории Сосониёну Сомониён ва мероси бузургони таъриху адабиёти аз ҷониби умум эътирофгардидаи мо сарчашма мегиранд. Дар баробари ин Конститутсияи мо аз таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё низ баҳраи фаровон гирифтааст. Беҳуда нест, ки он аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст.

Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид. Ин иқдоми таърихӣ ҳама гуна андешаҳои бадхоҳони миллати тоҷикро, ки ба қудрати мардуми мо барои зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифтан шубҳа мекарданд, ботил гардонид.

Дар айни ҳол Конститутсия давлати навини тоҷиконро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуда, азми қатъии моро дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон ва роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои байнидавлатиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муқаррар намуд. Конститутсия дар баробари эътирофи як қатор арзишҳои давлатдории ҷаҳони муосир, аз қабили сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои таъсис ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ заминаҳои зарурии ташкиливу ҳуқуқиро фароҳам овард.

Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд. Яъне дар мазмуну муҳтавои ин санади тақдирсоз роҳи ояндаи давлатдории мустақили мо муайян гардида, асосҳои конститутсионии ташаккул ва инкишофи минбаъдаи он гузошта шуданд.

Дар давоми шонздаҳ сол мардуми Тоҷикистон дар зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ итминон ҳосил карданд, ки Конститусияи мо ифодагари манфиатҳои олии миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Мардуми мо ва махсусан ҷавонон бояд ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ – Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ чун ба муқаддасоти миллати озоду соҳибистиқлоли мо пайваста арҷ гузоранд ва онҳоро гиромӣ доранд.

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад.

Бигзор нуру зиёи истиқлолият то абад роҳи Тоҷикистони азизамонро ба сӯйи ояндаи обод равшан созаду Тоҷикистони маҳбуби мо зери ливои истиқлол ободу зебо ва мутараққиву неруманд гардад.

Ҳусейнов Ш., Самадов Ҳ. – устодони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

Leave a Comment