Устодон ва донишҷӯёни азиз, ҳозирини гиромӣ!
Шуморо бо фарорасии ҷашни фархундаи миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.
9-уми сентябр дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рӯзи ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ сабт гардидааст. Гоҳо аз нохудогоҳе нисбат ба ин неъмат ношукрие эҳсос мекунем, вале мусаллам аст, ки ҳеҷ неъмат бе талош ба даст нахоҳад омад. Истиқлолияти давлатии мо низ дар натиҷаи ҷоннисоркуниҳои бепоёни фарзандони фарзонаи миллат, ки давоми асрҳои тӯлонӣ талошу кӯшиш доштанд, ба даст омадааст. Аз хуни онҳо замини аҷдодӣ лолагун гаштаву пайҷойи қадами онҳо бароямон муқаддас аст. Он орзуҳои неке, ки аҷдодони мо нисбат ба истиқлолият доштанд ва ин орзуҳо ба ормон табдил ёфта буд, бо баробари ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ҷомаи амал пӯшид. Гарчанде чандин маротиба дар арсаи таърих давлатҳои миллии тоҷикон арзи вуҷуд кардааст, давлати навини тоҷикон нигини зебое дар таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Ҳастанд миллатҳое, ки миқдоран зиёданд, вале на соҳиби давлату на соҳиби истиқлолияти хеш ҳастанд. Ба ин метавонем миллати ориётабори курдро мисол оварем ва сари ин масъала боре чуқур андеша намоем, ки миллате чун миллати курд то ба имрӯз бо зиёда аз ҳафтод миллион аҳолии худ наметавонад соҳиби давлати худ ва сарнавиштсози тақдири худ бошад.
Аз ин рӯ, шукрона аз неъмати яздонӣ – Истиқлолияти комили тоҷиконро карда, барои тамоми тоҷикони ҷаҳон намунаи ибрат бошем. Ин бахт насиби тоҷикон гардид ва мо – миллати бостонӣ ба қисмате аз сарзамини аҷдодӣ соҳиб шудем. Гарчанде он масоҳати фарохи аҷдодӣ ҳоло дар ихтиёри мо нест, вале ба ин қисмат ин миллати бузургро соҳиби давлат кардан бахти осмонист ва шукрона аз он, сад шукри Офаридгор!
Мо кӯшишҳои ба ҳам муқобил гузоштани дину мазҳабҳо ва фарҳангу тамаддунҳоро маҳкум мекунем, ҷонибдори гуфтугӯ ва муколамаи судманди онҳо ҳастем, то ки дар сайёраи мо фазои таҳаммул ва ҳамгироии фарҳангҳои мухталиф рӯз аз рӯз устувор гардад. Ин андешаро Президенти давлатамон Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 дар сессияи ҷашнии сивусеюми ЮНЕСКО дар шаҳри Париж таъкид карда буд.
Дар байни миллатҳои мутамаддини олам мисли миллати тоҷик кам халқе вомехӯрад, ки борҳо ба вартаи фаношавӣ наздик шуда, дубора эҳё гардида, баъди ҳар шикасту нокомӣ барои истиқлолияту бақои худ мубориза бурдааст ва аз нав ба зинаҳои баландтари камолот расидааст. Хатари мудҳиши беному нишон гаштан ва ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтан ба миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳои мавҷудияташ на як бору ду бор таҳдид кардааст. Иосиф Сталин – сиёсатмадори давр дар даҳаи адабиёт ва санъати тоҷикон солҳои 40-уми баъди ҶБВ гуфта буд: “Миллати тоҷик аз он миллатҳои куҳанест, ки борҳо аз дасти беадолатиҳои таърих растааст ва танҳо як имконияте кофист, ки аз нав боз эҳё шавад”.
Ормони истиқлол дар ҳамаи давраҳо фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллати тоҷикро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, талқину таҳкими ойини давлатдорӣ, пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлолияти сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар мушкилтарин давраҳои зиндагӣ ба онҳо нерӯву тавон бахшидааст.
Фарзандони шуҷоъ ва хирадманди ниёгони ориёии мо, аз қабили подшоҳони далеру ватанпарвар – Куруши Кабир, Дорои Бузург, Спитамен, Вахшуварт, Канишкои Бузург, Хусрави Анӯшервон, Тоҳир ибни Ҳусайн, Абдуллоҳи Тоҳир, Яъқуби Лайс ва бахусус Исмоили Сомонӣ таҷассумгари барҷастаи руҳи тавонову бешикаст, омезиши ҷасорату иродаи қавӣ, фазилатҳои бузурги сиёсӣ ва инсонӣ ва талошҳои мардона ба хотири давлатсозиву давлатдорӣ ва озодиву истиқлол будаанд.
“Ҳадафи истиқлол бартару волотар аз ғаразу манфиатҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ ва шахсӣ буда, барои тамоми сокинони мамлакат ва хурду бузурги миллат арзиши муқаддас ва бебаҳо мебошад”.
Миллати мо аз таҷрибаи талхи таърихи худ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта сабақи фаромӯшнопазир омӯхтааст. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мо истиқлолияти худро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ваҳдату ягонагӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Дар ин пайвастагӣ коолективи устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ содиқона заҳмат мекашанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шариф ва бонангу номуси Тоҷикистон, инчунин ба ҷавонони боғайрати Ватани соҳибистиқлоламон муроҷиат карда, таъкид менамояд: “Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ танҳо бо дониши комил, ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватанпарастӣ, дарки масъулияти ватандорӣ муяссар мешавад”.
Халқи мо аз оромиву осудагӣ шукрона мегӯяд, истиқлолиятро муқаддас медонад, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастиро волотарин эҳсос мешуморад.
Барои ҳар як фарди миллати мо чи дар гузаштаҳои дур ва чи имрӯз истиқлол ва озодӣ муродифи калимаи зиндагӣ буда, қимати ин мафҳумҳои муқаддас ва ин неъмати бебаҳо бо ҳаёти ширини инсон баробар мебошад.
«Тоҷикистонро кӯчак номидан хатост ва мо ба кӯчак номидан ҳам ҳуқуқ надорем, «сарҳади тоҷик забони тоҷик аст», миллати тоҷик бузургтар аз он аст, ки мо бузургаш меҳисобем» — қайд менамояд Роҳбари тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Эмомалӣ Раҳмон.
Истиқлолият баҳри мо ҳадяи яздонист, Истиқлолият номусу шараф, Истиқлолият меҳру садоқат ба диёри хештан, Истиқлолият соҳиби худ будани мост, Истиқлолият озодии комили мост.
Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак бод!
SHARE THIS: