Сулҳи Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Президенти мо, Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст. Бояд қайд кард, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва талошу заҳматҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки хавфи аз байн рафтани миллати тоҷикро дар солҳои баъд аз ҷанги таҳмилӣ нигоҳ дорад. Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд. Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт.

Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилоти мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Хуб медонанд, ки Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи навбатии президентии соли 2013 ҳангоми савгандёдкунӣ бори дигар иброз дошт, ки ӯ барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард. Бале, ӯ яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати мо барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудии некуаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф мекунад. Дар ҳақиқат, ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст.
Тӯли бисту нуҳ соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани мавсуф кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи ӯст.
Ғафурова Бунафша – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.