Имрӯз бахшида ба 100-солагии ташкилкунанда ва ректори аввалини Институти политехникии Тоҷикистон академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии Саидҷалоли Бадахшонӣ – узви ҷамъияти “Пайванд”, Раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Британия бо роҳбарияти донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур духтари академик Муҳаммад Осимӣ – Сарвара Осимӣ низ ширкат намуд.

Боиси қайд аст, ки имсол 100-солагии академик М.С. Осимӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки мақсад поси хотири ин марди раҳи илму маърифат, раиси аввалини анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – “Пайванд” ба шумор меравад.
Дар рафти вохӯрӣ суҳбат атрофи ҳаёту фаъолияти Муҳаммад Осимӣ, даврони роҳбарӣ дар донишгоҳ, лаҳзаҳои хотирмон бо дӯстону наздикон сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.