Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон АМОНЗОДА Илҳом Темурро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи докторӣ самимона муборакбод мегӯяд.
Амонзода И.Т. дар мавзӯи «Сохторсозӣ ва хосиятҳои хӯлаи алюминий АЖ2.18 бо элементҳои гурӯҳи II-IV-и системаи даврӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.02.01 – Масолеҳшиносӣ 15-уми сентябри соли 2020 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009-и назди ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бомуваффақият ҳимоя намуд.
Раёсати донишгоҳ дар тадқиқоти ояндаи Амонзода И.Т. муваффақият орзу намуда, ба пояҳои боз ҳам баландтари илмӣ расидани ӯро хоҳон аст.

Раёсати донишгоҳ.