Дар замони муосир масъалаҳое ба вуҷуд омада истодааст, ки башариятро заҳролуд гардонида, ба гирдоби хун мекашад ва ин баҳри ноустувории ҷомеа ва амнияти ҳар як кишвари тозаистиқлол, ба хусус кишвари мо заминагузор мебошад. Мутаасифона техника ва технологияи коммуникатсионии замони муосир дар баробари ҷанбаҳои мусбат, инчунин ҷанбаҳои манфии худро нишон медиҳанд. Баъзе аз хоинон ва ҳизбу ҳаракатҳои номатлубе ҳастанд, ки баҳри пиёда сохтани манфиатҳои шахсии хеш аз техника ва технологияи муосир ба монанди интернет васеъ истифода менамоянд, ки инро дар замони муосир бо номи кибертерроризм мешиносанд.

Дар замони муосир масъалаҳое ба вуҷуд омада истодааст, ки башариятро заҳролуд гардонида, ба гирдоби хун мекашад ва ин баҳри ноустувории ҷомеа ва амнияти ҳар як кишвари тозаистиқлол, ба хусус кишвари мо заминагузор мебошад. Мутаасифона техника ва технологияи коммуникатсионии замони муосир дар баробари ҷанбаҳои мусбат, инчунин ҷанбаҳои манфии худро нишон медиҳанд. Баъзе аз хоинон ва ҳизбу ҳаракатҳои номатлубе ҳастанд, ки баҳри пиёда сохтани манфиатҳои шахсии хеш аз техника ва технологияи муосир ба монанди интернет васеъ истифода менамоянд, ки инро дар замони муосир бо номи кибертерроризм мешиносанд.

Вақтҳои охир доираи муҳаққиқон ва олимон бештар истилоҳи кибертерроризмро ҳамчун яке аз шаклҳои имконпазири зуҳуроти таҳдидҳои ғайрианъанавӣ истифода мебаранд. Ҳамин тавр, Молодча Е.Н. изҳор дорад, ки: «Имрӯз террористон барои расидан ба ҳадафҳояшон Интернетро фаъолона истифода мебаранд» [1]. Бо рушди технологияҳои иттилоотӣ, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, кибертерроризм таҳдиди ғайрианъанавии навинест ба амнияти кишварҳо.

Кибертерроризм як шакли хатарноктарин ва навтарини амали террористӣ мебошад, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ аз шабакаҳои электронӣ ва технологияи муосири иттилоотӣ ва компютерӣ васеъ истифода мебарад. Кибертерроризм бештар ба маънои ҳамла ё таҳдид алайҳи рӯёнаҳо, шабакаҳои компютерӣ ва иттилоотии захирашуда фаҳмида мешавад.

Ба андешаи коршиносони Шӯрои Аврупо, танҳо қаллобон тавассути кортҳои қарзӣ солона зиёда аз 400 млн. долларро аз они худ намуда, вайрон намудани ҳуқуқи моликият бошад, ба 255 млн. доллар расидааст. Имрӯз мушкилоти ҷинояти компютерӣ ва кибертерроризм аз доираи назароти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаротар рафта, ба як масъалаи ҷиддии байналмиллалӣ ва давлатӣ табдил ёфтааст.

Ҳамарӯза мо дар дунёи муосир шоҳиди ҳамлаҳо ба воситаи технологияи компютерӣ дар мақомоти давлатӣ мебошем. Имрӯз як қатор созмонҳои террористии ба ном исломӣ барои ғанӣ гардонидани ҳисоби маблағҳои худ аз ин усул истифода намуда, кӯшиши шикастани сомонаҳои муассиссаҳои давлатӣ барои онҳо як амали муқаррарӣ шудааст. Аслан терроризми муқаррарӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ аз силоҳи оташфишони тарканда истифода менамояд, аммо терроризми кибернетикӣ бошад, барои пиёда сохтани ҳадафҳои худ, аз шабакаҳои махсусгардонидашудае, ки барои дастрасии беиҷозат ба системаҳои компютерӣ ва захираҳои иттилоотӣ аст, истифода мебаранд [2]. Интернет манбаи итилоотиест, ки онро тамоми давлатҳо барои рушду инкишоф ва пешрафти зиндагиашон истифода мебаранд. Инфрасохтори миллии ҳар як давлати муосир ба истифодаи навтарин технологияи компютерӣ вобастагӣ дорад. Дар фаъолияти рӯзмарраи давлатҳо аз низоми бонкӣ, энергетикӣ, назорати ҳаракати нақлиёти ҳавоӣ, шабакаҳои нақлиётӣ, ҳатто таҳлили тиббӣ пурра вобаста ба фаъолияти дурусту бехатари системаҳои компютерӣ мебошад.

Дар таърихи инсоният ҳодисаҳои зиёде мавҷуданд, ки ба ҷиноятҳои кибернетикӣ вобастагӣ дорад, масалан соли 1998 дар яке аз беморхонаҳои ИМА як бемор зери ҳимояи ФБР дар ҳолати бемории вазнин қарор дошта, хакерон тавассути интернет ба шабакаҳои локалии клиник ворид гардида, тамоми монеаҳоро нест намуда, дастгоҳҳои кардиологиро (кардиостимулятор), ки барои танзими тапиши қалби бемор гузошта шуда буд, тағйир доданд ва дар натиҷа бемор ба ҳалокат расид.

Имрӯзҳо интернет ба яке аз самтҳои муҳими гузаронидани ташвиқоту тарғибот дар байни гурӯҳҳои террористӣ ба шумор меравад. Одатан ба сифати таҷҳизоти тарғиботиву ташвиқотӣ метавон алоқаҳои мултимедӣ, дастурҳои идеологию амалӣ, эзоҳдиҳӣ ё таблиғи фаъолияти террористӣ ва ғайра дохил мешавад. Инчунин гурӯҳҳои террористӣ ба ин амал метавонанд, ки хабарҳои маҷозӣ, пешниҳодот, маҷаллаҳо, корҳои назариявӣ, аудио, файлҳои видеоӣ, бозиҳои компютерӣ ва дигар воситаҳоро низ васеъ истифода баранд.

Дар кишвари мо солҳои охир истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонии мобилӣ бисёр ҳам ташвишовар гардида истодааст. Мувофиқи маълумоти муовини аввали Раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев дар сомонаи tiroz.org дар Тоҷикистон шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 7 млн. 353 ҳазору 192 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 2,3 млн. нафар бо шабакаҳои интернетӣ пайваст мебошанд. Аксари истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ ҷавонони аз синни 16 то 30-соларо ташкил медиҳад ва онҳо маърифати истифодабарии шабакаҳои интернетиро надоранд. Бояд ҳаминро қайд намуд, ки ҷавонони мо бештари вақти қимати хешро ба истифода шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди Viber, Imo, Odnoklasnik, Facebook, Instagram ва дигар шабакаҳо сарф менамоянд, ки худ намедонанд, дар паси ин шабакаҳо чӣ истодааст. Гурӯҳҳои террористию ифротӣ бошад, аз ин амли ношоистаи онҳо сӯйистифода намуда, ҷавонони гумроҳро ба ҳар роҳу восита ба доми хеш мекашанд.

Дар шароити ҳозира бисёре аз ҳамватанони мо ҳамарӯза аз Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Ҷавонони мо моҳияти бисёр манбаъҳои интернетиро дарк накарда, ба сомонаҳои ташкилоти террористӣ даромада, ба доми фиреби онҳо меафтанд. Ҳолатҳои зиёди ҷалби ҷавонон ба созмонҳои террористӣ барои иштирок дар ҷангҳои Сурия, Ироқ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ҷой доранд. Ғайр аз он, бисёр сарчашмаҳои радикалӣ нигаронидашуда дар Интернет мавҷуданд, ки таблиғоти зӯроварӣ, ҷанг, террор, ҳаёти номатлуб, паҳн намудани фарҳанг ва анъанаҳои бегона, динҳо, ҷараёнҳо ва конфессияҳои нави номаълуми ба касе ношисро пеш мебаранд. Ин яке аз ҷанбаҳои зуҳури ин шакли таҳдиди ғайрианъанавӣ мебошад. Маълум аст, ки илова бар ҳамаи ин террористон ё кибертеррористҳо ба компютерҳо, барномаҳои компютерӣ ва шабакаҳо, бонкҳо, барномаҳои мақомоти гуногуни давлатӣ, заводҳо, корхонаҳои тиббӣ ва кимиёвӣ ҳамлаҳои марговар анҷом дода, маблағҳои калонро талаб карда, маълумоти махфиро азхуд мекунанд, ғайр аз он, неругоҳҳои барқи обӣ ва неругоҳҳои атомӣ, заводҳо, корхонаҳои кимиёвӣ ва тиббиро аз кору фаъолият бароварда, ки дар натиҷа боиси офатҳои экологӣ ва ҳалокати одамон ва ғайра мегардад. Дар аксар ҳолатҳо террористон маълумоти махфиро барои мақсадҳои низомӣ, барои манфиатҳои истеҳсолӣ ва иқтисодӣ истифода мебаранд. Ҳоло дар бисёр кишварҳо кормандони махсус аллакай вуҷуд доранд ё омода мекунанд, ки вазифаи онҳо нобуд кардани сохтори иттилоотии рақибон, несту нобуд кардани техника, мошинаҳо ва таҷҳизоти ҳарбӣ мебошад. Кибертерроризм ва ҳама шаклҳои зуҳуроти он дар ҷаҳони муосир мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад ва мубориза бар зидди он муттаҳидсозии тамоми қувваҳои дохили кишварро тақозо мекунад.

Умуман қайд кардан бамаврид аст, ки кибертерроризм яке аз зуҳуроти номатлуб буда, таъсири он вобаста ба рушди техника ва технологияи муосир меафзояд. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки баҳри бартараф намудани ин амали номатлуб тамоми шаҳрвандон, бахусус ҷавононро зарур аст, ки тамоми неруҳоро истифода намуда, истифодаи бамавриди интернет ва шабакаҳои интернетиро ба роҳ монанд, то ки фирефтаи ҳар ҳизбу гурӯҳҳои номатлуби террористӣ нагарданд.

Адабиёт:

  1. Ronald L.Dick. Issue of Intrusions into Government Computer Networks. http://www.fbi.gov/ congress/ congess01/rondick.htm.
  2. Эндрю Конри-Мюррей. Политика безопасности во времена террора.
  3. Молодча Е.Н. Политика противодействия кибертерроризму в современной России. Политологический аспект. Дисс. канд. полит. наук. М.: 2011. – С. 3-4.

Расулов Ҷ.Г, Тураев Ф. – омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Leave a Comment